Сохтори дастгоҳи Марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва Ҳисоббарии актуарии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва  нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифа ва ухдадорихои раёсат

Вазифаҳои асосии раёсат аз инҳо иборат мебошанд:

  • тартиб додани лоиҳаи буҷети Агентӣ бо истифодабари аз ҳамаи   ҳисоботҳо, баҳисобгирии манбаҳои даромад дар тамоми ҷумҳури барои қисми даромад ва дурустии тақсимоти қисми хароҷот бо назардошти имкониятҳои ҳар як минтақа дар асоси маълумотҳои аз шўъба ва Раёсатҳои вилоятӣ ва шаҳрии Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа пешниҳодгардида;
  • муайян намудани самтҳои асосии хароҷотҳои маблағхои умумии Агентӣ, тарҳрезӣ ва барои тасдиқ ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод намудани лоиҳаи буҷети Раёсат ва шуъбаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ.
  • таҳияи ҳуҷҷатҳои сметаи хароҷоти ва басти вазифаҳо дар Дастгоҳи марказӣ ва минтақаҳо дар асоси қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Агентӣ;
  • таҳлили дурустии фонди музди меҳнат, ҷамъоварии воқеии саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ, захиракунии суғуртаҳои иҷтимоии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барои тақсимоти маблағҳо, пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо, индексатсияи нафақа ва кўмакпулиҳои молиявӣ (дотатсия);
  • тақсимоти сметаи хароҷотии маблағҳои Агентиро амалӣ намуда, онҳоро ба Раёсатҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ  равона мекунад;
  • ҳисоботҳои чорякии иҷроиши сметаи хароҷотҳо, иҷроиши моддаҳои буҷети тасдиқшуда, моҳона даҳруза ва панҷрузаи талабот, маблағгузорӣ ва воридоти андози
  • иҷтимоиро дар сатҳи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои Агентӣ қабул
  • намуда, аз натиҷааш ба роҳбарияти Агентӣ маълумот пешниҳод  мекунад;
  • афзоишёбии ҳармоҳаи шумора ва талаботи нафакаро таҳлил менамояд;
  • Ҳисоботҳои семоҳа, оиди Ш-94 КИҷ, ки аз xониби Агентиҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ва тафриқабандӣ пешниҳод мегарданд таҳлил менамояд;
  • гузаронидани таҳлили иҷроиши буҷет, аз рўи  мақсаднок истифода бурдани маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар муассисаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият;
  • бо дархости ташкилоту муассисаҳо баъди санҷиш, пешниҳод намудани таклиф ба роҳбарияти Агентӣ оиди ҷуброн намудани хароҷотҳо аз тарафи Агентӣ дар ҳолатҳое, ки дар ташкилотҳо муассисаҳо маблағҳо барои хароҷотҳои пешбинишуда нокифоя бошанд;
  • ҷамъоварии маълумотҳои ҳармоҳа оиди рафти пардохти нафақа дар шаҳру ноҳияҳо;
  • ташкили ҳисоббарии талаботи нафаrа аз ҳисоби саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ;
  • раёсат аз натиҷаи фаъолияти худ оиди ҳисоботҳои моҳона, семоҳа ва солонаи раёсат  ба роҳбарияти Агентӣ  ҳисобот пешниҳод менамояд.
  • ҳамкории доимӣ бо мақомоте, ки бо нафақахурон ҳамкорӣ менамояд;
  • қоидаҳои зарурии молиявии Агентиро барои хамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ оиди масъалаҳои ба Агентӣ тааллуқдошта тайёр менамояд.     
  • аз рўи ҳисоботҳои оморӣ ҳар семоҳа ва солона тайёр намудани ҳисоботҳои актуарӣ;   
  • бо фармоиши роҳбарияти Агентӣ, баъзе аз уҳдадориҳои аз тарафи онҳо муайяншударо ки аз доираи салоҳияти Раёсат берун мебошанд иҷро менамояд.


