Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013, №344

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" бо мақсади ташкили баҳисобгирӣ, таъмин, нигоҳдорӣ ва тартиби истифодабарии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз рўзи интишор мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 августи соли 2013, № 344
ш. Душанбе


Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2013, № 344
тасдиқ шудаст

Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ (минбаъд - Қоидаҳо) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ва "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", ки талаботи ягонаро ба ташкили нигоҳдорӣ, таъмини беосеб нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ, тавсиф, баҳисобгирӣ, истифода намудан ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ муқаррар менамояд, таҳия гардидааст.
2. Бо мақсади сари вақт қабул намудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта, таъмини баҳисобгирии онҳо, нигоҳдорӣ, тартиб ва истифодаи он тибқи Қоидаҳои мазкур, бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ таъсис дода мешаванд.
3. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ дар ҳайати Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ таъсис гардида, қабул ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро бо мақсади истифодабарӣ ва нигоҳдории минбаъдаи онҳо дар раванди таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ таъмин менамояд.
4. Муассисаи суғурта мутобиқи Қоидаҳои мазкур бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро бо бинои зарурӣ ва таҷҳизот таъмин менамояд.
5. Шумора ва тахассуси мутахассисони бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, вобаста ба ҳаҷм ва мураккабии корҳои иҷрогардида дар доираи шумораи муқарраргардида ва фонди музди меҳнат муайян карда мешаванд.
6. Шаклҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои бойгонии баҳисобгирии инфиродии дар Қоидаҳои мазкур зикршуда аз ҷониби муассисаи суғурта тасдиқ мегарданд.
7. Шахсони масъули муассисаи суғурта барои вайрон кардани меъёрҳои дар Қоидаҳои мазкур муайянгардида, масъулият ба зимма доранд.

2. Мафҳумҳои асосӣ

8. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ - воҳиди сохтории муассисаи суғурта, ки қабул, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро, ки дар натиҷаи пешбурди баҳисобгирии инфиродӣ ташкил ёфтааст, амалӣ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ - ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти инфиродиро оид ба шахсони суғурташуда ва суғуртакунанда, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ё суратҳисоби инфиродӣ ташаккул ёфтаанд, дар бар мегирад;
- шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба манфиати ў тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ карда мешавад;
- корткунонӣ - тарзи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳоро аз таъсири зараровари муҳити атроф таъмин менамояд;
- ҳуҷҷатҳои махфӣ - ҳуҷҷатҳое, ки ошкор ва паҳн карда намешаванд;
- дастгоҳи меъёрию маълумотдиҳӣ - маҷмўи таркибёфтаи унсурҳои тавсифи ҳуҷҷатҳо (маълумоти такрории ҳуҷҷатҳо) дар намудҳои гуногуни рўйхатҳои маълумотдиҳии бойгонӣ ва махзани иттилоот пешниҳод гардида, барои ҷустуҷўи ҳуҷҷатҳо ва иттилооти ҳуҷҷатӣ пешбинӣ гардидааст;
- ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ - ҳуҷҷатҳои дар асоси маълумоти шиноснома, баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ё ҳуҷҷатгузории ташкилию тартибӣ тартиб дода шуда, дақиқӣ ва пуррагии иттилоотро дар бораи шахсони суғурташуда, музди меҳнат ва дигар даромадҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ, собиқаи суғуртавӣ ва вазъи оилавии онҳо тасдиқ мекунад;
- баҳисобгирии инфиродӣ - усули ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумот, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ зарур мебошанд;
- муассисаи суғурта - мақоми ваколатдори давлатие, ки баҳисобгирии инфиродиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;
- суғуртакунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавиро пардохт менамояд;
- топографикунонӣ - дар махзан сарфакорона ҷо ба ҷо ва мустаҳкам намудани ҷойи нигоҳдории ҳуҷҷатҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ, ки тартиби ҷустуҷўи фаврии онҳоро таъмин менамояд;
- нишондиҳандаи топографӣ - маҷмўи аломатҳои аз рўи алифбо, система, хронологӣ, рақамгузорӣ ё ягон аломати дигари тафсифшуда ба танзим дароварда шуда, ҷойгиршавии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро ифода мекунад;
- фонди истифода - маҷмўи нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- махзан - биное, ки барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ пешбинӣ шуда, бо воситаҳои дахлдори нигоҳдорӣ ва ҷустуҷўй таҷҳизонида шудааст;
- ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ - шакли тайёр намудан, фиристодан, дастрас ё ин ки нигоҳдории иттилоот тавассути воситаҳои электронию техникӣ, ки дар диски магнитӣ, навори магнитӣ, диски лазерӣ ва дигар ҳомилҳои маводи электронӣ сабт шудаанд.


3. Вазифаҳои асосӣ ва функтсияи бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

9. Вазифаҳои асосии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ инҳо мебошанд:
- ҷамъоварии бойгонӣ бо ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ, ки тавассути санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои пешбинигардида тартиби ташкил ва пешбурди баҳисобгирии инфиродиро оид ба шахсони суғурташуда барои мақсадҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба танзим медарорад;
- ташкили баҳисобгирӣ ва таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии барои нигоҳдорӣ қабулшуда;
- риояи махфияти иттилоот дар ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии дар бойгонӣ маҳфузшаванда;
- ташкили истифодаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- таъсис додани махзани иттилооти автоматикунонидашуда аз рўи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва низоми ҷустуҷўи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
10. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бо мақсади иҷрои масъалаҳои ба он вобасташуда вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- ба инобат гирифтан, ҷамъоварӣ ва таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии қабулшуда;
- қабули ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ, таъмини нигоҳдории онҳо, баҳисобгирӣ, интихоб ва истифодабарӣ, инчунин омода ва супоридан барои нигоҳдории доимӣ ё дарозмуддатро амалӣ менамояд;
- топографикунонӣ ва корткунонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии барои нигоҳдорӣ қабулшударо таъмин менамояд;
- истифодаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро дар фаъолияти амалӣ ҳангоми таъин ва пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо таъмин менамояд;
- махфияти иттилооти ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии барои нигоҳдорӣ қабулшударо таъмин менамояд;
- таиёр намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳои шахсони суғурташударо аз рўи аризаҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро бо сабаби гузаштани мўҳлати нигоҳдории онҳо барои нобуд сохтан, амалӣ менамояд;
- фаъолиятиро корро оид ба тартиб додани номгўи парвандаҳо барои воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта ташкил мекунад;
- дар таҳия намудани номгўи парвандаҳо, муқаррарот, тавсия ва дастурамалҳо оид ба кори бойгонӣ ва ташкили ҳуҷҷатҳо дар ҳуҷҷатгузории воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта иштирок менамояд;
- дар ҳолати воқеӣ дастгоҳи илмию маълумотдиҳиро ба ҳуҷҷатҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ таъсис ва дастгирӣ менамояд;
- ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳоро гузаронида, маҷмўи чорабиниҳои ташкилӣ ва методиро оид ба нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ амалӣ месозад;
- санҷиши дурустии ташаккул ва ба расмиятдарории парвандаҳоро дар воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта - манбаъҳои ҷамъоварӣ амалӣ менамояд;
- хизматрасонии иттилоотии роҳбарон ва воҳидҳои сохтории муассисаи суғуртаро ташкил мекунад, истифодаи ҳуҷҷатҳоро аз рўи дархостҳои суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда амалӣ намуда, пешбурди баҳисобгирӣ ва таҳлили истифодаи ҳуҷҷатҳои дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ маҳфузшавандаро амалӣ месозад;
- ба воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта оид ба пешбурди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ кўмаки методӣ ва амалӣ мерасонад.

4. Ҳуқуқҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

11. Бо мақсади иҷрои вазифаҳо ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ҳуқуқ дорад:
- аз воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта мавод ва иттилоотро вобаста ба амалӣ гаштани вазифаҳои ба зиммаи бойгонӣ гузошташуда, дархост ва дастрас намояд, пешниҳоди саривақтии ҳамаи мавод ва ҳуҷҷатҳои заруриро талаб намояд;
- ба иҷрокунандагони воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта барои такмили ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродие, ки бо вайрон кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи меъёрии ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шудаанд, баргардонад;
- назорати риоя намудани тартиби муқарраргардидаи қабул ва супоридани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, қоидаҳои кор бо ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро дар воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта амалӣ намояд;
- аз воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта барасмиятдарории дурусти ҳуҷҷатҳои дархостшавандаро қабул намояд;
- таъмини шароити зарурии нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро талаб намояд;
- дастрасӣ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ба шахсоне, ки дар Номгўи шахсони ҳуқуқи дастрасӣ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ доранд ва аз ҷониби роҳбарияти муассисаи суғурта муайян карда шудааст, маҳдуд намояд;
- аз воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта сари вақт супоридани ҳуҷҷатҳоро ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар ҳолати муносиб талаб намояд;
- тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷиҳати ба ҷавобгирии маъмурӣ (ҷиноятӣ) кашидани шахсоне, ки дар гум кардан, паҳн намудан, дуздидани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ (шаклҳои электронӣ ва коғазии ҳуҷҷатҳо, ҳисобот, махзани иттилоот ва ғ.) гунаҳкоранд, чораҳо андешад;
- аз шахсони мансабдор бартараф намудани вайронкунии ҳангоми коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ роҳдодаро талаб намояд;
- ба роҳбари бевоситаи худ оид ба масъалаҳои беҳтар намудани кори бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ пешниҳодҳо манзур намояд;
- дар муайян намудани талабот ба таҷҳизоти нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ иштирок намояд;
- дар таҳия намудани муқаррарот ва дастурамал оид ба пешбурд ва ташкили нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ иштирок намояд.

5. Масъулияти бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

12. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ якҷоя бо роҳбари Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ масъуланд барои:
- риоя накардани шароити таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- гум кардан ва нобудсозии беасоси ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- беасос рад намудан дар қабулу нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва оид ба ҳайати шахсии муассисаи суғурта, ҳангоми барҳамдиҳӣ ё иваз намудани шаклҳои моликияти суғуртакунанда;
- риоя накардани қоидаҳои истифодаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва дастрасии истифодабарандагон ба онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
13. Вайронкунандагони реҷаи дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ё вайрон кардани талабот оид ба таъмини махфияти иттилоот тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.


6. Ташкили ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

§ 1. Ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

14. Ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ- ин мунтазам пур кардани бойгонии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ва ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои воҳидҳои сохтории муассисаи суғурта, суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда, ки манбаи ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ маҳсуб меёбанд.
15. Ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар бар мегирад:
- муайян намудани манбаъҳои ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- муайян намудани таркиби ҳуҷҷатҳои барои қабул ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ тааллуқдошта;
- ташкили супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ.

