08.11.2022 || 17:21

Ҷашни 28- солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рўзи 4-ноябри соли 2022 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 28 солагии қабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баргузор гардиданд.

Чорабиниро директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек бо суханронии худ оғоз намуда, қайд карданд, ки дар мавриди бисту њашт сол муқаддам дар кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки маҳз ҳамин санад мардуми парокандаву ҷангзадаро ба ҳам оварда муттаҳид намудани миллатро иброз намуд. Мўњтарам Давлатзода Д.А. аз суханони Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба ањамияти Конститутсия дар рушду суботи кишвар иќтибосњо оварда, ќайд намуданд, ки Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллї ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Дар фарљоми љаласа директори Агентї тамоми кормандонро бо рузи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон табрик намуда ба онњо сулҳу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву тансиҳатиро таманно намуд.

21-01

Хонда шуд 925 маротиб

Дополнительная информация