Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2015, №551

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
аз 29 августи соли 2015, №551                                                 ш. Душанбе


Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ

Мутобиқи моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:
1. Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 29 декабри соли 2012, №772 «Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ»;
- аз 3 августи соли 2013, №362 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №772 «Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ».
3. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  5 ноябри соли 2014, №709 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шуда, бандҳои 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 ва 12 мутаносибан бандҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 ҳисобида шаванд.
4. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.


              Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон
          Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 августи соли 2015, №551
 тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ
конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи қисми 3 моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таҳия гардида, тартиби арзёбӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурта-шударо дар асоси собиқаи кории то 1 январи соли 1999 бадастовардашуда, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян менамояд.
2. Конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавӣ ба сармояи шартии нафақавӣ ва дохил намудани сармояи мазкур ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда нисбати он шаҳрвандоне амалӣ карда мешавад, ки то 1 январи соли 1992 дар қаламрави собиқ ИҶШС ва аз 1 январи соли 1992 то 1 январи соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудаанд.
3. Конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли зисти шахси суғурташуда ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи  фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 амалӣ карда мешавад.
4. Дар сурати пеш омадани зарурати муайян намудани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шахсони суғурташуда оид ба собиқаи корӣ, кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа метавонанд дар корхона, муассиса ё ташкилоте, ки дурустии чунин ҳуҷҷатҳоро тасдиқ намудаанд, бо тартиби муайянгардида санҷиш бо тартиб додани санади мутақобила гузаронанд.
5. Хароҷот барои гузаронидани конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ  аз ҳисоби маблағҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маблағгузорӣ карда мешаванд.

2. ТАРТИБИ ҲИСОБИ САРМОЯИ ШАРТИИ
НАФАҚАВӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯИ ҲУҚУҚҲОИ НАФАҚАВИИ ШАХСОНИ СУҒУРТАШУДА

6. Арзёбии ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва конвертатсияи онҳо ба сармояи шартии нафақавӣ  дар асоси  шумораи моҳҳои пурраи собиқаи корӣ амалӣ карда мешавад.  
7. Шумораи моҳҳои собиқаи корие, ки барои арзёбии ҳуқуқҳои нафақавӣ ва ҳисоби сармояи шартии нафақавӣ пешниҳод мегарданд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатии шахсони суғурташуда муайян карда мешавад.
8. Ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда, ки ба ҳолати 1 январи соли 1999 тасдиқ шудаанд, ба маблағи 120 сомонӣ барои ҳар моҳи пурраи собиқаи корӣ арзёбӣ гардида, дар маҷмўъ ба сармояи шартии нафақавии ба ҳолати 1 январи соли 2013 муайянгардида илова карда мешавад.  
9. Ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда аз рўи формулаи зерин конвертатсия карда мешаванд:

СШНконвертатсия = 120 * n
Дар ин ҷо:
СШНконвертатсия – сармояи шартии нафақавие, ки дар натиҷаи конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташудаи то 1 январи соли 1999 муайянгардида ҳосил шудааст;
120 – ифодаи пулии ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташудаи то 1 январи соли 1999 ҳосилшуда бо сомонӣ барои ҳар як моҳи собиқаи корӣ;
n – шумораи моҳҳои собиқаи кории шахси суғурташуда то 1 январи соли 1999.
10. Маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоб кардан мутобиқи банди 9 Қоидаҳои мазкур ҳосил шудааст, бе тағйир ба қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 инъикос гардида, ба  сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда, ки ҳангоми таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ истифода мегардад, ҳамроҳ карда мешавад.