§ 2. Манбаъҳои ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

16. Манбаъҳои асосии ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ инҳоянд:
- воҳидҳои сохтории муассисаи суғурта;
- суғуртакунандагон;
- шахсони суғурташуда;
- дигар мақомоти давлатӣ (Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шўъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрванди (САҲШ), Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
17. Таркиби ҳуҷҷатҳое, ки бояд ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ супорида шаванд.
18. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ тибқи муқаррароти он бо ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки барои таъин ва пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо заруранд, пур карда мешавад.
19. Ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ҳуҷҷатҳои суғурташудагони қаблӣ, ҳуҷҷатҳои суғурташудагони аз нав ташкилшуда ва барҳамдодашуда, инчунин шахсони суғурташуда ва нафақахўрони фавтида супорида мешаванд.
20. Ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ барои нигоҳдорӣ дар ҳайати фондҳои воҳидҳои сохтории зертобеъ - манбаъҳои ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ супорида мешаванд.

§ 3. Тартиб додан ва ба расмият даровардани феҳристи ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

21. Барои таъмини ҷамъоварии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар тамоми ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта феҳристи бойгонӣ ташкил дода мешавад. Феҳристи бойгонӣ (минбаъд - феҳрист) - ин маълумотдиҳандаи бойгонӣ, ки номгўи систематикунонидашудаи воҳидҳои нигоҳдории фонди бойгониро дар бар гирифта, барои баҳисобгирии онҳо ва кушодани мўҳтаво пешбинӣ гардидааст. Феҳристҳо алоҳида тартиб дода шуда, дар худ номгўи парвандаҳоро бо тартиби рақамгузории мустақил дар бар мегиранд.
22. Дар ҳар як воҳиди сохтории зертобеи муассисаи суғурта ҳар семоҳа таҳти роҳбарии бевоситаи методии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ феҳристҳо тартиб дода мешаванд. Аз рўи ин феҳристҳо ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ супорида мешаванд. Феҳристҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта аз рўи шакли муқарраргардида дар се нусха тартиб дода шуда, ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ пешниҳод мегарданд.

§ 4. Тартиби супоридани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

23. Воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта ҳамаи ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро на дертар аз як моҳ баъди қабул ва коркарди онҳо ба бойгонӣ месупоранд.
24. Супоридани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз рўи ҷадвали аз ҷониби бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ тартибдодашуда бо мувофиқаи роҳбарияти воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта ва бо тасдиқи сардори маркази минтакавии баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғурта, амалӣ мегардад.
25. Ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории зертобеъ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз тарафи корманди бойгонии баҳисобгирии инфиродӣ ҷобаҷогузорӣ ва шумораи парвандаҳои ба рўйхат дохилкардашуда, санҷида мешавад. Ҳамаи камбудиҳои дар ташаккулёбӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ошкоргардидаро воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта ўҳдадоранд, бартараф намоянд. Ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ маълумотномаи дахлдор тартиб дода мешавад.
26. Қабул кардани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ оиди ҳар як суғуртакунанда аз ҷониби шахси масъули бойгонӣ (корманди махсус) дар ҳозири корманди воҳиди сохтории зертобеи муассисаи суғурта амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат дар ҳар ду нусхаҳои феҳрист муқобили ҳар як ҳуҷҷати баҳисобгирии инфиродӣ оиди мавҷуд будани парванда қайд мегардад. Дар охири ҳар як нусхаи феҳрист бо рақам ва ба таври хаттӣ шумораи қабули ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, вуҷуд надоштани рақами тартибии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, рўзи қабул ва супоридани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, инчунин имзои шахси масъули бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ (корманди бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ) ва шахси ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро супорида, нишон дода мешавад.
27. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта расонида мешавад.

§ 5. Тартиби супоридани ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

28. Тайёр намудани ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ барои супоридан ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз марҳилаҳои зерин иборат аст:
- санҷиши ҳолати воқеии ҳомилҳои мошинии барои супоридан ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ пешбинишуда;
- сабти ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии электронӣ дар ҳомили иттилоот;
- санҷиши сифати сабт;
- тавсифи ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ;
- гузоштани рамзҳои бойгонӣ ба воҳидҳои нигоҳдорӣ (дар ҷузвдонҳо) тибқи рўйхати ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродии нигоҳдории доимӣ:
- тайёр намудани маҷмўи ҳуҷҷатгузории ирсолшаванда.


29. Ҳуҷҷатгузории ирсолшавандаи ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ бояд барои таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо кофӣ бошад. Дар он иттилооти зерин инъикос мегардад: номи хуҷҷат, санаи таъсиси он, хусусияти мундариҷа (аннотатсия), шакли электронӣ, сохти воқеӣ ва мантиқи (барои махзани иттилоот, сомонаҳо ва ғ.), ҳаҷми ҳуҷҷатҳо (барои махзани иттилоот ва инчунин шумораи сабтҳо).
30. Ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ барои нигоҳдорӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ омилҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:
- маҳдудият дар қабули ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ;
- ба итмом расондани раванди ташкили ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ;
- арзиши гузаронидани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ба дигар шакл ҳангоми қабул ба бойгонӣ;
- мавҷуд будани санадҳои қонунгузории монеъшаванда ҷиҳати супоридани ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ;
- мавҷуд будани ҳуҷҷатгузории ирсолшаванндаи зарурӣ;
- мувофиқ будани навъи таҷҳизоти электронии реҷаи гуногуни нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии электронӣ;
- хароҷот барои таъмини нигоҳдорӣ.

§ 6. Талаботи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ қабулшаванда

31. Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз ҷониби кормандони бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва ё дигар воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта, ки ба зиммаи онҳо тартиб ва барасмиятдарории парвандаҳо бо кўмаки методӣ зери назорати бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ мебошад, гузаронида мешавад.
32. Ба расмият даровардани парвандаҳо пешбинӣ менамояд:
- дўхтан ё муқовакунии парванда;
- рақамгузории варақаҳои парванда;
- тартиб додани варақаи тасдиқкунанда;
- дар ҳолати зарурӣ тартиб додани феҳристи дохили ҳуҷҷатҳо;
- ворид намудани ислоҳҳои зарурӣ ба реквизитҳои болои муқоваи парванда (аниқ намудани номи суғуртакунанда, шохиси бақайдгирии парванда, санаи ниҳоии парванда, унвони парванда).

7. Ташкил кардани баҳисобгирӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

33. Баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонӣ - ин муайянкунии шумора ва таркиби онҳо дар воҳидҳои баҳисобгирии муқарраршуда ва қайди ашёи ҳар як воҳиди баҳисобгирӣ ба маҷмўи муайяншудаи шумораи онҳо дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ аст.
34. Зери мафҳуми ҳуҷҷати баҳисобгирӣ ҳуҷҷати шакли муқарраршуда фаҳмида мешавад, ки воридот, содирот, теъдод, таркиб ва вазъи ҳуҷҷатҳои бойгонии баҳисобгирии инфиродиро дар воҳидҳои баҳисобгирӣ мефаҳмонад.
35. Баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, яке аз воситаҳои таъмин ва назорати мавҷуд будани онҳо ба ҳисоб меравад.
36. Ба баҳисобгирӣ ҳамаи хуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии маҳфузшуда, инчунин нусхаи фонди истифодабарӣ (ҳангоми мавҷуд будан) ва феҳристи парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд.
37. Баҳисобгирӣ тавассути ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ додани рақами баҳисобгирӣ, ки қисми рамзи бойгонӣ буда, ба ҳар як воҳиди нигоҳдорӣ ба мақсади таъмини баҳисобгирӣ ва мушобеҳсозии он, гузаронида мешавад.
38. Рақамгузории фонди бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ пас аз ба расмият даровардани воридоти ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта дода мешавад.

§ 1. Тартиби пешбурди ҳуҷҷатҳои асосии баҳисобгирӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

39. Асос барои сабти ҳамаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ инҳо мебошанд:
а) ҳангоми воридоти ҳуҷҷатҳо ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ:
- феҳристи супоришии воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта;
- номгўи парвандаҳои воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта бо қайди шумораи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии қабулшуда ва супоридашуда;
- санади қабул ва супоридани ҳуҷҷатҳо аз дигар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, аз суғуртакунанда ё шахси суғурташуда.
б) ҳангоми содироти ҳуҷҷатҳо аз бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ:
- санади қабул ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ё бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии дигар маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ;
- санади баргардонидани хуҷҷатҳо ба иҷрокунанда;
- санади ҷудо кардан барои нобуд сохтани ҳуҷҷатҳое, ки нигоҳдорӣ намешаванд;
- санад оиди ҳуҷҷатҳои муайяннашуда, ки роҳи ҷустуҷўи онҳо барҳам хўрдаанд;
- санад оиди ҳуҷҷатҳои вайроншудаи ислоҳнашаванда.
40. Аз рўи натиҷаҳои иҷрои корҳои дохили бойгонӣ (ташкили феҳристи ҷамъбастӣ, навиштани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ташкили феҳрист ва ҳуҷҷатҳо, фонди истифодабарӣ, санҷиши мавҷуд будан ва вазъи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, санҷиши хуҷҷатҳои баҳисобгирӣ) ба расмият дароварда мешаванд:
- феҳристи ҷамъбастии парвандаҳо;
- санад оиди хатогиҳои техникӣ дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ;
- санад оиди дарёфти ҳуҷҷатҳо (ба фонди мазкури бойгонӣ дахл надошта, инчунин ҳисобнашуда ва ғ.).

§ 2. Китоби бақайдгирии воридот ва содироти ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

41. Китоби бақайдгирии воридот ва содироти ҳуҷҷатҳои бақайдгирии инфиродӣ барои қайди ҳамаи тағйироти умумӣ ва ҷорӣ (дар ҳолати 1 январи ҳар сол) дар сохт ва ҳаҷми фондҳо ва парвандаҳо дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ мебошад, ки бо қабул, ҷудо кардани парвандаҳои ба нигоҳдории минбаъда ҳоҷатнадоштан, супоридан ба дигар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ вобаста аст. Китоби бақайдгирии воридот ва содироти ҳуҷҷатҳо асос барои ташкили варақаҳои фондҳо, шиносномаи бойгонӣ хизмат мекунад.
42. Ҳамаи воридот ё содирот рақами тартибии мустақил мегирад. Агар воридот аз хуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии якчанд фондҳо бошад, пас маълумот аз рўи ҳар як фонд (номи фонд, рақами он ва ғ.) бо рақами тартибӣ ва бо сатри нав қайд мешаванд. Баҳисобгирии воридот ва содироти хуҷҷатҳо ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии дар як фонд маҳфузшуда, бо варақаи фонд бурда мешавад. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ метавонад дар китоби баҳисобгирии воридот ва содироти ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии ҳар як воҳиди сохтории зертобеи муассисаи суғурта мустақилона дида мебарояд.
43. Ҳар сол дар китоби баҳисобгирии воридот ва содироти ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ теъдоди дар як сол воридот ва содироти ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ (парвандаҳо), ҷамъбаст карда мешавад.


