Хабарҳои Агентӣ
-
Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
-
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сафарзода Ҷ.С. -
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 2 майи соли 2025 №270
ш. ДушанбеДар бораи аз вазифаи муовини вазири меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Нодирӣ Ш.А. -
02.05.2025 11:47Хонда шуд 23 маротиб Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
-
30 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, дар бораи лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази рушди саноатӣ” оид ба амалисозии лоиҳаи “Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода гузориш дод.
-
28-уми апрели соли 2025 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон ва иттилоотонии онҳо аз оқибатҳои зарраровари коррупсия бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ вохӯрии Фаромарз Раҳмонзода, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба амалҳои фасодкорона, пешгирии омилҳои марбут ба он ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ оид ба оқибатҳои манфии коррупсия ҳадафҳои асосии вохӯрӣ буданд.
Дар ибтидо Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ, иброз дошт, ки пайваста дар ҷаласаҳои назоратӣ масъалаҳои мубориза бар зидди зуҳуроти коррупсиониро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. -
25 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика машварати корӣ доир намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи кори машварат баррасии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, хусусан, лоиҳаҳо оид ба кам намудани талафоти неруи барқ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт мебошад.