Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013, №345

19. Ҳангоми пешбурди бахисобгирии андози иҷтимоӣ аз ҷониби суғуртакунанда инхо тасдиқ мешаванд:
- нақшаи кори хисобхои бахисобгирии мухосибавӣ, ки аз хисобхои синтетикӣ ва тахлилӣ иборат буда, барои пешбурди бахисобгирии мухосибии андози иҷтимоӣ мутобиқ ба талаботи саривақтӣ, мукаммалии бахисобгирӣ ва хисоботдихӣ зарур мебошад;
- шаклхои аввалияи хуҷҷатхои бахисобгирӣ, фехристхои ба хисобгирии мухосибавӣ ва инчунин хуҷҷатхои дохилии хисоботхои мухосибӣ;
- тартиби гузаронидани инвентаризатсияи ўхдадорихои молиявии суғуртакунанда дар назди муассисаи суғурта; усулхои бахогузории ўхдадорихои молиявӣ;
- қоидахои хуҷҷатгузорӣ ва технологияи коркарди иттилооти бахисобгирӣ тартиби назорат аз болои амалиётхои хисобишуда ва пардохт;
- дигар қарорхои зарурӣ барои ташкили бахисобгирии мухосибии андози иҷтимоӣ.
20. Ҳангоми ташкили бахисобгирии андози иҷтимоӣ, суғуртакунанда бояд талаботхои зеринро амалӣ намояд:
- ўхдадорихо бояд бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд;
- бахисобгирии андози иҷтимоӣ бояд паи хам аз як давра ба давраи дигари хисоботӣ гузаронда шавад;
- далели хисобӣ ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ ба хамон давраи хисоботие тааллуқ дорад, ки новобаста аз вақти хақиқии воридот ё ин, ки пардохти маблағхои пулии бо ин далелхо алоқаманд, ҷой доштанд.
21. Бахисобгирии андози иҷтимоӣ аз ҷониби суғуртакунандагон бояд инхоро таъмин намояд:
- инъикоси пурраи хамаи далелхои хисобихо, пардохт ва ташаккули қарзхо аз музди мехнат (даромад) ва сахмхои суғуртавӣ дар бахисобгирии мухосибавӣ;
- инъикоси саривақтии далелхои хисобихо, пардохт ва ташаккули қарзхо аз музди мехнат (даромад) ва андози иҷтимоӣ дар бахисобгирии мухосибавӣ ва хисоботи молиявӣ;
- рох надодан ба пинхонкунии андозаи объекти андозбандии пардохтхои суғуртавӣ;
- якхелагии маълумотхои хисоби тахлилии гардиш ва бақия бо хисоби синтетикӣ дар рўзи охирини тақвимӣ барои хар як мох.
22. Бахисобгирии андози иҷтимоии аз ҷониби суғуртакунанда қабулгардида, бояд чун хуҷҷатхои ташкилию маъмурии (фармоишхо, амрхо ва ғайра) суғуртакунанда ба расмият дароварда шаванд.
23. Усулхои пешбурди бахисобгирии мухосибии интихобнамудаи суғуртакунанда хангоми бахисобгирии андози иҷтимоӣ, аз якуми январи соли ояндаи баъд аз соли тасдиқи хуҷҷатхои ташкилию маъмурии дахлдор татбиқ мешаванд.
24. Усули пешбурди бахисобгирии мухосибавии андози иҷтимоӣ аз ҷониби суғуртакунанда тасдиқгардида аз ҷониби хама филиалхо, намояндагихо ва дигар сохторхои зертобеъ (аз он ҷумла ба тавозуни алохида ҷудошуда) новобаста аз махалли ҷойгиршавӣ татбиқ мешаванд.
25. Суғуртакунандаи нав бақайдгирифташуда, бахисобгирии андози иҷтимоиро тибқи Дастурамали мазкур на дертар аз 30 рўз, аз рўзи бақайдгирии давлатии шахсони хуқуқӣ ба расмият медарорад. Дар баробари ин, бахисобгирии сахмхои нафақавӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии шахси хуқуқӣ қобили қабул хисобида мешавад.
26. Ҳангоми ташкили бахисобгирии андози иҷтимоӣ суғуртакунанда бояд бахисобгирии зеринро пеш барад:
- музди мехнати хисобкардашуда ва дигар пардохтхо, даромади бадастовардашуда, ки аз онхо андози иҷтимоӣ гирифта мешавад;
- музди мехнати пардохтгардида ва дигар пардохтхо, даромади бадастовардашуда, ки аз онхо андози иҷтимоӣ гирифта мешавад;
- сахмхои суғуртавии хисобигардида, товон ва ҷаримахо;
- сахмхои суғуртавии пардохтгардида, товон ва ҷаримахо;
- хароҷоти баҷоовардашуда барои пардохти нафақа;
- хисоббарихо аз рўи маблагхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (инъикос кардани он маблағхое, ки барои пардохт намудани сахмхои суғуртавӣ хароҷот карда шудаанд ва маблағхои аз муассисаи суғурта гирифташуда).