§ 3. Пешбурди баҳисобгирии махзани иттилоот

44. Баҳисобгирии махзани иттилоот бурда мешавад ҷиҳати:
- дар реҷаи автоматикунонидашуда ташкили ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии марказонидашуда;
- дар реҷаи автоматикунонидашуда тайёр кардани маълумоти гуногуни оморӣ, ҷадвали таҳлилӣ, аз ҷумла ҷарёни инкишофи тағйирёбии ҳаҷм, таркиб ва ҳолати ҳуҷҷатҳои бойгонӣ;
- пешниҳоди маълумоти фаврӣ дар бораи дар бойгонӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои бойгонии баҳисобгирии инфиродӣ дар давраи муқарраргардида.
45. Баҳисобгирии махзани маълумот дар асоси ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ пур карда мешаванд.
Барои таъмини якхела пур кардан ва пешбурди баҳисобгирии махзани маълумот дастур таҳия мегардад, ки мўҳтавои ҳар як реквизит ва ташкили пешбури махзани иттилоотро тавсиф менамояд.
46. Қабл аз оғози кор санҷиши мақсадноки ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва тавозуни ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ гузаронида мешавад.
47. Бо тартиби нақшавӣ кор оид ба пур кардани махзани иттилоот то 1 январи соли минбаъда пас аз соли ҳисоботӣ амалӣ карда мешавад. Минбаъд тағйироти фаврӣ дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва баҳисобгирии махзани иттилоот ворид карда мешавад.

8. Ташкил кардани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

§ 1. Низоми чораҳои таъмини маҳфузияти ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

48. Ташкил кардани нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣнизоми чорабиниҳо мебошад, ки сарфакорона ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо, назорати воридоту содироти онҳо, вазъи воқеӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо бо мақсади ташкил намудани фонди истифодабарӣ, барқароркунии ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ё ба ибтидоӣ наздик ва аломатҳои берунаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии вайроншуда ё зарардидаро дар бар мегирад.
49. Барои таъмини маҳфузияти ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бояд амалӣ шаванд:
- маҷмўи чораҳои ташкил намудани нигоҳдорӣ, ки таъсиси заминаи моддию техникии нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро пешбинӣ менамояд (бино ва ҳуҷраи махзанҳо, воситаҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, муҳофизат ва бехатарии нигоҳдорӣ, воситаҳои назорати муҳит, нусхабардорӣ ва барқарор кардани ҳуҷҷатҳои вайроншуда ва ғ.);
- маҷмўи чораҳо оиди ташкил ва риояи шароитҳои меъёри нигоҳдории ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ (ҳароратию намнокӣ, рўшноӣ, санитарӣ, беҳдоштӣ, реҷаи муҳофизатии нигоҳдорӣ).
50. Низоми чораҳо оиди ташкили нигоҳдорӣ бояд маҳфузияти ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ва назорати вазъиати воқеии онҳоро ҳангоми воридоти ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ таъмин намояд. Ҳангоми ташкили нигоҳдорӣ ва фароҳам овардани шароити нигоҳдорӣ бояд хусусияти намуди таркибии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ба назар гирифта шавад.

§ 2. Талабот ба бино ва ҳуҷраҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

51. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар биноҳои махсус ё барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо сохташуда ё дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷойгир карда мешавад. Ҳуҷраҳои алоҳида барои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бояд дар вақти сохтмон ё аз нав таҷҳизонидани бинои маъмурии муассисаи суғурта ба инобат гирифта шавад.
52. Ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷраи махсус барои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ хуҷраи муҷаҳҳаз дар бинои маъмурии воҳиди сохтории зертобеи муассисаи суғурта ҷудо карда мешавад. Дар бинои муҷаҳҳаз ҷойгир намудан пас аз ташхиси бо тартиби муқарраргардида гузаронидашуда амалӣ мегардад. Ташхиси коршоямии ҳуҷра (оташтобоварӣ, дарозмўҳлатӣ, пойдории таркиб, мустаҳкамии техникӣ), ҳолати ҳуҷра, мавҷуд будани системаи гармидиҳӣ ва ҳавотозакуниро муқаррар менамояд. Ташхисро намояндагони хадамоти бойгонӣ, баистифодадиҳӣ, оташнишонӣ, муҳофизат, санитарӣ ва дигар хадамот амалӣ мекунанд. Натиҷаҳои ташхис бо санад ба расмият дароварда мешавад.
53. Ба истифода қабул намудани бинои кўҳна, намнок, гармнашаванда, ба талаботи санитарию беҳдоштӣ ҷавобгў набуда, инчунин биноҳои хадамоти хўроки умум, махзан ва ташкилоти озуқаворӣ, ки моддаҳои оташангез ё технологияи химиявӣ ва зарарнокро нигоҳ медоранд, иҷозат дода намешавад.
54. Ба ҳуҷраҳои таъиноти асосии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дохил мешаванд:
- махзан барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- ҳуҷра барои қабул, ҷойгиркунии муваққатӣ, мутобиқгардонии иқлимии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва корҳои ёрирасон бо онҳо;
- ҳуҷра барои истифодаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ; (толори китобхонӣ)
- ҳуҷра барои нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- ҳуҷраҳои кории кормандони бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
55. Ҷудо кардани ҳуҷраҳои алоҳида бо девори асосӣ ва қитъаҳои иловагӣ иҷозат дода мешавад.
56. Махзанҳо бояд дар ҳуҷраҳои ҷудокардашуда ҷойгир карда шаванд. Бинои махзанҳо бояд аз ҷиҳати сўхторангезӣ ҳифзшуда, аз ғарқшавӣ маҳфузшуда ва баромадгоҳи эҳтиётӣ дошта бошад. Дар ҳуҷраҳо набояд қубурҳои газ ва обгузар бошад. Нигоҳдорӣ дар ҳуҷраҳои бетиреза дар сурати доштани ҳавотозакунии сунъӣ ва ё табиӣ, ки дар як соат 2-3 каратаи ҳавотозакуниро таъмин менамояд, иҷозат дода мешавад.
57. Ноқилҳои барқӣ дар махзанҳо бояд ба назар нарасанд, васлакҳои штепселӣ бояд маҳкам буда, дастгоҳи барқии аз ҷое ба ҷое интиқолшаванда бояд ноқили резинӣ дошта бошанд. Рубилникҳои умумӣ ва ошёнагӣ бояд берун аз бинои махзан ҷойгир бошанд.
58. Таъмири бинои махзан бо истифодаи маводи чангнагиранда ва дар системаи оташхомўшкунӣ ашёи бехатар барои хуҷҷатҳо истифода мешаванд.
59. Дар махзанҳо истифодаи оташ, дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва ҷойгир намудани ашёи бегона манъ аст. Корҳои таъмирию васлкунӣ бо риоя намудани чораҳои муҳофизатӣ, ҳифзи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ гузаронида мешавад.

§ 3. Реҷаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

60. Ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бояд дар шароитҳои таъминкунандаи ҳифз аз вайроншавӣ, таъсири зараровари муҳити зист ва гум шудани онҳоро истисно мекунад, нигоҳдорӣ шаванд.

§ 4. Реҷаи рўшноӣ

61. Нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ бояд дар торикӣ сурат гирад. Ҳамаи корҳо бо ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ бояд бо маҳдудият ё технологияи зарурии рўшноӣ гузаронида шавад.
62. Рўшноӣ дар махзанҳо бояд табиӣ ва сунъӣ бошад.
63. Рўшноии табиӣ дар махзан бо пароканиши рўшноӣ иҷозат дода мешавад, ба шарти дар тирезаҳо истифодаи пароканиши рўшноӣ, танзимкунандаи ҷараёни рўшноӣ, нурполоҳои ҳифзкунанда, парда, чихпардаҳо, рангкунии оинаҳо истифода бурда шаванд. Барои ҳифзи ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ муқовабандӣ, ҷузвъдонкунӣ, қуттикунонӣ, ҷевонҳо, дар стелажҳои намуди пўшида, коғазпеч кардан ва ғайра истифода мешавад.
64. Барои таъмини рўшноии сунъӣ чароғҳои тафсони дар плафонҳои маҳками сатҳаш ҳамвор ҷойгиршуда истифода мешаванд. Истифодаи чароғҳои люминатсионӣ бо қисмҳои буридаи ултурабунафши спектри намуди ЛБ, ЛХБ, ЛТБ иҷозат дода мешаванд.
65. Сатҳи рўшноӣ дар фосилаи спектри зоҳирӣ набояд аз сатҳи хатти амудии раф дар баландии 1 метр аз фарш -20-50 вчр (воҳиди ченаки рўшноӣ), дар мизҳои корӣ - 100 вчр (воҳиди ченаки рўшноӣ) зиёд бошад.


§ 5. Реҷаи ҳароратию намнокӣ

66. Дар бинои махзан, ки системаи ҳавотозакунӣ муҷаҳҳаз гардидааст, барои ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ намуд ва хусусияти хоси онҳоро ба инобат гирифта, бояд реҷаи мувофиқати нигоҳдошти реҷаи ҳароратию намнокӣ чунин бошад: барои хуҷҷатҳои коғазӣ-ҳарорат 17-19 дараҷа, намии нисбии ҳаво 50-55 фоиз; барои мавод дар лентаҳои магнитӣ ва дискҳо -15-20 дараҷа ва 50-65 фоиз.
67. Тағйирёбии ҳарорат ва намнокӣ дар махзан иҷозат дода намешавад. Дар бинои иқлими бетанзим бояд чорабиниҳо оиди мутобиқгардонии шароити иқлимӣ дар асоси гармидиҳии сарфакорона ва шамолдиҳии бино, истифодаи воситаҳои хушккунӣ ва ё намнокии ҳаво гузаронда шаванд. Дар ҳолати дурудароз ва мўътадил баланд будани намнокии ҳаво то 80-90 фоиз чораҳои ҳатмӣ оиди мўътадилгардонии шароити иқлимӣ (шамолдиҳӣ, хушк кардани амбор, бартараф намудани сабабҳои баландшавии намнокӣ) гузаронида мешаванд.
68. Реҷаи ҳароратию намнокӣ дар махзан бо роҳи ченкунии нишондиҳандаҳои ҳаво дар бинои конденсионердошта як маротиба дар як ҳафта назорат бурда мешавад, дар бино бо иқлими танзимнашаванда ду маротиба дар як ҳафта ва дар реҷаи вайронкунии нигоҳдорӣ - ҳар рўз.
69. Асбобҳои назоратию ченкунии (ҳароратсанҷҳо, асбоби муайянкунандаи намнокии ҳаво, рутубатсанҷҳо) дар воридгоҳи асосӣ дар рафҳо дуртар аз ҷойи гармидиҳандаҳо ва системаи ҳавотозакунӣ ҷойгир карда мешаванд. Нишондиҳандаҳои асбобҳо дар китоби бақайдгирӣ қайд карда мешаванд.

