Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд.
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.
Сафари корӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.