Шуъбаи ҳуқуқи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифа ва уҳдадориҳои шуъба

Вазифа ва уҳдадориҳои Шуъбаи ҳуқуқ аз инҳо иборатанд:

  • таҷрибаи пешқадами қонунгузории дигар давлатҳоро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мавриди омўзиш қарор дода, барои истифодаи он дар ҷумҳурӣ ба роҳбарияти Агентӣ таклифҳо омода ва пешниҳод менамояд;
  • фаъолияти раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Агентиро дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоҳанг месозад;
  • оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ва такмил додани низоми қонунгузории соҳа таклифҳо пешниҳод мекунад;
  • мувофиқати санадҳои зерқонунии Агентиро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
  • барои такмили сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои таркибии он ҷиҳати аз байн бурдани такроршавии вазифаҳо пешниҳодот омода ва манзур менамояд;
  • оид ба ҷараёни иҷрои қарору фармоишҳо ва супоришҳои роҳбарияти Агентӣ дар сохторҳои маҳаллии Агентӣ мунтазам таҳлилҳо гузаронида, аз натиҷаи он ба роҳбарияти Агентӣ гузоришҳо пешниҳод менамояд;
  • оиди масъалаҳое, ки ба салоҳияти Агентӣ дохил мешаванд, шаҳрвандонро қабул намуда, ариза ва шикоятҳои онҳоро дида баромада, аз рўи онҳо пешниҳодҳои зарурӣ омода менамояд;
  • бо супориши роҳбарият, манфиатҳои Агентиро дар мақомоти идоравии давлатӣ, илмӣ, таълимӣ, ҷамъиятӣ, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳо аз рўи масъалаҳое, ки Шуъба салоҳиятдор аст, ҳимоя мекунад;
  • оид ба қарорҳои Мушовара ва фармоишҳои Агентӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ медиҳад;
  • ҷиҳатҳои қонунии низомномаҳои раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, воҳидҳои сохтории Агентӣ ва дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Агентиро бо талаботи қонунгузории ҷорӣ мутобиқ мегардонад;
  • масъалаҳои ба рухсатиҳои меҳнатӣ баромадани кормандон ва мутобиқати онҳоро ба талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат дида мебарояд ва хулоса медиҳад;
  • ҷараёни иҷро ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар фаъолияти сохторҳои тобеи Агентӣ мавриди таҳлил қарор медиҳад;
  • барои таъмини сохторҳои Агентӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар фаъолияташон истифода мешаванд, тадбирҳо меандешад;   
  • барои омўзонидани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиби ҳуқуқэҷодкунӣ бо кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи Агентӣ семинар – машваратҳо баргузор менамояд;
  • дигар супоришҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ дода мешаванд, иҷро менамояд.
  • Фаъолияти Шуъбаи ҳуқуқ барои таъмини вазифаҳои ба зиммадоштааш дар самтҳои зерин равона карда мешавад:
  • расонидани ёрии  амалии ҳуқуқӣ ба кори раёсату шуъбаҳо ва  зерсохторҳои тобеи Агентӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии ба салоҳияташон марбутбуда;
  • иштирок дар таҳия ва такмили лоиҳаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;
  • ҳамоҳангсозии  фаъолияти сохторҳои Агентӣ дар таҳия ва амалӣ намудани  нақшаи дурнамои  қонунгузории соҳа;
  • ҳимоя  намудани манфиатҳои  Агентӣ дар судҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • иштирок дар кори комиссия барои гузаронидани озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ;
  • иштирок  дар таҳияи  лоиҳаи фармоишҳо ва қарорҳои Мушовараи Агентӣ, ки хусусияти меъёрии ҳуқуқӣ доранд;
  • таҳлил ва ба талаботи қонунгузории ҷорӣ  мутобиқ  намудани лоиҳаи фармоишҳо, дастурҳо, низомнома ва дигар ҳуҷҷатҳои хусусияти ҳуқуқидоштае, ки барои имзои роҳбарияти Агентӣ пешниҳод мешаванд;  
  • андешидани чораҳо барои тағйир додан ва ё бекор намудани он фармоишҳо ва қарорҳои Агентӣ, ки бидуни риояи қонунгузории ҷорӣ  ба тасвиб  расидаанд;
  • дар мувофиқа бо роҳбарияти Агентӣ ҳамкорӣ намудан бо сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  таҳияи лоиҳаҳои  санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби Агентӣ пешниҳодшуда;
  • омода намудани пешниҳодот дар хусуси тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандони Агентӣ дар мавридҳои ихтисоршавӣ ва тағйири сохтор;
  • иштирок дар ташкил ва гузаронидани муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