§ 6. Реҷаи санитарию беҳдоштӣ

70. Ҳуҷраи бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бояд тоза, дар шароити имконияти пайдо нагардидани мағор, ҳашарот, хояндаҳо ва чанг бошад.
71. Дар ҳуҷраи махзан бояд гардиши озоди ҳаво барои қисмҳои шамолнагузаранда, зарарнок дар муносибати санитарию биологӣ таъмин бошад.
72. Дар фасли гармӣ тирезаҳои кушодашаванда ва сўрохиҳои ҳавотозакунӣ дар деворҳо, шифту фарши махзан бояд бо тўри андозаи на камтар аз 0,5 мм ҳимоя шаванд.
73. Дар ҳуҷраҳои махзан бо либоси болоӣ, тар ва пойафзоли ифлос, нигоҳдории маҳсулоти хўрокворӣ ва сигоркашӣ манъ аст.
74. Дар ҳуҷраҳои махзан рўбучини мунтазами намнокро гузаронидан лозим аст. Ҳар сол на камтар аз як маротиба рафу ҷевонҳо, воситаҳои нигоҳдорӣ, фаршҳо, зертахтаҳо, канораҳои тирезаҳо, қисми таҳкурсии рафҳо бо маҳлули обакии антисептикии (формалин 2 фоиза ва катамини АБ 5 фоиза) коркард карда мешавад.
75. Ҳар сол ду маротиба (дар аввал ва охири мавсими гармидиҳӣ) ҳуҷҷатҳо (интихобан) ва дар ҳуҷраҳои махзанҳо барои сари вақт пайдо намудани ҳашарот ва мағорбандӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
76. Дар сурати пайдо шудани зараррасонҳои биологӣ чораҳои бетаъхир оиди дезинфексия ва дезинфексияи ҳуҷраҳо бо қувваи бойгонӣ, стансияи эпидемиологӣ ё хадамоти карантинӣ гузаронда мешаванд.
77. Ҳангоми гузаронидани коркарди санитарӣ ё рўбучин бояд ба ҳуҷҷатҳо об ва маҳлулҳои антисептикӣ нарасад.

§ 7. Реҷаи муҳофизатӣ

78. Реҷаи муҳофизатӣ аз интихоби маҳалли ҷойгиршавии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар ҳуҷра, воситаҳои техникии ҳимоя, ташкили системаи муҳофизатӣ, таҷҳизоти огоҳкунанда ва назорати видеосабтӣ, риояи тадбирҳои реҷаи иҷозатдиҳӣ, тартиби дастрасӣ ба махзан, мўҳру сурғуч кардани бино таъмин карда мешавад. Қисми берунии дарҳои бойгонӣ ва махзанҳо бояд рўкаши оҳанӣ ва ғалақаи мустаҳкам дошта бошанд. Дар дастрасии қисми берунии тирезаҳо панҷараи оҳанини қулфдор ва ба берун кушодашаванда гузошта мешаванд. Бинои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бо дастгоҳи огоҳкунандаи муҳофизатӣ таҷҳизонида шуда, дар вақти берун аз кор ба дарҳо мўҳру сурғуч зада мешаванд. Махзанҳо дар вақти корӣ бояд бо қулф маҳкам бошанд. Ҳуқуқи даромадан ба махзанро сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ва корманди махзани мазкур дорад, аммо дар ҳолатҳои алоҳида шахсони дигар низ бо мушоиати онҳо, ҳуқуқ доранд. Баровардани ҳуҷҷатҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ танҳо бо рухсатномаи махсус, ки муассисаи суғурта муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.
79. Реҷаи муҳофизатӣ инчунин ба ҳуҷраҳое, ки муваққатан ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд, паҳн мегардад.

§ 8. Ҷойгиркунии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар махзан

80. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии дар махзанҳо бо тартибе, ки нигоҳдории маҷмўии онҳоро таъмин менамояд мувофиқ ба ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҷустуҷўи фаврӣ ҷойгир карда мешаванд. Тартиби ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз рўи нақша (ангора) ва ҷойгиркунии онҳо муайян карда мешавад.
§ 9. Воситаҳои нигоҳдорӣ
81. Махзанҳо бо рафҳои доимӣ ё сайёри металлӣ ҷиҳозонида шуда, ба сифати воситаҳои ёрирасони нигоҳдорӣ ҷевонҳо, сандуқҳо, ҷевонрафҳои металлӣ истифода бурда мешаванд.
82. Рафҳо ва воситаҳои кушодаи нигоҳдорӣ ба таври амудӣ ба деворҳо бо ҷои тирезамонӣ гузошта мешаванд, аммо дар ҳуҷраҳои бетиреза бошад, бо дарназардошти хусусиятҳои ҳуҷраҳо ва таҷҳизот муқаррар карда мешавад. Ҷойгиркунии воситаҳои нигоҳдорӣ дар деворҳои берунии ҳуҷра ва манбаи гармидиҳӣ роҳ дода намешавад.
83. Ҷобаҷогузории воситаҳои нигоҳдорӣ мутобиқи меъёрҳо амалӣ карда мешавад.
- масофаи байни қаторҳои рафҳо (гузаргоҳи асосӣ) - 120 см;
- масофаи байни қаторҳои рафҳо - 15 см;
- масофаи байни девори берунии ҳуҷра ва рафҳо бо деворҳои мувозӣ (параллелӣ) -75 см;
- масофаи байни девор ва паҳлўи раф ё ҷевон (гирдогирд) - 45 см;
- масофаи байни фарш ва рафи поёнии ҷевон на камтар аз 15 см ва дар пойдевори ошёна на камтар аз 30 см.
84. Таҷҳизот бо қисмҳои ҳаракаткунанда (қуттӣ, қисмҳо, даричаҳо), бо меъёрҳои махсус бо дарназардошти андозаҳои хоси воситаҳои нигоҳдорӣ гузошта мешаванд.
85. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар рафҳо, ҷевонҳо бо истифодаи воситаҳои аввалияи ҳифзу нигоҳдорӣ (қуттиҳо, ҷузвдонҳо, ғилофҳои махсус, лифофаҳо ва ғайра мутобиқи намудҳо, андозаҳо ва дигар ҳусусиятҳои берунии ҳуҷҷатҳо ҷойгир карда мешаванд.
86. Ҳуҷҷатҳои қоғазии нигоҳдории доимӣ дар ҷузвдонҳои махсус, вале ҳуҷҷатҳои нигоҳдории муваққатӣ дар дастаҳо ҷойгир карда мешаванд.
87. Ҷойи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электрониро сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ муайян мекунад. Ҳуҷҷатҳои электронӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ё дар қисмҳои махсус (утоқ барои сервер) нигоҳ дошта мешаванд.
88. Шартҳои ҳатмии дар бойгонӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои электронӣ аз инҳо иборатанд:
- дар бойгонӣ мавҷуд будани воситаҳои дастгоҳиву барномавӣ барои нигоҳдорӣ, нусхабардорӣ, таҷдиди ҳуҷҷатҳои электронӣ, аз нав сабт намудани онҳо бо андозаи нав, фиристодани иттилоот тавассути шабакаҳои алоқа ва ғ.;
- таъмини дастрасӣ ба иттилоот, ба истифодабарандагони дарачаҳои муайяншуда, инчунин таъмини ҳифзи иттилоот бе иҷозати дастрасии он (бо роҳи ба кор бурдани воситаҳои техникии дахлдор ва меъёрҳои ҳуқуқӣ);
- таъмини реҷаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки гум кардан, нобудшавӣ ва ғалат маънидод намудани иттилоотро истисно мекунад.
89. Таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳамчунин дастгирии реҷаи мувофиқи нигоҳдории ҳомилҳои ҳуҷҷатҳои электрониро пешбинӣ менамояд.
90. Бо мурури фарсудашавии ҳомил аз нав сабт шудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар ҳомилҳои нав.
91. Ҷойгиркунии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар фарш, назди тиреза ва дастаҳои бетартиб роҳ дода намешавад.


§ 10. Топографиякунӣ

92. Ҳамаи ҳуҷраҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, инчунин рафҳо, ҷевонҳо, рафчаҳо рақамгузорӣ карда мешаванд.
93. Дар ҳар як ҳуҷраи алоҳида дарҳо, ҷевонҳо аз боло ба поён, аз чап ба рост рақамгузорӣ карда мешаванд.
94. Бо мақсади мустаҳкам кардани ҷойи нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо феҳристи раф ба раф, дар сурати зиёд будани ҳаҷми фонд ба фонд аломатҳои топографӣ тартиб дода мешаванд.
95. Кортҳои раф ба рафи номгўи топографӣ ба ҳар як раф таъсис дода ва тартиби рақамҳои рафҳо дар доираи ҳар як ҳуҷраи алоҳида гузошта мешавад.
96. Кортҳои раф ба рафи феҳристҳои топографӣ ба ҳар фонд таъсис дода ва бо тартиби рақамҳои фондҳо гузошта мешаванд. Ҳангоми зарурат бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ метавонад топографиякуниро дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бо дарназардошти воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта гузаронад.