3. СОБИҚАИ КОРИИ КОНВЕРТАТСИЯШАВАНДА

11. Ба собиқаи кории шахсони суғурташуда, ки конвертатсия карда мешавад, давраи фаъолияти меҳнатии онҳо дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, колхозҳо, совхозҳо, кооперативҳо новобаста аз шакли моликияташон, инчунин корҳое, ки дар назди шахсони алоҳида анҷом додаанд, дохил мешавад.
12. Барои ҳисоб кардани собиқаи корӣ давраи воқеии кор аз ибтидои фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999, ки бо натиҷаи зиёдшавӣ ҳисоб карда шудааст, ба назар гирифта мешавад. Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи кории умумӣ моҳе, ки кор дар он аз 15 рўз зиёд мебошад, ҳамчун моҳи пурраи собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад ва моҳе, ки давомнокии кор дар он аз 15 рўз кам мебошад, ба назар гирифта намешавад.
13. Ҳуҷҷати асосие, ки собиқаи кории шахси суғурташударо то 1 январи соли 1999 тасдиқ менамояд, дафтарчаи меҳнатӣ мебошад.
14. Қайдҳо ба дафтарчаи меҳнатӣ бояд бо тартиби пешбининамудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешбурди он дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар лаҳзаи пур кардан ворид карда шаванд.
15. Дар ҳолате, ки агар қайдҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои амалкунанда  мувофиқат накунанд, масъалаи ба инобат гирифтани собиқаи корӣ барои таъини нафақаи шахси суғурташуда аз ҷониби мақомоти судӣ ҳал карда мешавад. 


4. ДАВРАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТИЕ, КИ БО
АСОСҲОИ ДИГАР ТАСДИҚ ГАРДИДА, БА СОБИҚАИ КОРӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯ ДОХИЛ КАРДА МЕШАВАНД

