Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013, №344

§ 5. Реҷаи ҳароратию намнокӣ

66. Дар бинои махзан, ки системаи ҳавотозакунӣ муҷаҳҳаз гардидааст, барои ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ намуд ва хусусияти хоси онҳоро ба инобат гирифта, бояд реҷаи мувофиқати нигоҳдошти реҷаи ҳароратию намнокӣ чунин бошад: барои хуҷҷатҳои коғазӣ-ҳарорат 17-19 дараҷа, намии нисбии ҳаво 50-55 фоиз; барои мавод дар лентаҳои магнитӣ ва дискҳо -15-20 дараҷа ва 50-65 фоиз.
67. Тағйирёбии ҳарорат ва намнокӣ дар махзан иҷозат дода намешавад. Дар бинои иқлими бетанзим бояд чорабиниҳо оиди мутобиқгардонии шароити иқлимӣ дар асоси гармидиҳии сарфакорона ва шамолдиҳии бино, истифодаи воситаҳои хушккунӣ ва ё намнокии ҳаво гузаронда шаванд. Дар ҳолати дурудароз ва мўътадил баланд будани намнокии ҳаво то 80-90 фоиз чораҳои ҳатмӣ оиди мўътадилгардонии шароити иқлимӣ (шамолдиҳӣ, хушк кардани амбор, бартараф намудани сабабҳои баландшавии намнокӣ) гузаронида мешаванд.
68. Реҷаи ҳароратию намнокӣ дар махзан бо роҳи ченкунии нишондиҳандаҳои ҳаво дар бинои конденсионердошта як маротиба дар як ҳафта назорат бурда мешавад, дар бино бо иқлими танзимнашаванда ду маротиба дар як ҳафта ва дар реҷаи вайронкунии нигоҳдорӣ - ҳар рўз.
69. Асбобҳои назоратию ченкунии (ҳароратсанҷҳо, асбоби муайянкунандаи намнокии ҳаво, рутубатсанҷҳо) дар воридгоҳи асосӣ дар рафҳо дуртар аз ҷойи гармидиҳандаҳо ва системаи ҳавотозакунӣ ҷойгир карда мешаванд. Нишондиҳандаҳои асбобҳо дар китоби бақайдгирӣ қайд карда мешаванд.

§ 6. Реҷаи санитарию беҳдоштӣ

70. Ҳуҷраи бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бояд тоза, дар шароити имконияти пайдо нагардидани мағор, ҳашарот, хояндаҳо ва чанг бошад.
71. Дар ҳуҷраи махзан бояд гардиши озоди ҳаво барои қисмҳои шамолнагузаранда, зарарнок дар муносибати санитарию биологӣ таъмин бошад.
72. Дар фасли гармӣ тирезаҳои кушодашаванда ва сўрохиҳои ҳавотозакунӣ дар деворҳо, шифту фарши махзан бояд бо тўри андозаи на камтар аз 0,5 мм ҳимоя шаванд.
73. Дар ҳуҷраҳои махзан бо либоси болоӣ, тар ва пойафзоли ифлос, нигоҳдории маҳсулоти хўрокворӣ ва сигоркашӣ манъ аст.
74. Дар ҳуҷраҳои махзан рўбучини мунтазами намнокро гузаронидан лозим аст. Ҳар сол на камтар аз як маротиба рафу ҷевонҳо, воситаҳои нигоҳдорӣ, фаршҳо, зертахтаҳо, канораҳои тирезаҳо, қисми таҳкурсии рафҳо бо маҳлули обакии антисептикии (формалин 2 фоиза ва катамини АБ 5 фоиза) коркард карда мешавад.
75. Ҳар сол ду маротиба (дар аввал ва охири мавсими гармидиҳӣ) ҳуҷҷатҳо (интихобан) ва дар ҳуҷраҳои махзанҳо барои сари вақт пайдо намудани ҳашарот ва мағорбандӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
76. Дар сурати пайдо шудани зараррасонҳои биологӣ чораҳои бетаъхир оиди дезинфексия ва дезинфексияи ҳуҷраҳо бо қувваи бойгонӣ, стансияи эпидемиологӣ ё хадамоти карантинӣ гузаронда мешаванд.
77. Ҳангоми гузаронидани коркарди санитарӣ ё рўбучин бояд ба ҳуҷҷатҳо об ва маҳлулҳои антисептикӣ нарасад.

§ 7. Реҷаи муҳофизатӣ

78. Реҷаи муҳофизатӣ аз интихоби маҳалли ҷойгиршавии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар ҳуҷра, воситаҳои техникии ҳимоя, ташкили системаи муҳофизатӣ, таҷҳизоти огоҳкунанда ва назорати видеосабтӣ, риояи тадбирҳои реҷаи иҷозатдиҳӣ, тартиби дастрасӣ ба махзан, мўҳру сурғуч кардани бино таъмин карда мешавад. Қисми берунии дарҳои бойгонӣ ва махзанҳо бояд рўкаши оҳанӣ ва ғалақаи мустаҳкам дошта бошанд. Дар дастрасии қисми берунии тирезаҳо панҷараи оҳанини қулфдор ва ба берун кушодашаванда гузошта мешаванд. Бинои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бо дастгоҳи огоҳкунандаи муҳофизатӣ таҷҳизонида шуда, дар вақти берун аз кор ба дарҳо мўҳру сурғуч зада мешаванд. Махзанҳо дар вақти корӣ бояд бо қулф маҳкам бошанд. Ҳуқуқи даромадан ба махзанро сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ва корманди махзани мазкур дорад, аммо дар ҳолатҳои алоҳида шахсони дигар низ бо мушоиати онҳо, ҳуқуқ доранд. Баровардани ҳуҷҷатҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ танҳо бо рухсатномаи махсус, ки муассисаи суғурта муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.
79. Реҷаи муҳофизатӣ инчунин ба ҳуҷраҳое, ки муваққатан ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд, паҳн мегардад.

