Таърихи Агентӣ

Баъд аз ба даст омадани истиқлолият дар ҷумҳурӣ ва вобаста ба дигаргуниҳо ва талаботи нав ба соҳаи иҷтимоию иrтисодӣ, зарурати ташкил намудани соҳаи наве ба миён омад, ки мебоист ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар шароити иқтисоди бозоргонӣ таъмин карда тавонад. Бо ин мақсад, моҳи июни соли 1996 дар натиҷаи ба ҳам пайвастани се мақомот: Фонди нафақа, Фонди суғуртаи иҷтимоӣ ва Фонди шуғли аҳолӣ, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996-ўм №278 Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз баррасии масъалаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли 1996 баъд аз қабули қарори №423 Низомномаи Фонди ҳифзи иxтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тарҳрезии идорасозӣ, сохтор ва миқдори умумии коргарон тасдиқ намуд. Мутобиқи Низомнома, мақоми роҳбарикунандаи Фонд то соли 2006 Раёсати Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолb ба ҳисоб мерафт.

Аз соли 2006 бошад, Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №512 аз 30 декабри соли 2005 мақоми роҳбарикунандаи Фонд ҳайати Мушовара тасдиқ гардид. ҳайати Мушовараи Фонд ҳар як чоряки сол маҷлисҳои ҷамъбастӣ гузаронида, фаъолияти идора ва шўъбаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Фондро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, чораҳо меандешад.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаҳои собиқ Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои масъалаҳои вобаста ба ҷамъоварии андози иҷтимоӣ, ба зиммаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд ва дар ин замина, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъсис дода шуд.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 марти соли 2014 №151 Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ба Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дополнительная информация