27. Бахисобгирии сахмхои суғуртавӣ барои хар як корманд, барои хар як мохи мушаххас ва бо натиҷахои афзоянда аз ибтидои давра пеш бурда мешавад.
28. Бахисобгирии сахмхои суғуртавӣ бо асъори миллӣ ба рох монда мешавад.
29. Бахисобгирии хароҷот оид ба маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бояд бо сомонӣ ва дирам ба рох монда шавад.
30. Ҳисоби тарофаи сахмхои суғуртавӣ аз рўи хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ бо рохи зарб намудани тарофаи андози иҷтимоӣ ба андозаи суғуртаи иҷтимоӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ тибқи замимаи 4 гузаронида мешаванд.
31. Сахмхои суғуртавии аз рўи намудхои ҷудогонаи суғурта бахисобгирифташуда, бо мутобиқатии қатъӣ бо сохтори андози иҷтимоӣ ба инобат гирифта мешавад.
32. Барои сохибкорони инфиродӣ, ки тарофаи андози иҷтимоӣ дар шакли меъёри муайяншуда муқаррар карда шудааст, хисобии сахмхои суғуртавӣ ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ бо рохи зарб намудани меъёри муайяншудаи андози иҷтимоӣ ба андозаи суғуртаи иҷтимоӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ, тибқи замимаи 4 гузаронида мешаванд.
33. Ҳисоббаробаркунӣ бо муассисаи суғурта оид ба ҷуброни маблағхои суғуртакунанда аз рўи тартиби махсуси муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба рох монда мешавад.
34. Аз рўи воқеият суғуртакунандагон ўхдадоранд, хамаи маблағхои хисобишудаи андози иҷтимоиро гузаронанд.
35. Шарти асосӣ барои аз ҷониби муассисаи суғурта эътироф гардидани ҷуброни суғурта мавҷудияти хуҷҷатхои аввалияи бахисобгирии ба расмият даровардашуда мебошад.
36. Дар холати пардохти нафақа ва кўмакпулихо ба шахсони суғурташуда, ки қонунгузорӣ дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоии Ҷумхурии Тоҷикистон иҷозат додааст, андози иҷтимоии бахисобгирифташударо ба андозаи хаҷми нафақа ва кўмакпулихои пардохтшуда, танхо баъди ба муассисаи суғурта пешниход намудани хуҷҷатхои аввалияи тасдиқшуда кам кардан мумкин аст.
37. Муайян намудани андозаи ҷуброни суғуртавӣ, хисобӣ намудани маблағхои ҷуброни суғуртавиро ба шахсони суғурташуда аз ҷониби суғуртакунанда, дар асоси пешниход намудани хисоботи молиявӣ ва дигар хуҷҷатхои аввалия оид ба пардохтхои гузаронидашуда дар бар мегирад.
38. Дар мавриди бахисобгирии маблағхое, ки андозаи афзоиши маблағхои ба муассисаи суғурта гузаронидашуда дар онхо метавонад кам шавад, ба намудхои пардохтхои зерин дохил мешаванд:
- кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ;
- кўмакпулӣ барои хомиладорӣ ва таваллуд;
- кўмакпулии оилавӣ;
- кўмакпулӣ барои дафн;
- хароҷоти маблағхо барои солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онхо.
39. Бахисобгирии ҷуброни суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунанда дар семохаи оянда пас аз семохаи хисоботӣ аз хисоби маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар асоси банди 35 Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.
40. Бо мақсади таъмини дурустии хисоботи молиявии суғуртакунанда, ки қарзхои дебиторию кредиториро дар бар мегирад, тасдиқи пурагии инъикоси амалиёт оид ба андози иҷтимоӣ, дар бахисобгирӣ ва саривақтии қабули чорахо доир ба бартараф намудани қарзхои мўхлаташон гузашта, аз ҷониби суғуртакунанда хар семоха инвентаризатсия гузаронда мешавад.
41. Ҷамъбасти маълумотхои инвентаризатсия бояд маблағи дебиторию кредитории мўхлаташон гузашта ва мўхлати пардохти онхоро муайян кунад. Риояи тартиб ва пардохти саривақтии қарзи мўхлаташ гузашта, ба муассисаи суғурта имконият медихад ҷихати маблағгузории саривақтии пардохтхои суғуртавӣ чорахои амалӣ андешад.

Дополнительная информация