Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2015, №551

4. ДАВРАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТИЕ, КИ БО
АСОСҲОИ ДИГАР ТАСДИҚ ГАРДИДА, БА СОБИҚАИ КОРӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯ ДОХИЛ КАРДА МЕШАВАНД

16. Дар ҳолати мавҷуд набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дар дафтарчаи меҳнатӣ набудани қайдҳои зарурӣ ё мавҷуд будани қайдҳои нодуруст оид ба давраҳои кор, барои тасдиқи собиқаи корӣ маълумотномаҳо, нусха ва иқтибос аз фармонҳо, суратҳисобҳои инфиродӣ, ведомостҳои пардохти музди меҳнат,  шартномаҳо ва созишномаҳои меҳнатии хаттӣ бо қайди иҷроиши онҳо қабул карда мешаванд.
17. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикргардида, барои тасдиқи собиқаи корӣ билетҳои аъзои мақомоти ҳизбӣ, иттифоқи касабавӣ ва кооперативӣ бо қайд оид ба пардохти аъзоҳаққӣ аз музди меҳнат ё стипендия қабул карда мешаванд.
18. Фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи синамогарон, Иттифоқи кормандони театр, инчунин адибоне, ки аъзои Иттифоқи нависандагон намебошанд, вале аъзои иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг буда, кумитаҳои касбии адибон онҳоро муттаҳид месозанд, бо маълумотномаи (иқтибос аз қарори) котиботи раёсатҳои иттифоқҳои эҷодии собиқ ИҶШС, ҷумҳуриҳои Иттиҳод ё Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар намудани собиқаи эҷодӣ тасдиқ карда мешавад.
 19. Фаъолияти эҷодии рассомоне, ки аъзои Иттифоқи рассомон нестанд, вале аъзои иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг мебошанд ва муносибат бо онҳо бо шартномаҳо оид ба фармоиши бадеӣ ба танзим дароварда мешавад, бо маълумотномаҳои президиуми раёсати Фонди бадеии собиқ ИҶШС, ҷумҳуриҳои Иттиҳод ё Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
20. Барои ба собиқаи корӣ дохил намудани давраи хизмати ҳарбӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти амнияти давлатӣ ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашуда ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунанда қабул карда мешаванд:
- билети ҳарбӣ;
- маълумотномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва зерсохторҳои вазоратҳои мудофиаи собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохилии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти болоии амнияти давлатии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоии сохторҳои ҳарбикунонидашуда;
- маълумотномаҳои муссисаҳои бойгонӣ ва табобатии ҳарбӣ.
21. Хизмати ҳарбӣ дар давраи амалиётҳои ҷангӣ, аз ҷумла ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ ба собиқаи корӣ дар асоси маълумотномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
22. Собиқаи корӣ дар давраи хизмат дар мақомоти корҳои дохилии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди он дар дафтарчаи меҳнатӣ тасдиқ мегардад. Дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ, собиқаи мазкур бо маълумотномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
23. Давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва касбии техникӣ, аспирантура, докторантура, ординатураи клиникӣ ва курсҳои такмили ихтисосу бозомўзӣ бо дипломҳо, шаҳодатномаҳо, сертификатҳо ва маълумотномаҳои бойгонии давлатӣ тасдиқ мегарданд.
24. Давраи нигоҳубини шахси маъюби гурўҳи якум, кўдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли аз 80-сола боло, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад,  дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ мешавад:
- санади мақоми ваколатдори давлатии маҳаллӣ оид ба санҷиши воқеияти амали нигоҳубини шахси эҳтиёҷманд;
- нусхаи маълумотномаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба муқаррар намудани гурўҳи маъюбӣ ба шахси ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли шахси ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта (маъюби гурўҳи I, кўдаки маъюби то 18-сола, пиронсоли аз 80-сола боло).
