Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013, №345

Замимаи № 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумхурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2013, № 345
тасдиқ шудааст

Дастурамал оид ба ташкили бахисобгирии умумӣ ва инъикоси амалиётхо вобаста ба сахмхои нафақавӣ дар бахисобгирии мухосибӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709, аз 25.01.2017 № 46)

Боби 1. Ташкил намудани бахисобгирии умумии андози иҷтимоӣ

1. Дастурамали мазкур қоидахои ягонаи ташкили бахисобгирии умумии сахмхои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ, инъикоси амалиётхо аз рўи сахмхои суғуртавӣ дар бахисобгирии мухосибӣ, таркиб ва мундариҷаи хисоботхои молиявӣ, тартиб, мўхлат ва даврияти пешниходи он, инчунин андозаи сахмхои суғуртавиро бо намудхои суғуртаи иҷтимоӣ муқаррар менамояд.
2. Муқаррароти Дастурамали мазкур ба хамаи корфармоёне, ки дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоии Ҷумхурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли ташкилию хуқуқиашон, дахл дорад.
3. Барои мақсадхои Дастурамали мазкур мафхумхои зерин истифода мешаванд:
- бахисобгирии умумии андози иҷтимоӣ - маҷмўи усулхои пешбурди бахисобгирии мухосибӣ, ки аз ҷониби суғуртакунанда қабул гардидааст (назорати аввалия, ченаки арзишӣ, гурўхбандии ҷорӣ ва ҷамъбасти хотимавии далелхои хисобӣ намудани музди мехнат ва сахмхои суғуртавӣ);
- захира кардани маблағхои пулӣ - раванди тадриҷан пасандоз кардани маблағхои пулӣ аз ҷониби муассисаи суғурта, ки бо мақсади суғуртаи хатмии нафақавӣ ба суратхисобхои бонкии муассисаи суғурта ворид гардидаанд;
- аксепт - розигии суғуртакунанда барои ба таври ғайринақдӣ бо муассисаи суғурта хисобӣ намудан;
- давраи хисоботӣ - давраи тақвимӣ, ки барои он тавозуни мухосибии муассисаи суғурта тартиб дода мешавад;
- санаи хисоботӣ - санаи тақвимӣ, ки дар он хисоботи молиявии муассисаи суғурта тартиб дода мешавад;
- суғуртакунанда - шахси воқеӣ ё хуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон сахмхои суғуртавиро барои суғуртаи хатмии нафақавӣ пардохт менамояд;
- муассисаи суғурта - мақоми ваколатдори давлатӣ, ки суғуртаи хатмии нафақавиро амалӣ мекунад;
- ҷуброни суғуртавӣ - иҷрои хатмии ўхдадорихои муассисаи суғурта дар назди шахсони суғурташуда бо рохи пардохтхои иҷтимоӣ, дар мавриди фаро расидани холатхои суғуртавӣ;
- сахми суғурта - пардохти хатмӣ барои нафақаи суғуртавӣ, ки суғуртакунанда вазифадор аст, тибқи қонун ба муассисаи суғурта гузаронад;
- хисоби транзитӣ - суратхисоби муассисаи суғурта, ки дар муассисаи бонкӣ кушода шудааст ва барои бахисобгирии амалиётхо аз рўи андози иҷтимоии воридшаванда аз ҷониби суғуртакунанда пешбинӣ шудааст;
4. Ташкили бахисобгирии мухосибии сахмхои суғуртавӣ ва пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба мақсадхои зерин амалӣ карда мешавад:
- хуҷҷатнигории дурусту саривақтии амалиёт ҷихати қабули сахмхои суғуртавӣ ва пардохти ҷуброни суғуртавӣ;
- назорат ҷихати тақсимоти маблағи сахмхои суғуртавӣ мувофиқи сохтори андози иҷтимоӣ ва ҷихати дурустии пардохти ҷуброни суғуртавӣ.
5. Ба усулхои пешбурди бахисобгирии мухосибавӣ тарзхои гурўхбандӣ ва баходихии далелхои хисобӣ намудан, пардохти қарз, ташкили гардиши хуҷҷат, истифодаи суратхисобхои хисоботи мухосибӣ, ташкили фехристхои бахисобгирии мухосибавӣ, коркарди иттилоот дохил мешаванд.
