Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013, №345

Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи масъалахои суғуртаи хатмии нафақавӣ

Мутобиқи моддахои 3, 9 ва 16 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи хатмии нафақавӣ" ва моддаи 23 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалӣ намудани суғуртаи хатмии нафақавӣ Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муайян карда шавад.
2. Қоидахо оид ба тартиби тахия, пешниход ва тасдиқи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тасдиқ карда шавад (замимаи №1).
3. Дастурамал оид ба ташкили бахисобгирии умумӣ ва инъикоси амалиётхо вобаста ба сахмхои нафақавӣ дар бахисобгирии мухосибӣ тасдиқ карда шавад (замимаи №2).
4. Ҳангоми хисоби сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда барои хар як соли молиявӣ, аз 1 январи соли 1999 инҷониб андозаи (таносуби) тасдиқшудаи сахмхои нафақавӣ дар сохтори андози ҷамъиятӣ бо дарназардошти хароҷоти маъмурии хақиқии муассисаи суғурта вобаста ба фоизи тарофа аз рўи намуди суғурта ба андози иҷтимоӣ истифода бурда шавад.
5. Қарори мазкур аз рўзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Рахмон
 
аз 3 августи соли 2013, № 345
ш. Душанбе

Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумхурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2013, № 345
тасдиқ шудааст

Қоидахо оид ба тартиби тахия, пешниход ва тасдиқи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)

1. Қоидахои мазкур тибқи қонунхои Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи хатмии нафақавӣ", "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", "Дар бораи бахисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи хатмии нафақавӣ" ва "Дар бораи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон" кор карда баромада шуда, тартиби тахия, пешниход ва тасдиқи буҷети муассисаи суғурта, тартиб ва тасдиқи хисобот ва назорати иҷрои дурусти онхоро муқаррар менамояд.
2. Мақсади асосии тахияи буҷети муассисаи суғурта ин таъмини босамаронаи тақсимоти маблағхои пулии (фондхои) суғуртаи иҷтимоӣ бо дарназардошти ўхдадорихои ҷамъшудаи давлат дар назди шахсони суғурташуда мебошад.
3. Дар Қоидахои мазкур мафхумхои зерин истифода мешаванд:
- "буҷети муассисаи суғурта"-шакли ташаккул ва харҷи маблағхо бо мақсадхои суғуртаи хатмии нафақавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи хатмии нафақавӣ;
- "маблағи суғуртаи хатмии нафақавӣ"- маблағхое, ки дар амалан идоракунии мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи хатмии нафақавӣ қарор доранд;
- "андўхти нафақавӣ"- маблағхои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти мехнатӣ аз музди мехнат (даромад) супоридашудаи шахси суғурташуда ва даромадхо аз хисоби истифодабарии ин маблағхо, ки дар фонди махсуси суратхисоби инфиродии ў қайд гардидаанд;
- "мусоидати молиявӣ (субвенсия)"- маблағхое, ки аз буҷети давлатӣ ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон беподошу бебозгашт барои маблағгузории пардохтхои ғайрисуғуртавӣ пешниход мегарданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709);
- "раванди буҷетӣ" - меъёри батанзимдаровардашудаи хуқуқи фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба тахия ва баррасии лоихаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, тасдиқ, иҷро ва инчунин назорати иҷрои он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709);
- "ҷуброни суғуртавӣ"- иҷрои хатмии ўхдадорихои мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи хатмии нафақавӣ дар назди шахсони суғурташуда хангоми фаро расидани холатхои суғуртавӣ бо рохи пардохтхои иҷтимоӣ;
4. Раванди буҷетӣ аз мархилахои зерин иборат аст:
- тахияи лоихаи сметахои хароҷотхо ва даромадхо аз сохторхои зертобеи муассисаи суғурта;
- тахияи лоихаи пешакии буҷети муассисаи суғурта дар асоси лоихахои сметаи хароҷотхои пешниходшуда ва даромадхо аз сохторхои зертобеи муассисаи суғурта;
- баррасӣ ва тасдиқи лоихаи пешакии буҷети муассисаи суғурта;
- тахия, баррасӣ ва тасдиқи лоихаи буҷети муассисаи суғурта:
- иҷрои буҷет аз ҷониби муассисаи суғурта ва сохторхои зертобеи он, ё даврахои буҷетӣ;
- тахия ва тасдиқи хисобот оид ба иҷрои буҷет аз ҷониби муассисаи суғурта ва сохторхои зертобеи он.
5. Ташкили раванди буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.
6. Ба таркиби буҷети муассисаи суғурта буҷетхои зерин дохил мешаванд:
- суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- суғуртаи хатмии нафақавӣ;
- суғуртаи хатмии нафақавии касбӣ;
- суғурта дар холати бекорӣ;
7. Руйхати ҷамъбастии буҷети муассисаи суғуртаро муассисаи суғурта тартиб медихад.
8. Қисми даромади буҷети муассисаи суғурта аз хисобхои зерин ташаккул меёбад:
- сахмхо барои суғуртаи иҷтимоӣ;
- сахмхои нафақавӣ;
- сахмхои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ;
- маблағхои буҷети давлатӣ (субвенсияхо);
- маблағхои товон ва дигар муҷозотхои молиявӣ;
- даромадхои дигаре, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
9. Хароҷоти ҷуброни суғуртавӣ аз буҷети муассисаи суғурта танхо дар холатхои зерин маблағгузорӣ мегардад:
- нафақаи суғуртавӣ ва мехнатӣ;
- кўмакпулӣ аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ;
- кўмакпулӣ барои дафн;
- кўмакпулӣ бо сабаби бекорӣ;
10. Барзиёдии даромади муассисаи суғурта нисбат ба хароҷоти он барзиёдии буҷет мебошад;
11. Барзиёдии хароҷоти буҷети муассисаи суғурта нисбат ба даромади он касри буҷет мебошад;
12. Буҷети муассисаи суғурта метавонад бо тасдиқи барзиёдӣ ва касри он тахия карда шавад.
13. Барзиёдии буҷети муассисаи суғурта метавонад:
- дар депозит ва ё фондхои захиравии муассисаи суғурта ҷойгир карда шавад;
- ба пўшонидани касри буҷет дар соли навбатии молиявӣ равона гардад;
- ба индексатсияи нафақа ва кўмакпулихо равона гардад.
14. Дар холати қабули буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад, манбаъхои маблағгузории касри буҷет бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори муассисаи суғурта тасдиқ карда мешаванд.