25. Давраи нигоҳубини кўдакони то синни 3-сола аз тарафи модаре, ки муваққатан кор намекунад, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи синну соли кўдак (шаҳодатномаи таваллуд) муқаррар карда мешавад. Дар маҷмўъ давраи нигоҳубини кўдакон аз тарафи модар, ки ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад, наметавонад аз 60 моҳ зиёд бошад.
26. Давраи дар ҳабси пешакӣ қарор доштан, давраи адои ҷазо дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум сохтан ё бадарға кардан бо маълумотномаҳои муассисаҳои тафтишотӣ, мақомоти адлия ё корҳои дохилӣ тасдиқ гардида, дар сурате ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳо оид ба сафедкунӣ (маълумотномаи мақомоти судӣ, мақомоти прокуратура ё мақомоти тафтишотӣ оид ба ҳукми сафедкунанда ё қарор (таъинот) дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ) пешниҳод карда шаванд.
27. Давраи ба сар бурдани ҳамсарони ҳайати афсарон, прапорщикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии зиёда аз мўҳлат бо шавҳаронашон дар минтақаҳое, ки имконияти бо кор таъмин намудани онҳо аз рўи ихтисосашон мавҷуд набуд, бо маълумотномаҳои қисмҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои дахлдор тасдиқ ва ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад.
28. Зимнан барои ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ то 1 январи соли 1990 озодгардида давраи ба сар бурдан бо шавҳаронашон дар минтақаҳое, ки имконияти бо кор таъмин намудани онҳо аз рўи ихтисосашон мавҷуд набуд, бо маълумотномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ тасдиқ карда мешавад.
29. Давраи зикргардида ба собиқаи корӣ ба андозаи на зиёда аз собиқаи корие, ки ҳангоми муроҷиат барои таъини нафақа мавҷуд буд, вале на зиёда аз 10 сол ҳисоб карда мешавад.
30. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ ва ғайриимкон будани гирифтани онҳо бо сабабҳои амалиёти мусаллаҳона ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаи гузаштае, ки аз тарафи мақомоти дахлдор расман тасдиқ гардидаанд, собиқаи корӣ дар асоси гувоҳии на кам аз ду шоҳид муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат собиқаи корие, ки барои таъини нафақа зарур аст,  метавонад пурра дар асоси гувоҳии шоҳидон тасдиқ карда шавад.
31. Шоҳид шахсе буда метавонад, ки бо аризадиҳанда дар як корхона, муассиса, ташкилот, колхоз ё дар як система кор карда, худаш ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатиро барои даврае, ки шоҳидӣ медиҳад, дошта бошад.
32. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ ва ғайриимкон будани гирифтани онҳо бо сабабҳои барҳам дода шудани корхона, муасссиса, ташкилот ё набудани маълумот дар бойгонӣ, собиқаи корӣ дар асоси гувоҳии на камтар аз ду шоҳид тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат низ шоҳид шахсе буда метавонад, ки бо аризадиҳанда дар як корхона, муассиса, ташкилот, колхоз ё дар як система кор карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатиро барои даврае, ки шоҳидӣ медиҳад, дошта бошад.
33. Зимнан давомнокии собиқаи кории бо гувоҳии шоҳидон тасдиқгардида аз нисфи собиқаи корие, ки барои таъини нафақа зарур аст, зиёд буда наметавонад.
34. Барои тасдиқи собиқаи корӣ дар асоси гувоҳии шоҳидон дар назди сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳал комиссия оид ба тасдиқи собиқаи корӣ таъсис дода мешавад. Ҳайат ва тартиби кори комиссияи мазкурро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян менамояд.  
35. Давраи кор дар назди шаҳрвандони алоҳида ва ташкилотҳои динӣ дар сурате ҳамчун собиқаи корӣ тасдиқ карда мешавад, ки агар созишномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳо бо иштироки намояндаи иттифоқи касаба баста шуда бошад. Чунин давраҳои корӣ бо гувоҳии шоҳидон тасдиқ карда намешаванд.
36. Давраи кор ба ҳайси чўпон бо созишномаи меҳнатии байни ў ва соҳибони чорво бо иштироки намояндаи иттифоқи касаба ё намояндаи шўрои деҳот басташуда тасдиқ карда мешавад.
37. Собиқаи кории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кироя дар хориҷи кишвар тибқи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашуда муқаррар карда мешавад.

Дополнительная информация