§ 11. Тартиби додани парвандаҳо аз махзан

97. Парвандаҳо аз махзанҳо дода мешаванд барои:
- истифода аз ҷониби кормандони маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ;
- истифода намудан аз ҷониби шаҳрвандон дар толори қироат;
- гузарондани корҳои бойгонӣ бо ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- гузарондани нусхабардорӣ ва коркарди махсуси ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бо мақсади беҳтар намудани ҳолати онҳо.
98. Парвандаҳо барои истифодаи муваққатӣ аз махзан ба мўҳлати на зиёдтар:
- аз 1 моҳ барои истифодаи кормандони муассисаи суғурта;
- аз 3 моҳ барои истифодаи муваққатии кормандони Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ;
- ба мақомоти суд ва прокуратура то хобондани парванда ва баровардани қарори судӣ дода мешаванд.
99. Тамдиди мўҳлатҳои муқарраршудаи додани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ барои истифодаи муваққатӣ, аз ҷумла ба мақомоти суд ва прокуратура дар холатҳои алоҳида бо иҷозати роҳбари муассисаи суғурта дар асоси тасдиқи хаттии муроҷиаткунанда дар бораи таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бақайдгирии инфиродӣ иҷозат дода мешавад.
100. Додани парвандаҳо аз махзанҳо бо ҳуҷҷатҳои зерин ба расмият дароварда мешаванд.
- бо дархостҳо оид ба додани парвандаҳо барои толори қироат;
- бо санад дар бораи додани парвандаҳо оид ба истифодаи муваққатӣ ба кормандони Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ; мақомоти суд ва прокуратура;
- бо дархостҳо дар бораи гузаронидани корҳо оид ба нусхабардорӣ ва таъмири ҳуҷҷатҳо.
101. Додани ҳуҷҷатҳо аз махзан дар китобҳои дода шудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ қайд карда мешавад:
- додани парвандаҳо ба кормандони воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта.
- додани парвандаҳо ба толори қироат;
- додани парвандаҳо барои истифодаи муваққатии мақомоти суд ва прокуратура.
102. Дархостҳои иҷрошуда дар парвандаҳо то гузаштани мўҳлати нигоҳдории онҳо нигоҳ дошта мешаванд. Нигоҳдории дархостҳо то гузаронидани санҷиши мавҷудият ва ҳолати парвандаҳо мувофиқи мақсад мебошад.
103. Додани парвандаҳо барои истифодаи муваққатӣ бо санади ба расмият даровардашуда ва дар ду нусха тартиб дода мешавад, як нусхаи он дар бойгонии ҳуҷҷатҳои бақайдгирии инфиродӣ, дуюм - ба қабулкунанда дода мешавад. Ба санад роҳбари Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ, ки супорандаи парвандаҳо ба қабулкунанда мебошад, имзо мегузорад. Баъд аз баргардонидани парвандаҳо санад дар ду нусха бо чунин қайд тартиб дода мешавад: як нусха дар дасти гиранда ва нусхаи дигар бошад дар парвандаи фонди бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ки парвандаро супоридааст, боқӣ мемонад.
104. Фиристодан барои нусхабардорӣ, барқароркунӣ, муқовабандӣ бо дархост ба расмият дароварда мешавад. Дархост дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар шакли санад оид ба додан барои истифодаи муваққатӣ дода мешавад.
105. Парвандаҳо аз махзан барои истифода ва гузаронидани корҳои нусхабардорӣ, таҷдид, муқовабандӣ танҳо дар намуди коркардшуда дода мешаванд.
106. Қабл аз додани парвандаҳо аз махзан мутобиқати аломати қайд ва сарлавҳаи парванда ба феҳрист; қабл аз додан ва ҳангоми баргардонидани парвандаҳо ба махзан рақамгузории варақҳо ва ҳолати ҳуҷҷатҳои ҳар як парвандаи додашуда санҷида мешавад. Ҳар як парвандаи аз махзан додашаванда бояд варақи истифода дошта бошад.
107. Ҳангоми додани парванда аз махзан ба ҷойи парвандаи додашуда корти ивазкунанда гузошта мешавад, ки дар он рақами парванда, рақами феҳрист, рақами фонд, кай ва кӣ парвандаро додааст, санаи баргардонидани он ва имзои корманде, ки парвандаро додааст, бо нишон додани вазифаи ў қайд карда мешавад. Ҳангоми баргардонидани парванда ба махзан корти ивазкунанда аз истифода бароварда мешавад.
108. Ҳолати парвандаҳо, ки баъди истифода ба махзани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ баргардонида мешаванд, бояд дар ҳузури шахси ҳуҷҷатро баргардонанда санҷида шавад. Дар ҳолати пайдо намудани камбудии парванда ё саҳифаҳои алоҳида дар он инчунин парванда ва ҳуҷҷатҳои вайроншуда аз ҷониби корманди бойгонӣ санад дар ду нусха тартиб дода мешавад, ки яктои он ба шахси истифодакунандаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидан, дуюм дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешавад.
109. Ҳангоми ҳуҷҷатҳои бақайдгирии инфиродиро аз ҷое ба ҷое гузаронидан бояд чораҳои эҳтиёткорӣ риоя карда шаванд, ки бехатарии нигоҳдории онҳоро таъмин намояд.
110. Ҳангоми интиқоли нақлиётии ҳуҷҷатҳо тадбирҳо оид ба ҳифзи онҳо аз таъсири омилҳои зараровари муҳити атроф бо истифодаи шаклҳои махсуси борпечӣ, ки ҳифзи ҳуҷҷатҳоро аз бориш, рўшноӣ ва вайроншавии механикӣ таъмин менамояд, андешида мешавад.

§ 12. Таъмини нигоҳдории физикию кимиёвии ҳуҷҷатҳо

111. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ бо нуқсонҳои ҷисмонӣ (гум кардани қисмҳои ҳуҷҷатҳо, қатъ шудан ва ғайра) ё дар матн ошкоршуда, дар китоб ва ё дар маҷмўи хуҷҷатҳои батартибдаровардашудаи баҳисобгирии ҳолатҳои ҷисмонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, дар он коркарди ба ҳуҷҷатҳои гирифтори намудҳои махсус (барқароркунӣ, тамйиз, нусхабардорӣ ва ғ.) сабт гардида, чораҳои мушаххас оид ба беҳтар кардани вазъи ҷисмонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ пешбинӣ карда мешаванд.
112. Ба арзиши ҳуҷҷатҳо нигоҳ накарда, ба коркарди фаврии (безараргардонӣ) парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ки аз мағор ва ҳашарот зарар дидаанд, бояд коркарди фаврӣ (безараргардонӣ) карда шаванд.
§ 13. Санҷиши мавҷуд будан ва ҳолати ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ
113. Санҷиши мавҷуд будан ва ҳолати ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бо мақсади муайян кардани воҳидҳои воқеии нигоҳдорӣ ва мутобиқати миқдори онҳо, ба ҳуҷҷатҳои баҳисобгирифташудаи мавҷуда, ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии ошкоргардида, ки бояд барқарор ва коркарди профилактикӣ шаванд, гузаронида мешавад. Дар рафти санҷиш ба амал бароварда мешавад:
- муайян кардани мавҷудияти воқеии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ки барои нигоҳдорӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ маҳфузанд;
- ошкор ва бартараф намудани камбудиҳо дар баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- ошкор намудани ҳуҷҷатҳои мавҷуднабудаи баҳисобгирии инфиродӣ ва ташкили ҷустуҷўи онҳо;
- ошкор ва баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ки барқароршавӣ, аз пўсидану вайрон шудан нигоҳ доштан, коркарди пешгирикунанда ва техникиро талаб мекунад.


114. Санҷиши мавҷуд будан ва ҳолати ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ на кам аз як маротиба дар панҷ сол гузаронида мешавад. Санҷишҳои яквақтаинаи мавҷудият ва вазъи ҳуҷҷатҳо дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар чунин ҳолатҳо гузаронида мешавад:
- баъди гузаронидани ҳуҷҷатҳо ба ҳуҷраи дигар;
- баъди ҳолатҳои фавқуллода, ки ба дигар ҷо кўчонидани (эвакуатсия) ҳуҷҷатҳо ва ё иҷозати шахсони бегонаро ба махзан ба миён меорад;
- дар сурати иваз шудани роҳбари бойгонӣ ва ё шахси муттасадии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- ҳангоми аз нав ташкилдиҳии муассисаи суғурта.
115. Ҳангоми санҷиши мавҷуд будан ва вазъи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ зарур аст:
- тартиби ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар рафҳо ва воситаҳои аввалияи нигоҳдорӣ нигоҳ дошта мешавад;
- дар ҷойи худ гузаштани парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ гузошташудаи дар вақти санҷиш ошкоргардида;
- мусодира кардани парвандаҳои ба феҳрист дохилнашуда;
- мусодира кардан ва ҷудо нигоҳ доштани парвандаҳои гирифтори мағор ё аз дигар зараррасонҳои биологӣ заҳролудшуда;
116. Ба феҳрист дохил кардани парвандаҳои баҳисобгирифтанашуда дар рафти санҷиш қатъиян манъ аст, парвандаҳои баҳисобгирифтанашуда пас аз парвандаҳои ба ҳисобгирифташуда барои коркард ва рўйхат кардан ҷойгир карда мешаванд.
117. То оғози кор оид ба санҷиши мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо ва ҳолати парвандаҳо, ҳуҷҷатҳои санҷиши пештара омўхта мешаванд, дурустии рақамгузории парвандаҳо дар ҳар як қисми солонаи феҳристи умумӣ, мувофиқати рақамгузории ҳуҷҷатҳо бо қоидаҳои ҷамъбастӣ дар феҳристҳо ва маълумот дар варақаҳои фонд санҷида мешавад.
118. Санҷиши мавҷуд будан ва вазъи ҳуҷҷатҳо бо роҳи муқоиса кардани тавсифи мақолаҳои феҳристӣ бо тавсифи парвандаҳо дар муқоваҳо (рамз, номи фондбунёдкунанда ва воҳиди сохтории зертобеи он, шохисҳои ҳуҷҷатгузории парвандаҳо, санаи тартиб додани парвандаҳо, миқдори саҳифаҳо) гузаронида мешавад.
119. Ҳолати ҷисмонии парвандаҳо бо роҳи азназаргузаронии аёнӣ муайян карда мешавад. Ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда дар санад қайд карда мешавад. Ҳама гуна қайдҳо ё навиштаҷот дар рафти санҷиш дар феҳристҳои парвандаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ қатъиян манъ аст.
120. Парвандаҳои ба кормандони муассисаи суғурта додашуда, ба толори қироат ва истифодаи муваққатии мақомоти суд ва прокуратура, аз рўи китоб ва санади додани парванда муайян гардида, вуҷуддошта ҳисоб карда мешаванд.
121. Варақаи санҷиши мавҷуд будан ва ҳолати парвандаҳо дар фонд бевосита дар рафти санҷиш тартиб дода мешавад; варақаи санҷиши рақамгузорӣ гардида, бо тартиби рақамҳо дар доираи санҷиши ҳар як фонд ва аз ҷониби шахси масъул ба имзо мерасад. Дар хотимаи санҷиши фонд варақаҳои санҷиш ба парвандаи фонди мазкур ворид карда мешавад. Агар дар натиҷаи санҷиш камбудиҳо ошкор нашаванд, варақаи санҷиш ба парвандаи фонд ҳамроҳ карда намешавад.
122. Дар хотимаи санҷиш мавҷуд будан ва вазъи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳар феҳрист дар охири феҳрист баъд аз қайди тасдиқшуда сабт мегардад "санҷида шуд", санаи санҷиш гузошта мешавад, сабт аз ҷониби кормандони санҷишро гузаронида бо нишон додани вазифаҳои онҳо ба имзо расонда мешавад.
123. Агар санҷиш норасоии парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро ошкор намояд, он гоҳ ҷустуҷўи онҳо ташкил карда мешавад. Бо ин мақсад тавсия дода мешавад:
- ҳамаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ оид ба додани парвандаҳо аз махзан омўхта мешаванд;
- кофтукови ҳангоми санҷиш ошкор нагардидани парвандаҳо дар воҳидҳои сохтории дахлдор, ки дар фаъолияташон парвандаҳои ошкоршуда ба миён омадааст, пешакӣ омўхтани феҳристи супоридани онҳо ташкил карда мешавад;
- санҷиши парвандаи дар наздикии фондҳо ҷойгирбуда қарордошта;
- парвандаи фонд-санадҳо дар бораи ҷудо кардани парвандаҳо барои нобудкунӣ, парвандаҳо барои истифодаи муваққатӣ, санадҳои қаблан тартибдодашудаи санҷиши мавҷуд будан ва вазъи фонди тафтишшаванда омўхта шаванд. Кофтуков тавсия дода мешавад, ки дар давоми як соли баъди санҷиши мавҷуд будани парвандаҳо гузаронда шавад.
124. Парвандаҳои дар натиҷаи ҷамъбасти кофтуков ёфтшуда, ба ҷойи худ гузошта мешаванд, вале дар корти дахлдори баҳисобгирии парвандаҳои ёфтшуда қайд бо нишон додани сана ва имзои шахси мансабдор гузошта мешавад. Парвандаҳои сабаби ёфт нашуданашон, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраргардида аз феҳристҳо ва ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ хориҷ карда мешаванд. Дар варақаҳои дахлдор сана ва рақами санад, ки дар онҳо набудани парванда тасдиқ мегардад ва гузориш дар бораи гузарондани кофтуков тартиб дода мешавад. Баъди баррасии натиҷаи кофтуков дар комиссияи ташхис ва тасдиқи қарори он аз ҷониби роҳбари Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ҳуҷҷатҳои ёфтнашуда аз ҳисоб бароварда мешаванд.
125. Санҷиши мавҷуд будан ва вазъи ҳуҷҷатҳо баъди ворид намудани тағйироти ошкорнамудаи санҷиш дар ҳуҷҷатҳои фонди санҷидашуда, хотимаёфта ҳисоб карда мешаванд.

