МУЛОҚОТИ МАҶОЗӢ БО САРДОРОНИ РАЁСАТҲОИ АГЕНТӢ ДАР ВИЛОЯТҲОИ СУҒДУ ХАТЛОН, МИНТАҚАИ КӮЛОБ ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ бо сардорони раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе оид ба таъмини саривақтии нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ (25 % ва 1 %, инчунин 20 % ва 2 %) тариқи маҷозӣ мулоқот намуданд.
Зикр гардид, ки қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба ҳолати 2 – юми сентябри соли равон се миллиарду 652,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 101,7 фоиз таъмин ва ба буҷети Агентӣ се миллиарду 715,6 миллион сомонӣ ворид гардид. Нишондод нисбат ба нақшаи пешбинигардида 62,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
![]()
Нақшаи маблағҳои андухти нафақавӣ дар ҷумҳурӣ 225 миллиону 151 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, воридоти он 231 миллиону 954,1 ҳазор сомониро ташкил кард, ки иҷроиш ба 103 фоиз баробар гардида, назар ба нақшаи пешбинигардида шаш миллиону 803,1 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Таъкид шуд, ки аз якуми сентябри соли равон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 дарсад зиёд, яъне индексатсия шуда истодаанд. Дар ин маврид ҳаштуми феврали соли равон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид.
Дар охири мулоқот аз тарафи директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод ба сардорони раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе оид амалии фармони мазкур, таъмини саривақтии нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ (25 % ва 1%, инчунин 20 % ва 2 %), ҳамзамон назоратро дар самти хароҷотҳои маблағҳои кумакпулиҳои иҷтимоӣ, варақаҳои корношоямӣ, ҳомиладорӣ, таваллуд ҷонок намуда, сабабҳои асосии зиёдшавии хароҷотҳоро муайян ва маблағҳои барзиёд пардохтшударо ба буҷети Агентӣ барқарор намудан супоришҳои мушаххас дода шуд.
