Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013, №345

68. Дар асоси маълумотхои санади инвентаризатсияи қарздории дебиторӣ, ба Фехристи бахисобгирии мухосибӣ, бо мақсади инъикоси сахехияти вазъияти хисоббаробаркунихо бо муассисаи суғурта ислохот ворид карда мешавад. Даровардани тағйирот танхо дар он давраи хисоботие мумкин аст, ки он дар хамон давра ошкор гардидааст. Ворид кардани ислохот ба маълумотхои даврахои пештар мумкин нест.
69. Қарздории дебиторӣ аз рўи маблағхои андози иҷтимоии давлатӣ бояд инчунин дар хисобхои бетавозунии суғуртакунанда ифода ёбад.
Боби 3. Ҳисоботи молиявӣ аз рўи маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
70. Ҳисоботи молиявии суғуртакунанда бояд оид ба хисоббаробаркунихои мутақобил ва ўхдадорӣ оид ба андози иҷтимоӣ ба муассисаи суғурта маълумоти дақиқ ва пурра дихад. Танхо хисоботе дақиқ ва пурра шуморида мешавад, ки дар асоси қоидахои бо санадхои меъёрии хисобдории мухосибии муқарраргардида ташаккул ёфтааст. Агар хангоми аз ҷониби суғуртакунанда тахия гардидани хисоботи молиявӣ дар асоси қоидахои Дастурамали мазкур, норасоии маълумот оиди пурра инъикос гардидани хисоббаробаркунихо муайян гардад, пас дар хисоботи молиявӣ суғуртакунанда нишондиханда ва тавзехоти мувофиқро илова мекунад.
71. Дар хисоботи молиявии суғуртакунанда бояд нишондихандахои фаъолияти тамоми филиалхо, намояндагихо ва дигар қисмхо (ба истиснои дар дигар тавозунхо ҷудогардида) дохил бошанд.
72. Суғуртакунанда зимни тахияи хисоботи молиявӣ ва тавзехоти он мундариҷа ва шакли гузариши қабулнамудаи онро аз як давраи хисоботӣ ба дигар давра бояд нигох дорад.
73. Моддахои хисоботи молиявӣ, ки дар асоси Дастурамали мазкур бояд кушода карда нишон дихад ва дар онхо мазмуни рақамии ўхдадорихо, даромадхо, хароҷот ва дигар нишондихандахо мавҷуд нестанд, хат зада мешаванд ва ё дар тавзехот навишта намешаванд.
74. Санаи хисоботии тартиб додани хисоботи молияви рўзи охирини тақвимии давраи хисоботӣ ба хисоб меравад.
75. Ҳангоми тартиб додани хисоботи молиявӣ барои соли хисоботӣ, соли хисоботӣ соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр хисобида мешавад. Соли хисоботии якум барои корхонахои навтаъсисдодашуда, давраи аз санаи бақайдгирии давлатии онхо то 31 декабри хамон сол хисобида мешавад.
76. Ҳар як қисми хисоботи молиявии тахиягардида бояд маълумотхои зеринро дар бар гирад: номи қисми таркибӣ; нишон додани санаи хисоботӣ ё даврае, ки хисоботи молиявӣ тартиб дода шудааст; номи суғуртакунанда бо нишон додани шакли ташкилию хуқуқии он; андозаи пешниходи нишондихандахои миқдории хисоботхои молиявӣ.
77. Ҳисоботи молиявӣ бояд бо забони давлатӣ тартиб дода шавад.
78. Ҳисоботи молиявӣ бояд бо асъори миллии Ҷумхурии Тоҷикистон тартиб дода шавад.
79. Дар хисоботи молиявӣ рохбар ва сармухосиби (мухосиби) суғуртакунанда имзо мегузоранд.
80. Ҳисобот оид ба маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз хисоботи молиявии суғуртакунанда иборат мебошад, ки ба он тавзехнома замима мегардад.
81. Ҳисоботи молиявӣ бояд тавсифоти вазъи молиявии суғуртакунандаро аз рўи хисоббаробаркунӣ бо муассисаи суғурта, ба холати санаи хисоботӣ, нишон диханд.
82. Ҳисоботи молиявӣ бояд нишондихандахои рақамии зеринро дар бар гирад:
фонди музди мехнат; шумораи миёнаи кормандон; қарздорӣ аз рўи музди мехнат; қарздорӣ аз андози иҷтимоӣ; сахмхом суғуртавии хисобишуда ва пардохтгардида; ҷарима; пеня ва фоизхо; пардохтхои амалинагардида ва пардохтхои суғуртавӣ.
83. Тавзехот ба хисоботи молиявӣ, бояд маълумотхои ба бахисобгирии андози иҷтимоӣ дахлдори суғуртакунандаро кушода нишон дихад ва муассисаи суғуртаро бо маълумотхои иловагӣ, ки ворид кардани онхо ба хисоботи молиявӣ номатлуб аст вале барои муассисаи суғурта ҷихати баходихии воқеии вазъи молиявии суғуртакунанда, натиҷахои молиявии фаъолияти он ва барои ворид намудани тағйирот дар вазъи молиявии он зарур аст, таъмин намояд.
