25.07.2022 || 14:30

Нишасти матбуотї доир ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми 2022

Рўзи 22 июли соли 2022 мутобиќи наќшаи гузаронидани нишасти матбуотї, ки дар асоси амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 тасдиќ гардидааст, дар Бинои маъмурии Дастгоњи марказии Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон нишасти матбуотї баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотї, директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек, доир ба самтњои асосии фаъолияти Агентї дар нимсолаи якуми соли 2022 ба намояндагони васоити ахбори омма маълумот дода, ба суолњои онњо љавобњои мушаххас, пешнињод намуд.
Директори Агентї ќайд намуданд, ки мувофиќи натиљањои љамъбасти пешакӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ба Буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої, ки ба андозаи 1721,0 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, дар асл 1665,6 млн. сомонї ворид гардидааст, ки 96,7 % наќшаро ташкил медињад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо маќсади таъмини амалисозии сариваќтии Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 13 январи соли 2022, №312 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иљтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” дар навбати аввал бо фармоиши Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 21 феврали соли 2022, № Ф-17 тавсияҳои методӣ оид ба зиёд намудани андозаи нафақаи гурўҳҳои алоҳидаи нафақагирон аз 1 июли соли 2022 тањия ва тасдиқ карда шуда, барои корбарї ва иљро ба раёсату шуъбаҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии Агентӣ ирсол гардидааст.
Нишасти матбуотї дар фазои озоду дўстона баргузор гардид.

IMG 20220725 135657 064 - копия.jpg1919

Хонда шуд 671 маротиб

Дополнительная информация