6. Суғуртакунандагон бахисобгирии умумии андози иҷтимоиро дар асоси бахисобгирии мухосибавӣ ба рох монда, нақшаи бахисобгирии мухосибии фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектхои хоҷагидор ва Дастурамал оид ба истифодаи онро дар муассисахои буҷетӣ, ки бо фармоиши Вазири молияи Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, истифода мекунанд.
7. Шакли хисоботхои молиявӣ ва дигар хуҷҷатхое, ки дар Дастурамали мазкур нишон дода шудаанд, аз тарафи муассисаи суғурта муқаррар карда мешаванд.
8. Бахисобгирии аввалияи андози иҷтимоӣ аз ҷониби сохторхои зертобеи муассисаи суғурта, бо истифода аз усули хазинавӣ дар санаи воридоти маблағ ба суратхисобхои транзитии онхо, анҷом дода мешавад.
9. Барои ин мақсадхо, сохторхои зертобеи муассисаи суғурта хар мох аз муассисаи бонкӣ, ки хисобхои муассисаи суғуртаро хизматрасонӣ мекунад, нусхаи варақахои пардохтиро мегиранд.
10. Нусха аз хисоби транзитии суғуртакунанда хуҷҷати бонкӣ мебошад, ки оид ба холати хисоби транзитӣ ва харакати маблағхо дар хисоби транзитии сохторхои зертобеи муассисаи суғурта маълумоти дақиқ медихад.
11. Нусха иқтибоси дуюм аз суратхисоби бонкии муассисаи суғурта мебошад, ки аз ҷониби муассисаи бонке, ки ба хисобхои муассисахои суғурта хизматрасонӣ мекунад, аз рўи хар як рўзи амалиёт, ки дар он амалиёти маблағхо ба хисоби транзитии сохторхои зертобеи муассисаи суғурта гузаронда мешуданд, тартиб дода мешавад.
12. Муассисаи бонкие, ки хизматрасонии хисобхои муассисаи суғуртаро амалӣ мекунад, харрўза мувофиқи воридоти маблағ ба муассисаи суғурта, оид ба воридоти сахмхои суғуртавӣ, бо нишондоди суғуртакунандагон ба муассисаи суғурта дар шакли электронӣ маълумот медихад.
13. Тахвили маълумот дар шакли электронӣ дар асоси Созишнома ва ё Таснифоти техникӣ, ки аз ҷониби муассисаи бонки хизматрасон ва муассисаи суғурта якҷоя тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад.
14. Санҷиш ва коркарди нусхахоро сохторхои зертобеи муассисаи суғурта бояд дар рўзи қабули онхо гузаронад. Коркард инхоро дар бар мегирад:
- интихоби хамаи хуҷҷатхои далелноки ба нусхаи бонкӣ замимагардида: аввалан аз рўи ворид намудан ба хисоб ва баъдан аз рўи баровардан аз хисоб;
- муқоисаи амиқи хамаи маълумотхои дар нусха қайдгардида бо хуҷҷатхои аввалияи замимагардида, ки мавҷудияти маблағи барзиёд хисобишуда ва ё хисобинашударо муқаррар мекунад. Зимни дарёфти ягон фарқият, фавран ба муассисаи бонкии хизматрасони хисоби муассисаи суғурта, хабар дода мешавад;
- дар хошияи нусхаи санҷидашуда мувофиқан аз тарафи рости маблағхои дахлдор рамзхои хисоби мухосибӣ монда мешавад.
15. Муасиссаи суғурта хар мох (то санаи 15-уми мохи дигар барои мохи хисоботӣ) оид ба воридоти андози иҷтимоӣ, хисоботи амалиётиро, ки ба мақомоти болоии муассисаи суғурта пешниход карда мешавад, тахия мекунад.
16. Ҳар як семоха хангоми қабули хисоботи молиявии суғуртакунандагон, сохторхои зертобеи муассисаи суғурта хамаи маълумоти аз рўи нусхахо бадастовардаро бо маълумоти пешниходнамудаи суғуртакунанда оид ба маблағхои гузаронидаи сахмхои нафақавӣ муқоиса менамояд.
17. Бахисобгирии андози иҷтимоиро аз ҷониби суғуртакунанда сармухосиб ё ки шахси дигар, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон пешбурди бахисобгирии мухосибавии суғуртакунандаро ба ўхда дорад, дар асоси Дастурамали мазкур ташкил медихад ва аз ҷониби рохбари суғуртакунанда тасдиқ карда мешавад.
18. Суғуртакунанда бахисобгирии сахмхои суғуртавиро бо усули гузаронидани маблағ дар санаи аксепт аз рўи музди мехнат (ё ин ки дигар пардохтхо) амалӣ менамояд.

Дополнительная информация