Сипас, Обидӣ Муҳаммадсаид оид ба навгониҳои Кодекси андоз сухан гуфта кодекси андоз дар таҳрири навро дар шакли рўнамоӣ ба иштирокдорон муаррифӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки дар қонуни нав андози иљтимої суѓуртакунандагон 25%, суѓурташудагон 1%, барои ташкилотњои дигар, суѓуртакунандагон 20%, суѓурташудагон 2%, барои соњибкорони инфиродии тибќи шањодатнома фаъолияткунанда 1%, андоз аз арзиши иловашуда аз 18% то 15%, андоз аз шахсони ҳуқуқӣ аз 23% то 20% кам карда шудааст.
Ҳамчунин меъёри андоз нисбат ба даромадҳои дигари шахсони воқеӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ҷойи кори дувум, ба иҷора додани молу мулк ва хидматрасониҳо, ба андозаи 2 дарсад, яъне аз 13 дарсади пешина то 15 дарсад, зиёд карда шудааст.
Хадафи асосии семинари мазкур ин кўмак расонидан ба мутахассисони Агентї оид ба муќаррароти Кодекси андози Чумњурии Тољикистон дар тањрири нав дар тањияи самаранок ва боэътимоди Кумитаи андози Њукумати Љумњурии Тољикистон мебошад.
Бояд ќайд намуд, ки Лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда шудааст. Ҷиҳати такмил ва мукаммалгардонии лоиҳаи мазкур ҳар як шаҳрванд имкон дошт, то таклифҳои худро ирсол намояд.
Дар охири ҷамъомад кормандони Агентӣ ба масъулин суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххасро гирифтанд.
Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд ташкил намудани чунин чорабинињо дар Агентї ба роњ монда мешавад. Љамъомад дар фазои озоду дустона баргузор гардид.