§ 14. Фонди истифодабарӣ

126. Маҷмўи нусхаҳои хуҷҷатҳои дар бойгонӣ маҳфузшаванда фонди истифодабариро ташкил медиҳанд. Фонди истифодабарӣ бо мақсади нигоҳ доштани иттилооти ҳуҷҷатӣ дар сурати гум шудан ё худ зарар дидани ҳуҷҷатҳои асл таъсис дода мешавад.
127. Фонди истифодабарӣ аз рўи маҷмўи ҳуҷҷатҳои бештар истифодашаванда бо тарзи нусхабардорӣ ва ё таъсис додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ба ҳомилҳои электронӣ, ки бехатарии нусха ва асли ҳуҷҷатро таъмин менамоянд, таъсис дода мешавад.

9. Ташкили истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

128. Истифодаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии бойгониҳоистифода бурдани иттилооти ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии бойгониҳо барои таъмини ҳуқуқҳои қонунии иҷтимоӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон мебошад.
129. Шаклҳои асосии ҳуҷҷатҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ инҳоянд:
- маълумотдиҳӣ ба роҳбарият ва воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта дар бораи дар бойгонӣ мавҷуд будани ин ё он ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва мазмуни онҳо;
- иҷро кардани дархостҳои хусусияти иҷтимоиву ҳуқуқидоштаи шаҳрвандон ва муассисаи суғурта;
- додани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ барои кор дар толори қироати бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ;
- додани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ барои истифодаи муваққатӣ.
130. Иҷро кардани дархостҳои суғуртакунанда ва шахсони суғурташуда.
131. Маълумоти хусусияти иҷтимоиву ҳуқуқидошта, дар асоси дархости суғуртакунандаҳо ва шахсони суғурташуда дар шакли маълумотномаи бойгонӣ, нусхаи бойгонӣ ва аз иқтибоси бойгонӣ дода мешавад.
132. Маълумотномаи бойгонӣ - ҳуҷҷате мебошад, ки дорои маълумоти бойгонӣ оиди дархост, бо нишондиҳандаи ҳуҷҷатҳои маълумоти кофтуковӣ, ки дар асоси он тартиб дода шудааст.
133. Нусхаи бойгонӣ - ҳуҷҷати ба амал баровардаи матн ё тасвири ҳуҷҷати бойгониро бо нишон додани маълумоти кофтуковӣ дар бар мегирад.
134. Иқтибос аз бойгонӣ - ҳуҷҷати айнани ба амалбаровардаи қисми матни ҳуҷҷати бойгонӣ, ки ба саволи муайян, далел ё шахс бо нишон додани маълумоти ҳуҷҷати кофтуковӣ вобаста аст.


135. Маълумотномаҳои бойгонӣ - иқтибосҳо ва нусхаҳо дар асоси дархости хаттӣ, ки дар худ номгўи (ва суроға ҳангоми аз нав фиристодан) ташкилот, ба куҷо унвон шудааст, баёни моҳияти дархост; насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда, суроғаи ў, телефонҳо барои тамос, сана ва имзои шахсиро дар бар мегирад, дода мешавад.
136. Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки дар онҳо номи падар, суроға ва имзои муроҷиаткунанда нишон дода нашудаанд, бе имзо дониста шуда, баррасӣ карда намешаванд; ҳангоми шахсан муроҷиат намудан ва мавҷуд будани номи падар ва суроға, иттилооти ғайрикофӣ мумкин аст мукаммал карда шавад.
137. Мўҳлати иҷрои дархостҳои хусусияти иҷтимоию ҳуқуқидоштаи шаҳрвандон ва ташкилотҳо мувофиқи маводи бойгонӣ набояд аз 30 рўз аз санаи бақайдгирии муроҷиат зиёд бошад. Дар сурати мураккаб будани дархост мўҳлат метавонад то 30 рўз тамдид карда шуда, дар ин хусус ба муроҷиаткунанда хабар дода мешавад.
138. Мўҳлати иҷрои дархостҳо танҳо бо истифодаи дастгоҳи илмӣмаълумотдиҳии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ - на бештар аз 15 рўз аз лаҳзаи бақайдгирии муроҷиат.
139. Фиристодани дархостҳои ғайрисоҳавӣ аз рўи таъинот ба ташкилотҳо ё бойгонии дигар инчунин дар ин хусус хабар додан ба аризадиҳанда бояд дар мўҳлати 5 рўз аз лаҳзаи муроҷиат амалӣ карда шавад.
140. Маълумотномаҳои бойгонӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии (нусхаи асл ё нусхаҳои тасдиқшуда), ки дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ нигоҳ дошта шуда, тартиб дода мешаванд, истифодаи ҳуҷҷатҳои тасдиқнашуда, ки ба масъалаи муроҷиат мансубият дорад, дар матни маълумотнома эзоҳ дода мешавад ("нусхаи тасдиқнашуда").
141. Маълумотномаҳои бойгонӣ тибқи шакли муайяншудаи дар варақаи маълумотномаи бойгонӣ ва ё ин ки варақаи умумии муассисаи суғурта тартиб дода мешаванд.
142. Дар маълумотнома танҳо маълумоти дар ҳуҷҷатҳо зикршуда дохил карда мешавад.
143. Дар матни маълумотномаи бойгонӣ ба шарҳу тавзеҳот хулосаи шахсии иҷрокунанда оид ба мазмуни ҳуҷҷатҳои истифодашуда роҳ дода намешавад.
144. Баъди матни маълумотнома рамзҳои бойгонии ҳуҷҷатҳо, ки ба сифати асос ба таҳияи матни маълумотнома (рақами фонд, феҳристҳо ва парвандаҳо ва инчунин рақами варақаҳо дар парванда) хизмат мекунанд, ҷойгир карда мешавад.
145. Маълумотномаи бойгониро сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ, ки ба ҳайати он бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ҳуқуқи имзоро дорад, ба маълумотнома дар низомнома оид ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ муайян карда мешавад, имзо менамояд. Маълумотнома бо мўҳри Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ тасдиқ карда мешавад; нусхаи дуюми маълумотномаи бойгониро роҳбари бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ тасдиқ мекунад ва дар парвандаҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ нигоҳ дошта мешавад.
146. Нусхаҳои бойгонӣ ва иқтибосҳо аз ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар асоси дархост дода мешаванд. Айният ба нусхаи аслӣ нусхабардориҳои бойгонӣ бо имзои роҳбари Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ё шахси ваколатдори ў (роҳбари зерсохтор, ки ба ҳайати он бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ) дохил мебошад ва бо мўҳри Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ тасдиқ карда мешавад, дода мешавад.
147. Иқтибос танҳо аз ҳуҷҷате, ки ба он якчанд масъалаи алоҳидаи байни худ иртиботнадошта дода мешавад. Иқтибос бояд аз матни пурраи қисми ҳуҷҷат, ки ба масъала мансубият дорад, дода мешавад.
148. Нусхаҳои бойгонӣ чопи компютерӣ ва иқтибосҳо дар варақаи мактуби Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ бо маълум намудани номи ҳуҷҷат "нусхаи бойгонӣ", "иқтибоси бойгонӣ" тайёр карда мешавад. Ҳангоми тайёр намудани нусхаҳои ҳуҷҷат, ҳамчун қоида, варақа истифода бурда намешавад.
149. Баъди матни нусха ё иқтибоси бойгонӣ рамзи бойгонии ҳуҷҷат нишон дода мешавад. Агар нусха ё иқтибос аз як варақ зиёд бошад, рамзи бойгонӣ дар паси ҳар як варақ гузошта мешавад. Ҳамаи нусха ё иқтибоси бойгонӣ бояд маҳкам часпонда шуда, рақамгузорӣ карда шавад ва ҷои часпиш аз ҷониби бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ тасдиқ карда шавад.
150. Маълумотномаи бойгонӣ, нусхаҳо ва иқтибосҳо аз бойгонии ҳуҷҷатҳо ба муроҷиаткунандагон тавассути почта бо ҳамроҳии мактуб бо имзои роҳбари Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ, ки ба ҳайати он бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дохил мешавад, ирсол мегардад. Маълумотномаҳои бойгонӣ, нусхаҳо ва иқтибосҳоро бо забонхат ба дасти муроҷиаткунандагон, ки шиноснома ё ҳуҷҷати дигари шахсияти онҳоро тасдиқкунанда; ба хешовандон ё ашхоси бовариноки онҳо бо пешниҳод кардани бовариномае, ки тасдиқи нотариалӣ дораду тибқи қонунгузорӣ ба расмият дароварда шудааст, дода мешаванд.
151. Гирандаи маълумотномаи бойгонӣ, нусха ва иқтибосҳо ба нусхаи дуюми ҳуҷҷат бо нишон додани маълумоти шиноснома ва ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти гиранда, ки дар парвандаҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ маҳфуз мемонад, имзо мегузорад.
152. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ мутобиқи қонунгузорӣ метавонад таъмин намояд: ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти ҳуҷҷатикардашуда дар бораи онҳо; ҳуқуқи донистани ки ва ба кадом мақсад ин иттилоотро истифода бурд ва истифода мебарад. Ба шаҳрванд рад кардани дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо дар бораи он мумкин аст бо тартиби судӣ шикоят карда шавад.
153. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ вазифадор аст, ки иттилоотро бо талаби суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда, ки ба онҳо дахл дорад, пешниҳод намояд.
154. Гирифтани парвандаҳо аз бойгонӣ ва ба соҳибон ё хешу табори онҳо додани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ роҳ дода намешавад.
155. Дар сурати дар бойгонӣ мавҷуд набудани маълумоти дархостшаванда ҷавоб дар варақаи мактуби суғуртакунанда тартиб дода мешавад. Дар он далели набудани маълумот дар ҳуҷҷатҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ки аризадиҳанда манфиат дорад ва тавсия дода мешавад, ки ба куҷо барои гирифтани иттилооти зарурӣ муроҷиат намояд. Дар сурати гирифтани ҷавоби манфӣ дар бораи набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар бойгонӣ дар натиҷаи нобудшавӣ, матни мактуб бояд бо мўҳри муассисаи суғурта тасдиқ карда шавад.

10. Нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

§ 1. Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

156. Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо - ин омўзиши ҳуҷҷатҳо дар асоси талаботҳои (пайдоиш, мазмун, хусусиятҳои берунаи ҳуҷҷат) арзиши онҳо бо мақсади муайян намудани мўҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳо.
157. Ба меъёрҳои пайдоиш дохил мешаванд: нақш ва ҷои воҳиди сохторӣ дар низом, аҳамияти иҷрои вазифаҳои он, вақт ва ҷои ташаккулёбии ҳуҷҷат.
158. Ба меъёрҳои мазмун дохил мешаванд: аҳамияти руйдоди (падидаи) дар ҳуҷҷат тасвирёфта, аҳамияти иттилои дар ҳуҷҷат буда, такрор ёфтани иттилои ҳуҷҷат дар дигар ҳуҷҷатҳо ва аслӣ будани ҳуҷҷат.
159. Ба меъёрҳои хусусиятҳои беруна дохил мешаванд: шакли қайд кардан ва супоридани мазмун, шаҳодатнома ба расмият даровардани ҳуҷҷат ва ҳолати ҷисмонии вай.
160. Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо дар асоси Қоидаҳои мазкур ва ҳуҷҷатҳои меъёрию методии муассисаи суғурта гузаронида мешавад.
161. Интихоби ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, инчунин электронӣ барои нобудсозӣ дар натиҷаи ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби комиссияи коршиносони муассисаи суғурта гузаронида мешавад, амалӣ карда мешавад.
162. Дар марҳилаи аввали ташхиси ҳуҷҷатҳои электронӣ, бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ бо Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, низоми ҳуҷҷатҳоеро муайян менамоянд, ки метавонанд мувофиқ ба меъёрҳои умумии ташхис дорои арзиш бошанд. Дар доираи номгўй интихоби ҳуҷҷатҳои электронӣ барои нигоҳдории доимӣ ва муваққатӣ гузаронида мешавад; номгўй аз ҷониби комиссияи коршиносони муассисаи суғурта тасдиқ карда мешавад.
163. Ташхиси ҳуҷҷатҳои электронӣ аз ҷониби комиссияи коршиносон дар робитаи бевосита бо ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғурта дар ҳомилҳои анъанавӣ гузаронида мешавад (дар маҷмўъ низом меъёрҳои умумӣ ва махсус истифода мешавад: муҳимият, пуррагии (мукаммалии) ҳуҷҷат; аслӣ будани ҳуҷҷат; мавҷуд набудани иттилооти такроршаванда дар ҳуҷҷатҳое, ки барои нигоҳдорӣ ба бойгонӣ қабул шудаанд).


§ 2. Ташкили гузаронидани ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо

164. Батартибандозии дақиқи технологияи нобуд кардани ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо ва ҳомилҳои иттилоот, алалхусус барои роҳ надодани ҳар гуна имкониятҳои гум кардани ҳуҷҷатҳо, иваз кардани ҳуҷҷатҳое, ки барои нобуд кардан, нобуд кардани нопурра ва аз нав барқароркунии матн ва пешгирии дигар хатарҳо барои иттилооти махфӣ равона шудааст.
165. Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ, дар раванди омодагӣ ба супоридани парвандаҳо барои нобудсозӣ гузаронида мешавад.
166. Барои ташкили гузаронидани корҳо доир ба ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, интихоб ва омодагӣ барои ба нобудсозӣ супоридан, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои чопӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми фаъолияти муассисаи суғурта ба вуҷуд омадааст комиссияи коршиносон ташкил дода мешавад.

§ 3. Тартиби гузаронидани ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

167. Ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ҳар сол аз ҷониби кормандони Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ якҷоя бо комиссияи коршиносон анҷом дода мешавад.
168. Ҳангоми гузаронидани ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ интихоб ва ҷудо намудани парвандаҳо ҷиҳати нобудсозӣ барои солҳои гузаштае, ки мўҳлатҳои нигоҳдориашон гузаштаанд анҷом дода мешавад. Ҳамзамон, сифат ва пуррагии феҳристи парвандаҳои муассисаи суғурта ва дуруст муайян намудани мўҳлати нигоҳдории парвандаҳо санҷида мешаванд.
169. Интихоби ҳуҷҷатҳо бо роҳи дида баромадани варақбайъи парвандаҳо гузаронида мешавад. Интихоби ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ ва нобудсозӣ танҳо дар асоси сарлавҳаҳо, роҳ дода намешавад.
170. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро ҳангоми интихоби онҳо барои нобудсозӣ, таҳти роҳбарии методии Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ мегузаронад.

§ 4. Ба расмият даровардани натиҷаҳои ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

171. Аз рўи натиҷаҳои ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ рўйхати парвандаҳои нигоҳдории доимӣ ва муваққатӣ (зиёда аз 10 сол) инчунин санадҳо оиди ҷудо намудан барои нобудсозии парвандаҳое, ки барои нигоҳдорӣ гузошта намешавад тартиб дода мешавад.
172. Дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии вобаста аз меъёр ва ҳаҷми ҳуҷҷатҳои электронӣ рўйхати ҳуҷҷатҳои электронии нигоҳдории доимӣ тартиб дода мешавад.
173. Комиссияи коршиносон рўйхатҳои парвандаҳои нигоҳдории доимиро (аз ҷумла рўйхати парвандаҳои электронии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро) тасдиқ ва рўйхатҳои парвандаҳои нафақавиро мувофиқа менамоянд.
174. Рўйхатҳо ва санадҳои қайдшуда дар маҷлиси комиссияи коршиносон баррасӣ мешавад. Санадҳо ва рўйхатҳои маъқул донисташудаи комиссияи коршиносон аз ҷониби роҳбари Раёсати вилоятии муассисаи суғурта тасдиқ карда мешавад. Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ танҳо баъд аз тасдиқи руйхатҳои парвандаҳои нигоҳдорандаи доимӣ ҳуқуқ дорад парвандаҳое, ки дар санади мазкур дохил шудаанд, нобуд созад.
175. Ҳуҷҷатҳое ба санад дохил карда мешаванд, агар мўҳлати пешбинишуда барои онҳо то 1 январ анҷом ёбад. Масалан, парвандаҳои анҷомёфта бо мўҳлати нигоҳдории сесола дар соли 2001 метавонанд ба санад, ки на пештар аз 1 январи соли 2005 тартиб дода шудаанд, дохил карда шаванд.
176. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ интихоби дурусти парвандаҳои доимиро аз ташхис мегузаронад ва ҳангоми зарурат ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҳуҷҷатҳое, ки барои нигоҳдории муваққатӣ ё нобудсозӣ интихоб шудаанд ба рўйхати парвандаҳои нигоҳдории доимӣ дохил карда шаванд.
177. Парвандаҳое, ки бояд нобуд карда шаванд барои аз нав коркард шудан супорида мешаванд. Супоридани парвандаҳо аз рўи борхати қабул ва супоридан, ки дар он санаи супоридан, миқдори парвандаҳои супорандашуда ва вазни коғазҳои коғазкўҳнаҳо қайд карда шудааст, ба расмият дароварда мешавад.
178. Бор кардан ва барои коркард баровардан таҳти назорати корманди масъул барои таъмини амнияти ҳуҷҷатҳои бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, анҷом дода мешавад.

§ 5. Ҳайати комиссияи коршиносон

179. Бо мақсади гузаронидани арзёбии пурраи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ки барои нобудсозӣ ҷудо шудаанд ба ҳайати комиссияи коршиносон кормандони зерин дохил карда мешаванд:
- сардори маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ;
- роҳбари бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ;
- сармуҳосиби Раёсати вилоятии муассисаи суғурта;
- намояндаи Раёсати баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғурта;
- намояндаи Раёсати аудити дохили ва назорати ва молиявии муассисаи суғурта (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709);
- намояндаи Раёсати технологияҳои иттилоотии муассисаи суғурта.
180. Ҳайати комиссияи коршиносон ҳар сол бо фармони роҳбари муассисаи суғурта тасдиқ карда мешавад. Комиссияи коршиносон (КК) далели гузаштани мўҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро муайян намуда, санад оиди ҷудо намудани ҳуҷҷатҳоро барои нобудсозӣ тартиб дода мувофиқи он ҳуҷҷатҳоро барои нобудсозӣ омода менамояд.
181. Комиссияи коршиносон бо фармони роҳбари муассисаи суғурта аз ҳисоби кормандони баландихтисос дар ҳайати на камтар аз се нафар таъсис дода мешавад. Ба ҳайати комиссияи коршиносони муассисаи суғурта бо тартиби ҳатмӣ роҳбари Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ё ин ки шахси масъули бойгонӣ дохил карда мешавад.
182. Раиси комиссияи коршиносон яке аз кормандони роҳбарикунандаи Дастгоҳи марказии муассисаи суғурта таъин карда мешавад, ки масъалаҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ё ин ки баҳисобгирии инфиродиро роҳбарӣ намояд.
183. Вазифаҳои асосии комиссияи коршиносон:
- ташкил ва гузаронидани ташхиси ҳарсолаи арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар сатҳи интихоб барои нобудсозӣ;
- баррасӣ ва барои тасдиқ ва мувофиқа пешниҳод намудани рўйхатҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, санадҳо оиди ҷудо намудани парвандаҳое, ки барои нобудсозӣ нигоҳ дошта намешаванд;
- омодагӣ ва ба баррасии комиссияи коршиносон пешниҳод намудани таклифҳо оиди тағйир додани мўҳлати нигоҳдории гурўҳи алоҳидаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, ки аз рўи номгўй муқаррар шудааст ва доир ба муайян намудани мўҳлатҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳое, ки дар номгўйҳо ба назар гирифта нашудааст;
- ташкил ва гузаронидани ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ барои сатҳи омодагии онҳо барои ба нобудсозӣ супоридан;
- иштирок дар таҳия ва баррасии лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методӣ доир ба масъалаҳои кор бо ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ.
184. Комиссияи коршиносон мувофиқи нақшаи корӣ ва ё аз рўи зарурат маҷлис мегузаронад. Дар маҷлиси комиссияи коршиносон протокол тартиб дода мешавад. Протокол аз ҷониби раис ва котиби комиссия ба имзо мерасад. Қарори комиссия баъд аз тасдиқи роҳбари Раёсати вилоятии муассисаи суғурта, мавриди амал қарор мегирад.
185. Протоколҳои комиссияи коршиносон, ки дорои қарор оиди маъқул донистани лоиҳаҳои навъи муқаррарӣ ва намунавии парвандаҳо мебошанд, оиди тағйири мўҳлатҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, ки аз рўи феҳристҳои ҳуҷҷатҳои муқаррарӣ ва идорӣ бо нишон додани мўҳлатҳои нигоҳдории онҳо муқаррар шудаанд, инчунин аз рўи феҳристи навъҳои муқаррарӣ ва намунавии парвандаҳо аз ҷониби роҳбари Раёсати вилоятии муассисаи суғурта танҳо баъд аз баррасии онҳо аз тарафи комиссияи коршиносони бойгонии дахлдори ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ тасдиқ карда мешавад.