§ 8. Ҷойгиркунии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар махзан

80. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии дар махзанҳо бо тартибе, ки нигоҳдории маҷмўии онҳоро таъмин менамояд мувофиқ ба ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҷустуҷўи фаврӣ ҷойгир карда мешаванд. Тартиби ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз рўи нақша (ангора) ва ҷойгиркунии онҳо муайян карда мешавад.
§ 9. Воситаҳои нигоҳдорӣ
81. Махзанҳо бо рафҳои доимӣ ё сайёри металлӣ ҷиҳозонида шуда, ба сифати воситаҳои ёрирасони нигоҳдорӣ ҷевонҳо, сандуқҳо, ҷевонрафҳои металлӣ истифода бурда мешаванд.
82. Рафҳо ва воситаҳои кушодаи нигоҳдорӣ ба таври амудӣ ба деворҳо бо ҷои тирезамонӣ гузошта мешаванд, аммо дар ҳуҷраҳои бетиреза бошад, бо дарназардошти хусусиятҳои ҳуҷраҳо ва таҷҳизот муқаррар карда мешавад. Ҷойгиркунии воситаҳои нигоҳдорӣ дар деворҳои берунии ҳуҷра ва манбаи гармидиҳӣ роҳ дода намешавад.
83. Ҷобаҷогузории воситаҳои нигоҳдорӣ мутобиқи меъёрҳо амалӣ карда мешавад.
- масофаи байни қаторҳои рафҳо (гузаргоҳи асосӣ) - 120 см;
- масофаи байни қаторҳои рафҳо - 15 см;
- масофаи байни девори берунии ҳуҷра ва рафҳо бо деворҳои мувозӣ (параллелӣ) -75 см;
- масофаи байни девор ва паҳлўи раф ё ҷевон (гирдогирд) - 45 см;
- масофаи байни фарш ва рафи поёнии ҷевон на камтар аз 15 см ва дар пойдевори ошёна на камтар аз 30 см.
84. Таҷҳизот бо қисмҳои ҳаракаткунанда (қуттӣ, қисмҳо, даричаҳо), бо меъёрҳои махсус бо дарназардошти андозаҳои хоси воситаҳои нигоҳдорӣ гузошта мешаванд.
85. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар рафҳо, ҷевонҳо бо истифодаи воситаҳои аввалияи ҳифзу нигоҳдорӣ (қуттиҳо, ҷузвдонҳо, ғилофҳои махсус, лифофаҳо ва ғайра мутобиқи намудҳо, андозаҳо ва дигар ҳусусиятҳои берунии ҳуҷҷатҳо ҷойгир карда мешаванд.
86. Ҳуҷҷатҳои қоғазии нигоҳдории доимӣ дар ҷузвдонҳои махсус, вале ҳуҷҷатҳои нигоҳдории муваққатӣ дар дастаҳо ҷойгир карда мешаванд.
87. Ҷойи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электрониро сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ муайян мекунад. Ҳуҷҷатҳои электронӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ё дар қисмҳои махсус (утоқ барои сервер) нигоҳ дошта мешаванд.
88. Шартҳои ҳатмии дар бойгонӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои электронӣ аз инҳо иборатанд:
- дар бойгонӣ мавҷуд будани воситаҳои дастгоҳиву барномавӣ барои нигоҳдорӣ, нусхабардорӣ, таҷдиди ҳуҷҷатҳои электронӣ, аз нав сабт намудани онҳо бо андозаи нав, фиристодани иттилоот тавассути шабакаҳои алоқа ва ғ.;
- таъмини дастрасӣ ба иттилоот, ба истифодабарандагони дарачаҳои муайяншуда, инчунин таъмини ҳифзи иттилоот бе иҷозати дастрасии он (бо роҳи ба кор бурдани воситаҳои техникии дахлдор ва меъёрҳои ҳуқуқӣ);
- таъмини реҷаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки гум кардан, нобудшавӣ ва ғалат маънидод намудани иттилоотро истисно мекунад.
89. Таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳамчунин дастгирии реҷаи мувофиқи нигоҳдории ҳомилҳои ҳуҷҷатҳои электрониро пешбинӣ менамояд.
90. Бо мурури фарсудашавии ҳомил аз нав сабт шудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар ҳомилҳои нав.
91. Ҷойгиркунии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар фарш, назди тиреза ва дастаҳои бетартиб роҳ дода намешавад.

Дополнительная информация