16. Дар ҳолати мавҷуд набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дар дафтарчаи меҳнатӣ набудани қайдҳои зарурӣ ё мавҷуд будани қайдҳои нодуруст оид ба давраҳои кор, барои тасдиқи собиқаи корӣ маълумотномаҳо, нусха ва иқтибос аз фармонҳо, суратҳисобҳои инфиродӣ, ведомостҳои пардохти музди меҳнат,  шартномаҳо ва созишномаҳои меҳнатии хаттӣ бо қайди иҷроиши онҳо қабул карда мешаванд.
17. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикргардида, барои тасдиқи собиқаи корӣ билетҳои аъзои мақомоти ҳизбӣ, иттифоқи касабавӣ ва кооперативӣ бо қайд оид ба пардохти аъзоҳаққӣ аз музди меҳнат ё стипендия қабул карда мешаванд.
18. Фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи синамогарон, Иттифоқи кормандони театр, инчунин адибоне, ки аъзои Иттифоқи нависандагон намебошанд, вале аъзои иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг буда, кумитаҳои касбии адибон онҳоро муттаҳид месозанд, бо маълумотномаи (иқтибос аз қарори) котиботи раёсатҳои иттифоқҳои эҷодии собиқ ИҶШС, ҷумҳуриҳои Иттиҳод ё Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар намудани собиқаи эҷодӣ тасдиқ карда мешавад.
 19. Фаъолияти эҷодии рассомоне, ки аъзои Иттифоқи рассомон нестанд, вале аъзои иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг мебошанд ва муносибат бо онҳо бо шартномаҳо оид ба фармоиши бадеӣ ба танзим дароварда мешавад, бо маълумотномаҳои президиуми раёсати Фонди бадеии собиқ ИҶШС, ҷумҳуриҳои Иттиҳод ё Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
20. Барои ба собиқаи корӣ дохил намудани давраи хизмати ҳарбӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти амнияти давлатӣ ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашуда ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунанда қабул карда мешаванд:
- билети ҳарбӣ;
- маълумотномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва зерсохторҳои вазоратҳои мудофиаи собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохилии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти болоии амнияти давлатии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоии сохторҳои ҳарбикунонидашуда;
- маълумотномаҳои муссисаҳои бойгонӣ ва табобатии ҳарбӣ.
21. Хизмати ҳарбӣ дар давраи амалиётҳои ҷангӣ, аз ҷумла ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ ба собиқаи корӣ дар асоси маълумотномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
22. Собиқаи корӣ дар давраи хизмат дар мақомоти корҳои дохилии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди он дар дафтарчаи меҳнатӣ тасдиқ мегардад. Дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ, собиқаи мазкур бо маълумотномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
23. Давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва касбии техникӣ, аспирантура, докторантура, ординатураи клиникӣ ва курсҳои такмили ихтисосу бозомўзӣ бо дипломҳо, шаҳодатномаҳо, сертификатҳо ва маълумотномаҳои бойгонии давлатӣ тасдиқ мегарданд.
24. Давраи нигоҳубини шахси маъюби гурўҳи якум, кўдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли аз 80-сола боло, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад,  дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ мешавад:
- санади мақоми ваколатдори давлатии маҳаллӣ оид ба санҷиши воқеияти амали нигоҳубини шахси эҳтиёҷманд;
- нусхаи маълумотномаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба муқаррар намудани гурўҳи маъюбӣ ба шахси ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли шахси ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта (маъюби гурўҳи I, кўдаки маъюби то 18-сола, пиронсоли аз 80-сола боло).
25. Давраи нигоҳубини кўдакони то синни 3-сола аз тарафи модаре, ки муваққатан кор намекунад, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи синну соли кўдак (шаҳодатномаи таваллуд) муқаррар карда мешавад. Дар маҷмўъ давраи нигоҳубини кўдакон аз тарафи модар, ки ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад, наметавонад аз 60 моҳ зиёд бошад.
26. Давраи дар ҳабси пешакӣ қарор доштан, давраи адои ҷазо дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум сохтан ё бадарға кардан бо маълумотномаҳои муассисаҳои тафтишотӣ, мақомоти адлия ё корҳои дохилӣ тасдиқ гардида, дар сурате ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳо оид ба сафедкунӣ (маълумотномаи мақомоти судӣ, мақомоти прокуратура ё мақомоти тафтишотӣ оид ба ҳукми сафедкунанда ё қарор (таъинот) дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ) пешниҳод карда шаванд.
27. Давраи ба сар бурдани ҳамсарони ҳайати афсарон, прапорщикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии зиёда аз мўҳлат бо шавҳаронашон дар минтақаҳое, ки имконияти бо кор таъмин намудани онҳо аз рўи ихтисосашон мавҷуд набуд, бо маълумотномаҳои қисмҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои дахлдор тасдиқ ва ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад.
28. Зимнан барои ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ то 1 январи соли 1990 озодгардида давраи ба сар бурдан бо шавҳаронашон дар минтақаҳое, ки имконияти бо кор таъмин намудани онҳо аз рўи ихтисосашон мавҷуд набуд, бо маълумотномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ тасдиқ карда мешавад.
29. Давраи зикргардида ба собиқаи корӣ ба андозаи на зиёда аз собиқаи корие, ки ҳангоми муроҷиат барои таъини нафақа мавҷуд буд, вале на зиёда аз 10 сол ҳисоб карда мешавад.
30. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ ва ғайриимкон будани гирифтани онҳо бо сабабҳои амалиёти мусаллаҳона ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаи гузаштае, ки аз тарафи мақомоти дахлдор расман тасдиқ гардидаанд, собиқаи корӣ дар асоси гувоҳии на кам аз ду шоҳид муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат собиқаи корие, ки барои таъини нафақа зарур аст,  метавонад пурра дар асоси гувоҳии шоҳидон тасдиқ карда шавад.
31. Шоҳид шахсе буда метавонад, ки бо аризадиҳанда дар як корхона, муассиса, ташкилот, колхоз ё дар як система кор карда, худаш ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатиро барои даврае, ки шоҳидӣ медиҳад, дошта бошад.
32. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ ва ғайриимкон будани гирифтани онҳо бо сабабҳои барҳам дода шудани корхона, муасссиса, ташкилот ё набудани маълумот дар бойгонӣ, собиқаи корӣ дар асоси гувоҳии на камтар аз ду шоҳид тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат низ шоҳид шахсе буда метавонад, ки бо аризадиҳанда дар як корхона, муассиса, ташкилот, колхоз ё дар як система кор карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатиро барои даврае, ки шоҳидӣ медиҳад, дошта бошад.
33. Зимнан давомнокии собиқаи кории бо гувоҳии шоҳидон тасдиқгардида аз нисфи собиқаи корие, ки барои таъини нафақа зарур аст, зиёд буда наметавонад.
34. Барои тасдиқи собиқаи корӣ дар асоси гувоҳии шоҳидон дар назди сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳал комиссия оид ба тасдиқи собиқаи корӣ таъсис дода мешавад. Ҳайат ва тартиби кори комиссияи мазкурро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян менамояд.  
35. Давраи кор дар назди шаҳрвандони алоҳида ва ташкилотҳои динӣ дар сурате ҳамчун собиқаи корӣ тасдиқ карда мешавад, ки агар созишномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳо бо иштироки намояндаи иттифоқи касаба баста шуда бошад. Чунин давраҳои корӣ бо гувоҳии шоҳидон тасдиқ карда намешаванд.
36. Давраи кор ба ҳайси чўпон бо созишномаи меҳнатии байни ў ва соҳибони чорво бо иштироки намояндаи иттифоқи касаба ё намояндаи шўрои деҳот басташуда тасдиқ карда мешавад.
37. Собиқаи кории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кироя дар хориҷи кишвар тибқи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашуда муқаррар карда мешавад.


38. Ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории аз тарафи мақомоти  давлатҳое додашуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо созишномаҳои дахлдор бастааст, барои баррасӣ бе барасмиятдарорӣ қабул карда мешаванд.  
39. Ҳуҷҷатҳое, ки барои тасдиқи собиқаи корӣ пешниҳод мегарданд, бояд аз ҷониби шахсони масъул имзо шуда, бо мўҳр тасдиқ шуда бошанд.
40. Маълумотномаҳое, ки аз тарафи колхоз дар давраи фаъолият ё баъди анҷоми он ба аъзои худ додааст, метавонанд бе нишон додани асоси додани онҳо низ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ба ҳисоб гирифта шаванд.
41. Агар насаб, ном ва номи падари шахси муроҷиаткунанда дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ба ном, номи падар ва насаби шахс дар шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуди он мувофиқат накунад, ҳолати мазкур дар асоси маълумотномаи дахлдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё бо тартиби судӣ муқаррар карда мешавад.
42.  Дар ҳолатҳое, ки дар ҳуҷҷати пешниҳодшуда оид ба собиқаи корӣ танҳо солҳо бе нишон додани санаи дақиқ қайд шуда бошанд, 1 июли соли дахлдор ҳамчун сана қабул карда мешавад. Дар сурате, ки рўзи моҳ нишон дода нашуда бошад, чунин рўз санаи 15-уми моҳи дахлдор ба ҳисоб меравад.

5. ДАВРАҲОИ КОРИ ДОРОИ ХУСУСИЯТҲОИ ХОС
ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯ

43. Давраи кор дар колхоз аз рўи давомнокии воқеӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
44. Давраи кор дар давоми мавсими пурра дар корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои мавсимии саноати коркард сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо, инчунин дар совхозҳо ҳамчун соли тақвимии корӣ ҳисобида мешавад.
45. Намудҳои дигари корҳои мавсимӣ ба собиқаи корӣ аз рўи давомнокии воқеиашон дохил карда мешаванд.
46. Фаъолияти меҳнатии бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда дар давраи то соли 1992 дар қаламрави собиқ ИҶШС ба собиқаи корӣ барои конвертатсия дохил карда мешавад.

6. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ГУЗАРО-НИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯ БАЙНИ ШАХСОНИ СУҒУРТАШУДА ВА МАҚОМИ ВАКОЛАТДОР ДАР СОҲАИ ТАЪМИНОТИ НАФАҚА

47. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои гузаронидани конвертатсия байни шахсони суғурташуда ва мақоми ваколатдор дар соҳаи таъминоти нафақа бо тартиби муқарраргардида, аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.

7. НАЗОРАТИ ДУРУСТИИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯ

48. Назорати дурустии гузаронидани конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва дохил намудани маблағҳои дар натиҷаи гузаронидани он бадастомада ба сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдор  дар соҳаи таъминоти нафақа ва дигар мақомоте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Дополнительная информация