Қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016, №371

18. Дар сурати ба дигар муассисаи хизматрасонии иҷтимоии гузаронидани нафақагир барои беморони руҳӣ, маблағи истифоданашудаи нафақаи ў ба ҳисоби депозитии муассисае, ки нафақагир ба он гузаронида шудааст, бо тартиби муқарраргардида интиқол дода мешавад.
19. Дар сурати аз қайди муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баровардани нафақагир бо сабаби қобили амал эътироф шуданаш, маблағи истифоданашудаи нафақа аз тарафи муассиса ба ў пардохт карда мешавад.
20. Дар ҳолати фавти нафақагире, ки васии он муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад, маблағи истифоданашудаи нафақаи ў, ба истиснои маблағҳои дар суратҳисоби инфиродии захиравиаш бақиямонда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа бозпас гардонида мешавад.
21. Маблағҳои дар ҳисоби инфиродии захиравии нафақагири фавтида бақиямонда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворисони ў пардохта мешаванд. Дар сурати набудани ворисон истифодаи ин маблағҳо тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.  
22. Комиссия аз рўи хароҷоти мақсадноки маблағҳои нафақавӣ назорати доимӣ анҷом медиҳад.

4. Тартиби қатъ намудани пардохти нафақа
ҳангоми аз муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
хориҷ шудан ё фавти нафақагир

23. Дар ҳолати аз муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ рафтан ё фавти нафақагир, маъмурияти он вазифадор аст, ки дар муҳлати на зиёда аз панҷ рўз дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкур маълумот диҳад. Дар хабарнома бояд сана ва сабаби аз қайди муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баровардани нафақагир нишон дода шавад.
24. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа гузаронидани маблағи нафақаро аз моҳи ояндаи пас аз фаро расидани чунин ҳолат қатъ менамояд.
25. Директор ва сармуҳосиби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои ғайримақсаднок хароҷот кардани маблағҳои нафақа, ки ба муассисаи мазкур ворид мешаванд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

5. Назорат ҳисоб ва пардохт намудани  нафақа ба
нафақагироне, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

26. Назорати ҳисоб ва пардохт намудани нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, аз ҷониби сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва дигар мақомоти давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, анҷом дода мешавад.

Дополнительная информация