Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

КОРРУПСИЯ. МОНЕАИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ РУШДИ БОСУБОТ

10 июн 2026, Чоршанбе
0
Муқовимат ба коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.
Дар равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст. Ҳарчанд аҳли ҷомеа бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва амали ғайриқонунӣ доимо дар мубориза омода бошад ҳам, то ба ҳол, чи дар давлатҳои абарқудрат ва чи дар давлатҳои рӯ ба инкишоф коррупсия пурра аз байн нарафтааст. Коррупсия (ришвахӯрӣ) рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум месозад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор ҳам мустаҳкам бошад, батадриҷ хароб мекунад.
Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи беш аз чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гуза-штагони тамаддунофари мо, дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахӯриро, ки яке аз омоли касифи инсонист, зери танқид гирифтаанд. Пас маълум мегардад, ки мубориза бар зидди порахӯриву ришваситонӣ реша бар умқи асрҳо дорад.
Албатта, фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, зуҳури он дар ҳар шакле боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад ва муборизаю муқовимат алайҳи ин зуҳуроти зиддиарзишӣ вазифаи на танҳо мақомоти дахлдори давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар сокини солимақли ин марзу бум маҳсуб меёбад. Хавфнокии коррупсия дар он зоҳир мегардад, ки устувории аҳли ҷомеаро коста гардонда, ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад. То имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нагаштааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад.
Пайдоиши коррупсия ба даврони таназзули ҷамоаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин то замоне рафта мерасад, ки ва-зифаи идоракунӣ имконияти фоидабиниро ба вуҷуд оварда буд. Ин раванд дар ҳар сарзамин бо шеваи хос ҷараён ёфта, онро халқҳои гуногун ба ҳар тарз аз сар гузарондаанд.
Аз нуқтаи назари илмӣ, маҳфум ё худ истилоҳе, ки дар он фаҳмиши ягонаи ин истилоҳ ва ё моҳияти он инъикос ёфта бошад, вуҷуд надорад. Аз нуқтаи назари этимологӣ, истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маънояш «шикастан, пора додан» мебошад. Моҳиятан ин ду калима фаҳмиши коррупсияро муайян намуда, имкон медиҳанд, то ин зуҳурот ба тариқи гуногун шарҳ дода шавад.
Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои хатарзои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии ҷиноятҳо дар ин самт ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он раъйи қавии ниҳоди ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию сиёсӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Перомуни ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар талошҳо оид ба таҳияи механизм ва роҳҳои муассири мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муташаккилона идома доранд.
Дар ин иртибот, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи нави зиддикоррупсионии кишвар – Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ шуд. Тибқи ин фармон, вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо вазифадоранд, ки нақшаву чорабиниҳои зидди коррупсионӣ тартиб дода, дар самти муқовимат ба ин зуҳуроти хатарзо саҳм гузоранд.
Кирдорҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони мансабдор ба иҷрои вазифаҳои давлатии ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз рӯйи ғараз бо мақсади ғайриқонунӣ ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани маблағҳои пулӣ, неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ содир мешавад. Мутаассифона, ҳастанд шаҳрвандоне, ки шахсони мансабдорро ба содир кардани кирдорҳои коррупсионӣ ҳавасманд ва моил мекунанд. Бояд донист, ки ин кирдор низ ҷиноят буда, барои чунин шахсон ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.
Тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», принсипҳои асосии муқовимат ба коррупсия чунин муқаррар шудааст: қонуният; адолат; афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; баробарии ҳама дар назди қонун; шаффофият ва ошкорбаёнӣ; ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд; ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҳамагон шоҳидем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои сиёсӣ аз ин зуҳурот, изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паём (26.01.2021) ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд”.
Як нуктаро бояд гуфт, ки муқовимати беамон бо коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда баҳри ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ фазои мусоид баҳри пешрафти диёрамон фароҳам меорад. Дар ин замина, дар мамлакат корхонаҳои калон ва хурди саноатӣ сохта мешаванд ва ҷавонон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуда, баҳри осудагӣ ва некуаҳволии халқ хизмат мекунанд.
Воқеан, муқовимат ба коррупсия фаъолияти дастаҷамъист ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва, дар маҷмуъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад.
Бинобар ин, ба роҳ мондани ташвиқу тарғиби зиддикоррупсионӣ миёни ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки дар тафаккури ҷомеа мафкураи зиддикоррупсионӣ пайдо шавад. Зеро, боло бурдани савияи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ дар хусуси коррупсия, нишона ва пайомадҳои ҳуқуқии он низ як ҷанбаи муҳиму таъинкунандаи коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ мебошад.