Раёсати корҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифа ва уҳдадориҳои  Раёсат

Раёсат вазифа ва уҳдадориҳои зеринро доро мебошад:

  • ташкил ва таъмини хоҷагидорӣ, хизматрасонии модию техникӣ ва иҷтимоию маишӣ дар сохторҳои Агентӣ;
  • ташкили корҳо оид ба нигоҳдории масоҳати назди ҳавлигии Агентӣ;
  • шароити заруриро барои меҳнати коргарон муҳайё намуда, ҳамчунин онҳоро бо утоқҳои корӣ, алоқаи телефонӣ, факсӣ ва ғайра таъмин менамояд;
  • молҳои хоҷагидориро дар дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои он таъмин менамояд;
  • бинои Агентӣ, иншоотҳои Агентӣ ва кисмҳои онро таъмин менамояд;
  • таъминоти модию техникӣ, коршоям ва қобили истифода нигоҳ доштани дастгоҳҳо ва бино;
  • дар озмунҳои тендери иштирок намуда, харидии лавозимотҳои корӣ ва техникии Агентиро ба роҳ мемонад;
  • талаботҳои ҳарўзаи кори раёсатҳоро, ки аз маводҳои хоҷагидорӣ ва техникӣ иборатанд, дар асоси гузориш ва дархостҳо, ки аз ҷониби роҳбарият имзо гардида барои таъмин супориш дода шудаанд таъмин менамояд;
  • кори нақлиёти хизматии Агентиро таъмин ва назорат намуда, ба ронандагони нақлиёт сафархат медиҳад;
  • толори маҷлисгоҳро барои гузаронидани маҷлисҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо дар ҳолати омодабош тайёр менамояд;
  • ариза ва мактубҳое, ки аз дигар вазорату идораҳо ба Агентӣ ворид мегарданд қабул намуда, ба роҳбарияти Агентӣ дастрас менамояд;
  • дар сурати аз ҷониби роҳбарият ба шахси масъул вогузор кардани ариза ё мактуби  дахлдор (дар сурати виза мондан) раёсати мазкур ин мактубҳоро ба шахсони масъул дастрас менамояд;
  • ариза ва мактубҳои иҷрогардидаи сохторҳои масъулро, баъди имзои роҳбарият ба қайд гирифта, ба муалифи муроҷиат ирсол менамояд;
  • шаҳрвандонеро, ки ба дастгоҳи марказии Агентӣ муроҷиат менамоянд, қабул ва ба қайд гирифта, вобаста ба масъалаи бамиёномадаи муроҷиаткунанда, ўро барои  ҳаллӣ масъалаи бамиёномадааш ба сохтори дахлдор тавсия медиҳад;
  • мактубҳои ба Агентӣ воридгардидаро тариқи факсограма қабул намуда, дар сурати лозим омадан бо тариқи факс ба ҷои лозима пешниҳод менамояд;
  • бо фармоиши роҳбарияти Агентӣ, баъзе аз уҳдадориҳои аз тарафи онҳо муайяншударо, ки аз доираи салоҳияти Раёсат берун мебошанд, иҷро менамояд.

Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ ва нафақаи андўхтии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифа ва уҳдадориҳои  Раёсат

Вазифаҳои асосии раёсат аз инҳо иборат мебошанд:

  • бақайдгирии шахсони воқеӣ дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
  • додани рақами мушаххаси инфиродӣ ба шахсони воқеӣ;
  • кушодан ва қатъ намудани ҳисобномаҳои шахсии суғуртакунандагон ва   ашхоси суғурташуда;
  • коркард ва дохил намудани музди меҳнат ба ҳисобномаҳои захиравии инфиродӣ;
  • ташкили идоравии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
  • таъмини саривақтӣ ва ботартиб гузаронидан, коркард ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар ММБИ-ӣ;
  • мунтазам омўхтани вазъи пешбурди системаи баҳисобгирии инфиродӣ  дар раёсат ва шўъбаҳои Агентӣ;
  • нигоҳдорӣ намудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонӣ.
  • шароитро доир ба ташкил ва пешбурди бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ва бойгонии муассисавии ҳуҷҷатҳои  баҳисобгирии инфиродӣ дар асоси қоидаҳои таъмини беосебнигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ, тавсиф, баҳисобгирӣ, истифода намудан ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ки   бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, 344 тасдиқ шудааст, фароҳам меорад;
  • ташкили корҳо доир ба нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ки мўҳлати нигоҳдориашон ба охир расидааст;
  • омўхтан ва ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродӣ дар системаи таҷрибаи пешқадами технологияи иттилоотӣ;
  • пешбурди ҳисобот ва нигоҳдории маълумот дар қисми махсуси суратҳисоби шахсии захиравии ашхоси суғурташуда;
  • таъйин ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда,  амалӣ менамояд;
  • ҳисобӣ намудани маблағҳои андўхти нафақавӣ, муқаррар кардани маблағҳои пардохт, мўҳлат ва давраҳои амалӣ шудани пардохтро ба роҳ мемонад;
  • тибқи  муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда, ва интиқоли маблағҳои андўхти нафақавиро ба хориҷи ҷумҳурӣ амалӣ менамояд;   
  • қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда дар сохторҳои Агентӣ назорат менамояд;
  • доир ба ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо дар марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ, шўъбаҳо ва бахшҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ оиди роҳбарӣ ба масъалаҳои ҷорӣ ва пешбурди системаи баҳисобгирии инфиродӣ тадбирҳои мушаххас меандешад;
  • таҳияи гардиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар мўҳлати муайяншуда, инчунин назорат аз рўи онҳо;
  • саривақт ҷамъоварӣ намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ҳисоботҳои мавҷуднабудаи корхонаву идораҳо аз ҷониби зерсохторҳои дахлдори Агентӣ ба ММБИ;
  • аз рўи риоя намудани мўҳлати коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар зерсохторҳои  Агентӣ назорат мебарад;
  • мукотибот бо дигар вазорату идораҳо, додани маълумоти мушаххас  оид ба ҳар як ашхоси  суғурташуда дар доираи салоҳияти раёсат;
  • назорат аз рўи иҷроиши ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки ба тартибдарории ташкил ва пешбурди баҳисобгирии инфиродиро муайян месозад;
  • вобаста ба таҳияи чорабиниҳо ва андешидани тадбирҳо,  оиди бартараф намудани  камбудиҳо, ки дар ҷараёни пешбурди баҳисобгирии инфиродӣ ва зерсохторҳои  Агентӣ ошкор гардидаанд, назорат менамояд;
  • корҳоро оиди додани навиштаҷот аз ҳисобномаи шахсии захиравӣ ва аз рўи дурустии маълумотнома дар бораи  музди меҳнат назорат менамояд;
  • ташкил намудани баҳисобгирӣ, додани гувоҳномаҳо ва шаҳодатномаҳои суғуртаи давлатии иҷтимоиро амалӣ менамояд.
  • корҳоро оиди ташкили бойгоникунонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар ММБИ-и ҷумҳурӣ  амалӣ менамояд.
  • бо фармоиши роҳбарияти Агентӣ, баъзе аз уҳдадориҳои аз тарафи онҳо муайяншударо ки аз доираи салоҳияти Раёсат берун мебошанд иҷро менамояд.