§ 6. Усули нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

186. Нобудсозии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бояд бо қоидаҳои зерин мувофиқат кунад:
- қонунӣ ба расмият дароварда шавад (санад оид ба нобудсозӣ);
- эътимоднок ва махфӣ бошад (аз байн бурдани имконияти аз нав барқароркунӣ);
- дар ҳузури комиссияи коршиносон бо ҳамроҳии сабти видеоӣ гузаронида шавад.
187. Танҳо ҳамон ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродие бояд нобуд карда шаванд, ки аз ташхиси арзишӣ гузаштаанд ва онҳое, ки мўҳлати нигоҳдориашон гузаштааст.
188. Усули асосии нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои қоғазии баҳисобгирии инфиродӣ аз рўи дараҷаи махфият, ин резакунӣ мебошад.
189. Ҳуҷҷатҳои қоғазии резашуда бо роҳи сўзонидан, резакунӣ, ба тўдаи бешакл табдил додан нобуд карда мешаванд. Ҳомилҳои магнитӣ ва лазерӣ бо роҳи сўзондан, резакунӣ, гудохтан ва бо дигар усулҳо, ки имконияти аз нав барқароркунии онҳоро намедиҳанд, нобуд карда мешаванд.
190. Ҳангоми нобуд сохтани ҳуҷҷатҳо берун аз ҳудуди ташкилот интиқоли онҳо то ҷои нобудсозӣ тавассути нақлиёти хизматӣ анҷом дода шуда, ҷиҳати ба шахсони бегона дастрасӣ пайдо накардан чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

§ 7. Тартиби нобудсозии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, парвандаҳо ва ҳомилҳои маълумот

191. Ҳангоми нобудсозии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, парвандаҳо ва ҳомилҳои маълумот, бояд тартиби истисно кардани имконияти шиносшавӣ бо онҳо аз ҷониби шахсони бегона муқаррар карда шавад.
192. Ҳангоми нобудсозии ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо ва ҳомилҳои маълумот иҷрои шартҳои зеринро риоя намудан зарур аст:
- қабули қарорҳо оиди нобудсозии ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо ва худи раванди нобудсозӣ бо таври коллегиалӣ;
- ҳуҷҷатгузории (санадгузории) омодагӣ ба нобудсозии ҳуҷҷатҳо ва парвандаҳо;
- аз ҷониби комиссияи коршиносон даровардани қайдҳо доир ба нобудсозӣ дар санад ва шаклҳои бақайдгирӣ танҳо баъд аз нобудсозии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ.
193. Супоридани ҳуҷҷатҳо дар ҳуҷраи махсуси алоҳида бо санади қабулу-супоридан ё борхат ба расмият дароварда мешавад, ки бояд дар он сана, шумораи парвандаҳо ва вазни онҳо дарҷ гардад.
194. Нобудсозии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар ҳуҷраи махсуси алоҳида бо ёрии қоғазрезакунаки саноатӣ (қоғазнобудкунак) анҷом дода мешавад.
195. Технологияи сохти нобудсозии ҳуҷҷатҳо ва ҳомилҳои маълумот аз расмиёти зерин иборат мебошад:
- омода намудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, парвандаҳо ва ҳомилҳои маълумот барои нобудсозӣ;
- ба расмият даровардани санад барои нобудсозӣ;
- нобудсозии ҳуҷҷатҳо аз рўи санад;
- нобудсозии ҳуҷҷатҳо ва ҳомилҳои маълумот бе тартиб додани санад.
196. Расмиёти омода намудани ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо ва ҳомилҳои маълумот барои нобудсозӣ дар бар мегирад:
- ҷудо намудани ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо ва ҳомилҳои маълумоте, ки боиси нобудсозӣ мебошад бо ҳар гуна сабабҳо;
- гирифтани иҷозати хаттӣ барои нобудсозӣ аз комиссияи коршиносони муассисаи суғурта;
- ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо ва ҳомилҳои маълумот, бо воситаҳои ҳуҷҷатгузории далели нобудсозӣ.
197. Дар баробари ба расмият даровардани санади нобудсозӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, рўйхатҳо ва шаклҳои бақайдгирӣ, ки чӣ дар компютерҳои корӣ ва чӣ дар ҳомилҳои магнитие, ки берун аз мошинаҳои электронии ҳисоббарор нигоҳ дошта мешаванд, нобуд карда мешаванд.
198. Ҳангоми иҷрои ба расмиятдарории санад барои нобудсозии ҳуҷҷатҳо, амалиёти зерин санҷида мешавад.
- дохил намудани мавқеи алоҳида дар санад ба ҳар як ҳуҷҷат, парванда, (ҷилд), ҳуҷҷат ё парвандаи дар ҳомили магнитӣ ё техникӣ, ки барои нобудсозӣ ҷудо шудааст;
- дар санад ба расмиятдарории қайди ҷамъбастӣ, ба имзорасонии қайди ҷамъбастӣ аз ҷониби кормандоне, ки санадро тартиб додаанд;
- санҷиши мавҷудият ва маҷмўъ будани ҳуҷҷатҳо ва парвандаҳое, ки дар санад дохил карда шудаанд;
- мувофиқаи санад бо шахсони мансабдор, ба имзо расонидани он аз ҷониби комиссияи коршиносон ва тасдиқи он аз ҷониби роҳбари аввали Раёсати вилоятии муассисаи суғурта.
199. Ба тартиби нобудсозии ҳуҷҷатҳо аз рўи санад дохил мешаванд:
- санҷиши мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо (ҷилдҳо), ҳомилҳои магнитӣ ё дигар ҳомилҳо, ки дар санад дохил шудаанд, маҷмўъ будан ва мувофиқ будани онҳо бо қайдҳо дар санад аз ҷониби комиссияи коршиносони махсуси таъиншуда;
- нобудкунии ҷисмонии ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо, ҷилдҳо ва ҳомилҳои маълумот аз ҷониби комиссияи коршиносон;
- дар санад ва шаклҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳомилҳои маълумот ворид намудани қайдҳо оиди нобудсозӣ ва ба имзорасонии он аз ҷониби ҳайати комиссияи коршиносон.
200. Нобудсозии ҳуҷҷатҳо ва парвандаҳои мўҳлати нигоҳдориашон гузашта, танҳо баъд аз тасдиқи рўйхатҳои парвандаҳои мўҳлати нигоҳдориашон дароз барои давраи муайяни вақт анҷом дода мешавад.
201. Ба санад имзо намудан ва ворид намудани қайдҳо дар шаклҳои баҳисобгирӣ оиди нобудсозӣ то нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ роҳ дода намешавад.
202. Ҳомилҳои коғазӣ ва техникии вайронкардашуда, сиёҳнависҳо ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ва рўйхатҳои ҳуҷҷатҳои дохилӣ бе тартиб додани санад нобуд карда мешаванд.
203. Ба тартиби нобудсозии ҳуҷҷатҳо ва ҳомилҳои маълумот бе тартиб додани санад дохил мешаванд:
- дарондани варақҳо, шикастани ҳомилҳои магнитӣ ва ё дигар ҳомили техникӣ дар ҳузури иҷрокунанда ё ин ки корманди дуюм;
- ҷамъ намудани боқимондаи ҳомилҳо дар қуттии мўҳркардашуда;
- нобудсозии ҷисмонии боқимондаи ҳомилҳо;
- ворид намуани қайдҳо оиди нобудсозӣ дар шаклҳои ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва ҳомилҳо.
204. Ҳар як парванда, ҳуҷҷат ва китоби бақайдгирӣ дар санад бо мавқеи алоҳида дохил карда шуда, бояд бо маълумоти дар бораи онҳо аз ҷониби комиссияи коршиносон дар протокол ва шаклҳои бақайдгирӣ мувофиқат намояд.
205. Ҳангоми ворид намудан ба санад парвандаҳое, ки аз онҳо пеш аз нобудсозӣ ҳуҷҷатҳои алоҳида гирифта шудаанд дар парванда шумораи варақҳое, ки воқеан воқеан боқӣ мондаанд, қайд карда мешаванд.
206. Пеш аз нобудсозии парвандаҳо, ҳуҷҷатҳо ва китобҳои бақайдгирӣ, ки ба санад дохил карда шудаанд мувофиқати маълумоти санад бо қайдҳои протоколи комиссияи коршиносон, бо феҳристи парвандаҳо, китобҳои бақайдгирии ҳуҷҷатҳои барои нигоҳдорӣ ҷудошуда, дар ҷилдҳо, варақҳои тасдиқкунандаи ҳуҷҷатҳои барои нигоҳдорӣ ҷудошуда дар рўйхатҳои ҳуҷҷатҳои парванда (аз рўи ҳуҷҷатҳои аз парвандаҳо гирифташуда) аз назар гузаронида мешаванд. Варақҳо ва кортҳои баҳисобгирӣ рақамгузорӣ шуда, ҳуҷҷатҳои ҷамъшуда алоҳида гузошта мешаванд. Мутобиқати маълумотҳо дар санад бо имзои тафтишгарон муқоиса карда мешавад.
207. Пас аз нобудсозӣ қайдҳо оиди нобудсозии парвандаҳо ва китобҳои бақайдгирӣ (картотека) дар китоби бақайдгирии ҳуҷҷатҳои барои нигоҳдорӣ ҷудошуда, анҷом дода мешавад.
208. Қайдҳо оиди нобудсозии ҳуҷҷатҳои алоҳида аз парвандаҳо дар рўйхатҳои ҳуҷҷатҳои парвандаҳо гузошта мешаванд. Ба ҷои ҳуҷҷатҳои нобудкардашуда дар парвандаҳо маълумотномаҳои ивазкунанда гузошта мешаванд. Дар санад гузоштани чунин қайдҳо бо имзои корманде, ки қайдҳоро гузарондааст, тасдиқ карда мешавад.


§ 8. Банақшагирии кор ва ҳисоботдиҳии бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ

209. Дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ тартиб дода мешаванд: -нақшаи кори солона, нақша-ҷадвали қабули парвандаҳо ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ.
210. Нақшаи солона бо нишон додани намудҳои мушаххаси корҳо тартиб дода мешавад.
211. Нақша-ҷадвали қабули парвандаҳо ба бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ бо воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта мувофиқа шуда, аз ҷониби роҳбари Раёсати вилоятии муассисаи суғурта тасдиқ карда мешавад.
212. Доир ба ҷамъбасти кори бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ оид ба иҷрои нақшаи солона, нақша-ҷадвалҳо, инчунин маълумот оиди иҷрои чорабиниҳое, ки дар нақшаи солона дохил нашудааст, ҳисобот тартиб дода мешавад. Ҳангоми зарурат, чорабиниҳо дар охири ҳисобот, дар фасли алоҳида нишон дода мешаванд.

Дополнительная информация