Дар љаласа сардорони раёсат ва шуъбањои дастгоњи марказии Агентї, сардорони раёсат ва шуъбањои Агентї дар вилоят ва шањру ноњияњо, инчунин сардорони марказњои минтаќавии бањисобгирии инфиродї иштирок намуданд, ки фаъолияти кории онњо мавриди муњокима ќарор дода шуд.
Қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої 930,9 млн. сомонї ворид гардид, ки иҷрои нақша 98,4 % ташкил намуда, нисбати њамин давраи соли гузашта 110,8 млн. сомонї ё 13,5 фоиз маблаѓ зиёд ворид гардидааст.
Дар маҷлиси Мушовара оид ба вазифаҳои пешомада дар давраи нимсолаи якуми соли 2023 ва низоми амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон ки дар Паёмашон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии љумњурї» зикр гардиданд, аз ҷониби Директори Агентӣ ба сардорони Раёсатҳои Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба аз 1 июли соли ҷорӣ зиёд намудани андозаи нафақаи заминавӣ ба 20 %, гузаронидани индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ дар ҳаҷми на кам аз 16 фоиз, инчунин баланд намудани андозаи нафақаи нафақагирони амалкунанда баробари 20 фоиз аз меъёрӣ нафақаи заминавӣ, ба масъулин супоришњои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷом, раиси Мушовараи Агентӣ Давлатзода Дилмурод Ашурбек сардорони воњидњои сохтории Агентиро вазифадор намуданд, ки љињати истифодаи самаранок ва маќсадноки маблаѓњои буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа таъмини пурраи иљроиши ќисми даромади буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа маблаѓгузории сариваќтї ва риояи низоми моњ ба моњи пардохти талаботи нафаќа, сари ваќт дар муњлати муќарраргардида баррасии мурољиатњои шањрвандон тадбирњои зарурї ва сариваќтї андешанд.