Раёсати таъинот ва назорати пардохти нафақаи  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифа ва уҳдадориҳои Раёсат

Вазифаҳои асосии раёсат аз инҳо иборат мебошад:

  • талаботи моҳонаи нафақа ва кўмакпулиҳоро ҳармоҳа таҳлил ва коркард намуда, барои маблағгузорӣ пешниҳод менамояд;
  • аз рўи дурустии таъйини нафақа ва кўмакпулиҳо, андозаи нафақа, давраи пардохти нафақа, муҳлатҳои пардохти нафақаҳои меҳнатӣ ва суғуртавиро назорат мебарад;
  • тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои Дарстурамал дар бораи тартиби ташкили таъйин ва бозҳисобии нафақаҳои суғуртавӣ ва пардохти он ба шахсони суғурташуда ва интиқоли маблағҳои суғуртавиро ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд
  • дар ҳамкорӣ бо дигар Раёсатҳои Агентӣ оиди дурустии таъйини нафақахои суғуртавӣ, меҳнатӣ, ва иҷтимоӣ дар Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ва раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳо санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ мегузаронад;
  • якҷоя бо бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дигар муассисаҳои хизматрасонӣ тартиб додани санадҳои муқоисавӣ ва дар мавриди зарурат гузаронидани санҷиши дурустии пардохти нафақа ва дар ҳолати ошкор гардидани қонуншиканиҳо ҷиҳати андешидани муҷозотҳои молиявӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ба мақомотҳои салоҳиятдор;
  • дида баромадани арзу шикоятҳои нафақагирон оид ба  масъалаи нодуруст таъйин ва бозҳисобии нафақаҳои меҳнатӣ ва суғуртавӣ;
  • ба таври лозима нигоҳ доштани техникаи компютерӣ ва асбобу анҷомҳои ба  Раёсат вобасташуда;
  • аз рўи фаъолияти Раёсатҳои вилоятӣ, ММБИ,  шаҳру ноҳияҳо ва раёсату шўъбаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷиҳати таъйин ва бозҳисобии нафақа, тахияи талаботи нафака назорат барад ва аз натиҷааш бо тарзи хаттӣ ё дахонӣ ба рохбарияти Агентӣ,  маълумот пешниход намояд;
  • пешгирӣ кардани далелҳои ғайримақсаднок, истифодабарии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, ки барои пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо барои дафн аз ҳисоби он пешбинӣ шудааст.
  • назорати доимӣ доштан аз рўи дурустии таъйин ва бозҳисобии  нафақа ва кўмакпулӣ барои дафн, мақсаднок хароҷот гардидани маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ барои дафн, ҳамчунин амалӣ сохтани чораҳои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдоштаро ба зима дорад.
  • таҳлили ҳармоҳаи талаботи нафақа ва кўмакпулиҳо барои дафн  мутобиқи руйхатҳои ном ба номи гирандагони нафақа;
  • доир ба масъалаи таъйиноти нафақа бо ММБИ  шаҳру ноҳияҳо ва зерсохторҳои таркибии Агентӣ бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таъйин ва бозҳисобии нафақа ва кўмакпулиҳоро барои  дафн ва ҳамкории доимиро бо шаҳрвандон ба роҳ мемонад;
  • дар якҷоягӣ бо раёсат ва шуъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳо  анҷом додани муқоисакунии руйхатҳои тартибдодашудаи ном ба номи нафақагирон бо аснодҳои нафақавӣ;
  • ҷамъоварии маълумотҳои ҳармоҳа оиди рафти таъйин ва бозҳисобии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатию иҷтимоӣ аз ММБИ ва раёсатҳои вилоятию шаҳрӣ ва ноҳиявии Агентӣ;
  • тасдиқ намудани санадҳои муқоисакунии пардохтҳои воқеии нафақа барои ҷуброн  намудани хароҷоти «Амонатбонк» оид ба хизматрасонии нафақагирон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   4 феврали соли 2002, № 36;
  • раёсат аз натиҷаи фаъолияти худ оиди ҳисоботҳои моҳона, семоҳа ва солонаи раёсат  ба роҳбарияти Агентӣ  ҳисобот пешниҳод менамояд;
  • омўхтани ҳуҷҷатҳои меъёрии мамлакатҳои хориҷи кишвар оиди масоили суғуртаи иҷтимоӣ бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани ташкили назорати таъйини нафақа ва кўмакпулиҳо барои дафн, назорати он ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон;
  • бо фармоиши роҳбарияти Агентӣ, баъзе аз уҳдадориҳои аз тарафи онҳо муайяншударо, ки аз доираи салоҳияти Раёсат берун мебошанд иҷро менамояд.

Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявии Агентии  суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифа ва уҳдадориҳои Раёсат

Вазифа ва уҳдадориҳои Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ,  аз инҳо иборатанд:

  • пешниҳоди мушаххас ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оид ба масъалаҳои кўмакпулиҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
  • назорат ва гузаронидани саҷишҳо аз рўи системаи иҷрои тартиби муқарраршудаи баҳисобгирии муҳосибавӣ, ҳисоботдиҳӣ,  ташхиси  маводҳо ва ҳуҷҷатҳо, ки барои ҳамоҳангсозии баҳодиҳӣ ва таснифи ин маълумотҳо истифода мешаванд, ҳамзамон санҷиши амалиётҳо ва бақияпулиҳо аз рўи ҳисоботҳо  ва фаъолияти самаранокии субъектҳои суғуртаи иҷтимоӣ, мониторинги онҳо ва таҳияи тавсияҳо оиди  ҷоннок намудани онҳо;
  • омода намудани нақшаи кории раёсат оиди гузаронидани  тафтишу санҷишҳо дар мувофиқа бо роҳбарияти Агентӣ;
  • зимни гузаронидани санҷишҳо ба субектони суғурта фаҳмонидани дурустии татбиқи қонунгузори дар бораи ҷамъоварӣ намудани маблағҳо ва маблағгузории хароҷот барои чорабиниҳое, ки мувофиқи низомномаи  Агентӣ дар назар дошта шудаанд;
  • назорат аз рўи фаъолияти молиявии раёсатҳои вилоятӣ ва бахшу шуъбаҳои Агентӣ субъектҳое, ки аз ҳисоби андози иҷтимоӣ маблағгузорӣ мешаванд, (мақомоти шуғли аҳолӣ ва иттифоқҳои касаба), инчунин дуруст ва бо пуррагӣ ҳисобӣ кардани  саҳмҳои  суғуртаи  иҷтимоӣ, аз рўи мақсаднок истифода бурдани кўмакпулиҳои аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ пардохтшуда  дар  ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва навъи хоҷагидорӣ, дар доираи қонунҳои амалкунанда ва омода намудани гузоришу пешниҳодҳо оиди камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳо;
  • ҷамъбаст намудани маълумот оиди ҳама гуна санҷишҳое, ки аз тарафи  мутахассисони Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ, гузаронида мешаванд;
  • аз шахсони мансабдори ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ талаб намудани риояи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи пардохти андози иҷтимоӣ ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, кўмакпулиҳо, ташкили  солимгардонӣ ва дигар хароҷотҳо;
  • ҳамкори намудан бо мақомоти андоз оиди ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ оиди баҳисобгирӣ ва тартиб додани қисми хароҷоти Агентӣ;
  • назорат аз рўи баҳисобгирии маблағҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд;
  • назорати пардохти андозҳои иҷтимоӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва пардохти маблағҳои нафақаҳои касбӣ дар миқёси ҷумҳурӣ;
  • назорат аз рўи таъйин ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ, дар Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ;
  • саҳмгузорӣ дар ҷалби пурраи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин фаҳмондадиҳии масъалаҳои пардохти саривақтии андози иҷтимоӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкил намудани семинар-машваратҳо оиди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
  • назорат ҷиҳати мақсаднок истифода намудани маблағҳои Агентӣ;
  • ҳамкорӣ намудан бо вазорату идораҳои дахлдор дар санҷишҳои муштарак оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Агентӣ тааллуқ дошта;
  • аудиторҳои дохилӣ талаботро оиди қонун дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ бояд риоя намоянд;
  • раёсат мунтазам оиди фаъолият дар давраҳои ҳисоботӣ (семоҳа шашмоҳа, нуҳмоҳа, солона) маълумот омода намуда, ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод менамояд;
  • бо фармоиши роҳбарияти Агентӣ баъзе уҳдадориҳои аз тарафи онҳо муайяншударо, ки аз доираи салоҳияти Раёсат берун мебошанд иҷро менамояд.

Дополнительная информация