Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013, №345

15. Ҷуброни маблағхо аз ҷониби буҷети давлатӣ ба буҷети муассисаи суғурта аз рўи пардохтхои ғайрисуғуртавӣ, касри буҷети муассисаи суғурта хисобида намешавад.
16. Тахияи лоихаи пешакии буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли молиявии навбатӣ аз баррасӣ ва тасдиқи лоихахои сметаи хароҷотхо ва даромадхои ин сохторхои зертобеи муассисаи суғурта пешниход шавад, оғоз мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709):
- аз сохторхои зертобеи нохиявии муассисаи суғурта ба раёсатхои вилоятӣ ва раёсати шахри Душанбе то 20 июли соли равон;
- аз раёсатхои вилоятӣ ва раёсати шахри Душанбе ба дастгохи марказии муассисаи суғурта то 20 августи соли равон.
17. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар асоси пешниходоти сохторхои тобеи худ лоихаи буҷет барои соли навбатии молиявӣ ва тавзехнома ба онро тахия намуда, бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон пешниход менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
18. Тахияи лоихаи буҷети муассисаи суғурта бо дарназардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон, самтхои афзалиятнок ва нави сиёсати давлатӣ дар сохаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ мегардад.
19. Лоихаи буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ бо дарназардошти баробарии хатмии даромаду хароҷоти буҷети мазкур аз ҷониби муассисаи суғурта тахия карда мешавад.
20. Лоихаи буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ аз ҷониби муассисаи суғурта дар асоси таснифоти буҷетӣ тибқи Низомнома оид ба таснифоти буҷети хароҷотхо ва даромадхои давлатӣ, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, тартиб дода мешавад.
21. Тавзехнома ба лоихаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли навбатии молиявӣ бояд дорои маълумотхои зерин бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709);
- самтхои асосии муайяншудаи сиёсат дар сохаи суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи нафақавӣ;
- тавсифоти даромад ва хароҷот аз рўи намудхои суғурта;
- дигар маълумотхое, ки барои баррасии лоихаи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли навбатии молиявӣ заруранд.
22. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардидаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон" лоихаи буҷети муассисаи суғуртакунандаро баррасӣ ва қарорхои дахлдор қабул менамояд.
Ҳамасола зимни тахияи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон даромаду хароҷот байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи махаллии хокимияти давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида барои буҷетхои ҷумхуриявӣ ва махаллӣ муайян карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
Дар як вақт даромад, хароҷот ва меъёрхои муайяншуда дар Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатӣ" барои соли молиявии оянда иловатан инъикос ва тасдиқ мегарданд.
Дар лоихаи буҷети муассисаи суғурта барои соли молиявии навбатӣ бояд нақшаи ташаккули қисми даромад, эхтиёҷоти тахминӣ барои пардохти нафақа ва кўмакпулихо, хаҷми ёрии моддии ҷудошаванда аз фонди захиравии буҷети муассисаи суғурта ба буҷетхои зерсохторхои худ бо тартиби муайянгардида барои буҷети давлатӣ ва махаллӣ дар сохтори низоми буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
23. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон лоихаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистонро барои соли навбатии молиявӣ бо маводу хуҷҷатхои хамрохикунандаи зарурӣ ва пас аз маъқул донистан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон то 1 ноябри соли ҷорӣ пешниход менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
24. Буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо пешниходи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ бо моддаи алохидаи Буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
25. Лоихаи буҷети муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо хуҷҷату маводхо оид ба масъалахои зерин пешниход карда мешавад:
- бахои иҷрои тахминии буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ:
- натиҷахои пешакии рушди сохаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар давраи гузаштаи соли равон;
- роххои асосии рушди низоми сохаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар соли молиявӣ;
- пешгўии баробарии молиявии буҷети муассисаи суғурта бо минтақахо барои соли навбатии молиявӣ;
- усулхо ва хисоби асосии муайян кардани қисми даромади сохторхои зертобеи муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- усулхо ва хисоби асосии субсидияхои сохторхои зертобеи муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- усулхо ва хисоби асосии робитаи дутарафаи буҷети муассисаи суғурта ва Буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли навбатии молиявӣ;
- хисобии моддахои таснифоти даромадхои буҷети муассисаи суғурта, фасл ва қисмхои фасли таснифоти вазифавии хароҷотхои буҷети Ҷумхурии Тоҷикистон ва касри буҷети муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- сохти қарзи муассисаи суғурта ва барномаи бархам додани ў;
- бахои талафоти буҷети муассисаи суғурта аз ворид нагардидани маблағхо ва бақияхо;
- номгўи санадхои қонунгузорие, ки амали онхо дар соли навбатии молиявӣ бо сабаби дар буҷети муассисаи суғурта пешбинӣ нашудани маблағхо барои татбиқи он бекор ё қатъ карда мешаванд.
26. Таъмини иҷрои буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
27. Масъулият аз болои дурустии иҷрои буҷет ба ўхдаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гузошта мешавад.
28. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети муассисаи суғурта хар семоха аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи хатмии нафақа тартиб дода шуда, ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон пешниход мегардад.
29. Ҳисобот бояд аз маълумотхои зерин иборат бошад:
- маълумотхои хисоботӣ оид ба вазъи молиявии низоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ;
- муқоисаи хаҷми даромад ва хароҷоти тасдиқгардида ва хақикӣ, касри буҷет бо шархи байни нишондихандахои аслӣ ва тасдиқгардида;
- тадбирхо оид ба таъмини иҷрои буҷети муассисаи суғурта дар давраи боқимонда;
30. Ҳисоботи солона оид ба иҷрои буҷети муассисаи суғурта то 15 июни соли ҷорӣ ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон пешниход карда мешавад.
31. Ҳисоботи солонаи муассисаи суғурта бояд аз маълумотхои зерин иборат бошад:
- нишондихандахои аслии даромад, қарзхо, грантхо дар давоми сол;
- хароҷот тибқи таснифоти буҷетии функсионалӣ, иқтисодӣ ва сохавӣ аз нуқтаи назари хаҷми тасдиқгардида ва муайяншуда ва нишондихандахои хақиқии буҷет;
- тавозуни суратхисоби муассисаи суғурта дар аввал ва охири сол;
- хисобот оид ба дороихои молиявӣ ва фонди захиравӣ;
- шархи фарқияти асосии байни субвенсияи хақиқӣ ва тасдиқгардида;
- хисобот оид ба хаҷми қарзгирӣ, кафолатхои қарзӣ, номгўи қарзхои пардохтнашуда ва дигар амалиётхо оид ба идоракунии қарз;
- маълумоти умумии сармоягузорӣ аз рўи андўхти нафақавӣ;
- хисобот оид ба хароҷот аз хисоби фонди захиравии муассисаи суғурта.
32. Назорати давлатии молиявӣ ва аудити иҷрои буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).

Дополнительная информация