23.09.2021 || 15:18

Дастоварди навбатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияҳои водии Рашт

Ба истиќболи љашни 30 солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон, бо маќсади баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонї ба нафаќагирон ва шахсони ба суѓуртаи давлатии иљтимої љалбгардида, дар ноњияи Тољикобод бинои наву замонавии Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мавриди истифода ќарор дода шуд.

Бино дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, ки љињати иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 20 то 21 сентябр идома дошт, ифтитоњ гардид.

Бинои нави маъмурии Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар ноҳияи Тољикобод бо тарҳи замонавї сохта шуда, аз даромадгоњи васеъ, утоќи калони равзанаи ягона, китобхона, бойгонї, маљлисгоњ ва 4 утоќи корї иборат мебошад.

Дар баробари гузаронидани чорабинии расмии ифтитоњи бинои Агентї дар ноњияи Тољикобод, дирекори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек аз раёсату шуъбањои дигар ноњияњои водии Рашт, аз љумла Маркази минтаќавии бањисобгирии инфиродї ва шўъбаи Агентї дар ноњияи Нуробод дидан намуда, барои таќвияти кор дар низоми суѓуртаи иљтимої ва нафаќа ва ба таври муосир ба роњ мондани тартиби таъйину маблаѓгузории нафаќа супоришњои мушаххас доданд.

50-1

Хонда шуд 1068 маротиб

Дополнительная информация