84. Тавзехот ба тавозуни молиявӣ бояд маълумотхои иловагии зеринро нишон дихад;
- оид ба вуҷуд доштани қарздорӣ дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ ва қарздорӣ аз музди мехнат ва сахмхои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ дар давраи хисоботӣ;
- оид ба мавҷуд будан дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ ва гардиши пардохтхои сахмхои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ дар давраи хисоботӣ;
- оиди ба мавҷудият дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ ва гардиши нафақа ва кўмакпулихои пардохтгардида дар давраи хисоботӣ;
- оид ба дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ мавҷуд будани қарзхои дебиторӣ аз рўи суғуртахо;
- оид ба таркиби захирахои хароҷоту пардохтхои дарпешистода, захирахои арзишдошта, мавҷудияти онхо дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ, гардиши маблағхои хар як захирахо дар давраи хисоботӣ;
- оид ба мавҷудияти қарздории кредиторӣ аз рўи намудхои суғурта дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ;
- оид ба таркиби даромад ва хароҷотхои дигар;
- оид ба далелхои фавқуллода дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва оқибатхои он.
85. Тавзехот ба хисоботи молиявӣ маълумотро дар шакли навъхои хисоботи алохида (хисобот оиди пардохтхо, оид ба рафтуомади кадрхо, оид ба пардохти нафақа ва кўмакпулихо ва ғ.) ва дар намуди гузориши тавзехотӣ мекушояд.
Моддаи хисоботи молиявӣ, ки ба он тавзех дода мешавад, бояд барои чӣ гуна кушодани он дастур дошта бошад.
86. Дар хисоботи молиявӣ бояд маълумотхо оид ба гардиши маблағхои пулӣ дар давраи хисоботӣ кушода бошанд, ки суғуртакунанда мавҷудият, даромад ва хароҷоти маблағхои пулиро аз пардохти музди мехнат (ва дигар пардохтхо) тавсиф медихад. Дар радифи фаъолияти молиявӣ хисобот оид ба гардиши маблағхои пулӣ бояд тағйиротро дар вазъи молиявии суғуртакунанда тавсиф дихад.
87. Суғуртакунанда бояд хисоботи байнифосилавии мухосибавиро барои як мох, семоха бо натиҷаи анҷомида аз аввали соли хисоботӣ тартиб дихад, агар қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон талаботи дигареро муқаррар накарда бошад.
88. Ҳисоботи мухосибии фосилавӣ аз маълумотхои амалӣ (оперативӣ) оид ба хисобӣ намудан ва гузаронидани маблағи андози иҷтимоӣ иборат аст.
89. Талаботи умумӣ ба хисоботи байнифосилавии мухосибавӣ, мундариҷаи таркибии он ва қоидахои баходихии моддахо аз ҷониби муассисаи суғурта муайян карда мешавад.
90. Суғуртакунанда бояд хисоботи байнифосилавиро на дертар аз 10-рўзи ба итмом расидани давраи хисоботӣ ташаккул дихад.
91. Нусхаи хатмии хисоботи молиявӣ бевосита аз ҷониби суғуртакунанда бояд ба мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар махалли бақайдгирӣ хатман дар шакли чопӣ пешниход гардад.
92. Нусхаи хатмии хисоботи молиявӣ на кам аз санаи 10 минбаъдаи мохи хисоботӣ пешниход карда мешавад.
93. Дар холатхое, ки мўхлати рўзи охирини пешниходи нусхаи хатмии хисоботи молиявӣ дар рўзи истирохат мувофиқ ояд, рўзи охири мўхлати пешниходи хисобот рўзи минбаъдаи корӣ хисоб карда мешавад.
94. Рўзи пешниходи нусхаи хатмии хисоботи молиявӣ ба мақомоти муассисаи суғурта, санаи дар қайди мақомоти иҷроияи муассисаи суғурта оид ба қабули он нишондода хисобида мешавад.
95. Ҳисоботи молиявӣ ва дигар хуҷҷатхои аввалияе, ки хисобӣ ва пардохти андози иҷтимоиро тасдиқ мекунанд, бояд аз ҷониби суғуртакунанда дар мўхлатхои муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Точикистон оид ба хуҷҷатхои мухосибӣ, нигохдорӣ шавад:
- хисоботи молиявии семоха бо тавзехнома, инчунин хуҷҷатхои аввалия бо далелхои муайяншудаи иҷроии амалиётхои гузаронидашуда - 5 сол;
- хисоботи молиявии солона бо тавзехнома -10 сол.
96. Муассисаи суғурта хуқуқ дорад, ки хисоботи молиявии пешниходнамудаи суғуртакунандагонро мавриди санҷиши камералӣ қарор дихад.

Дополнительная информация