15. Ҷуброни маблағхо аз ҷониби буҷети давлатӣ ба буҷети муассисаи суғурта аз рўи пардохтхои ғайрисуғуртавӣ, касри буҷети муассисаи суғурта хисобида намешавад.
16. Тахияи лоихаи пешакии буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли молиявии навбатӣ аз баррасӣ ва тасдиқи лоихахои сметаи хароҷотхо ва даромадхои ин сохторхои зертобеи муассисаи суғурта пешниход шавад, оғоз мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709):
- аз сохторхои зертобеи нохиявии муассисаи суғурта ба раёсатхои вилоятӣ ва раёсати шахри Душанбе то 20 июли соли равон;
- аз раёсатхои вилоятӣ ва раёсати шахри Душанбе ба дастгохи марказии муассисаи суғурта то 20 августи соли равон.
17. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар асоси пешниходоти сохторхои тобеи худ лоихаи буҷет барои соли навбатии молиявӣ ва тавзехнома ба онро тахия намуда, бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон пешниход менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
18. Тахияи лоихаи буҷети муассисаи суғурта бо дарназардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон, самтхои афзалиятнок ва нави сиёсати давлатӣ дар сохаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ мегардад.
19. Лоихаи буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ бо дарназардошти баробарии хатмии даромаду хароҷоти буҷети мазкур аз ҷониби муассисаи суғурта тахия карда мешавад.
20. Лоихаи буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ аз ҷониби муассисаи суғурта дар асоси таснифоти буҷетӣ тибқи Низомнома оид ба таснифоти буҷети хароҷотхо ва даромадхои давлатӣ, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, тартиб дода мешавад.
21. Тавзехнома ба лоихаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли навбатии молиявӣ бояд дорои маълумотхои зерин бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709);
- самтхои асосии муайяншудаи сиёсат дар сохаи суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи нафақавӣ;
- тавсифоти даромад ва хароҷот аз рўи намудхои суғурта;
- дигар маълумотхое, ки барои баррасии лоихаи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли навбатии молиявӣ заруранд.
22. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардидаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон" лоихаи буҷети муассисаи суғуртакунандаро баррасӣ ва қарорхои дахлдор қабул менамояд.
Ҳамасола зимни тахияи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон даромаду хароҷот байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи махаллии хокимияти давлатӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида барои буҷетхои ҷумхуриявӣ ва махаллӣ муайян карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
Дар як вақт даромад, хароҷот ва меъёрхои муайяншуда дар Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатӣ" барои соли молиявии оянда иловатан инъикос ва тасдиқ мегарданд.
Дар лоихаи буҷети муассисаи суғурта барои соли молиявии навбатӣ бояд нақшаи ташаккули қисми даромад, эхтиёҷоти тахминӣ барои пардохти нафақа ва кўмакпулихо, хаҷми ёрии моддии ҷудошаванда аз фонди захиравии буҷети муассисаи суғурта ба буҷетхои зерсохторхои худ бо тартиби муайянгардида барои буҷети давлатӣ ва махаллӣ дар сохтори низоми буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
23. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон лоихаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистонро барои соли навбатии молиявӣ бо маводу хуҷҷатхои хамрохикунандаи зарурӣ ва пас аз маъқул донистан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон то 1 ноябри соли ҷорӣ пешниход менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
24. Буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо пешниходи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ бо моддаи алохидаи Буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
25. Лоихаи буҷети муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо хуҷҷату маводхо оид ба масъалахои зерин пешниход карда мешавад:
- бахои иҷрои тахминии буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ:
- натиҷахои пешакии рушди сохаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар давраи гузаштаи соли равон;
- роххои асосии рушди низоми сохаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар соли молиявӣ;
- пешгўии баробарии молиявии буҷети муассисаи суғурта бо минтақахо барои соли навбатии молиявӣ;
- усулхо ва хисоби асосии муайян кардани қисми даромади сохторхои зертобеи муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- усулхо ва хисоби асосии субсидияхои сохторхои зертобеи муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- усулхо ва хисоби асосии робитаи дутарафаи буҷети муассисаи суғурта ва Буҷети давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли навбатии молиявӣ;
- хисобии моддахои таснифоти даромадхои буҷети муассисаи суғурта, фасл ва қисмхои фасли таснифоти вазифавии хароҷотхои буҷети Ҷумхурии Тоҷикистон ва касри буҷети муассисаи суғурта дар соли навбатии молиявӣ;
- сохти қарзи муассисаи суғурта ва барномаи бархам додани ў;
- бахои талафоти буҷети муассисаи суғурта аз ворид нагардидани маблағхо ва бақияхо;
- номгўи санадхои қонунгузорие, ки амали онхо дар соли навбатии молиявӣ бо сабаби дар буҷети муассисаи суғурта пешбинӣ нашудани маблағхо барои татбиқи он бекор ё қатъ карда мешаванд.
26. Таъмини иҷрои буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақавӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).
27. Масъулият аз болои дурустии иҷрои буҷет ба ўхдаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гузошта мешавад.
28. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети муассисаи суғурта хар семоха аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи хатмии нафақа тартиб дода шуда, ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон пешниход мегардад.
29. Ҳисобот бояд аз маълумотхои зерин иборат бошад:
- маълумотхои хисоботӣ оид ба вазъи молиявии низоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ;
- муқоисаи хаҷми даромад ва хароҷоти тасдиқгардида ва хақикӣ, касри буҷет бо шархи байни нишондихандахои аслӣ ва тасдиқгардида;
- тадбирхо оид ба таъмини иҷрои буҷети муассисаи суғурта дар давраи боқимонда;
30. Ҳисоботи солона оид ба иҷрои буҷети муассисаи суғурта то 15 июни соли ҷорӣ ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон пешниход карда мешавад.
31. Ҳисоботи солонаи муассисаи суғурта бояд аз маълумотхои зерин иборат бошад:
- нишондихандахои аслии даромад, қарзхо, грантхо дар давоми сол;
- хароҷот тибқи таснифоти буҷетии функсионалӣ, иқтисодӣ ва сохавӣ аз нуқтаи назари хаҷми тасдиқгардида ва муайяншуда ва нишондихандахои хақиқии буҷет;
- тавозуни суратхисоби муассисаи суғурта дар аввал ва охири сол;
- хисобот оид ба дороихои молиявӣ ва фонди захиравӣ;
- шархи фарқияти асосии байни субвенсияи хақиқӣ ва тасдиқгардида;
- хисобот оид ба хаҷми қарзгирӣ, кафолатхои қарзӣ, номгўи қарзхои пардохтнашуда ва дигар амалиётхо оид ба идоракунии қарз;
- маълумоти умумии сармоягузорӣ аз рўи андўхти нафақавӣ;
- хисобот оид ба хароҷот аз хисоби фонди захиравии муассисаи суғурта.
32. Назорати давлатии молиявӣ ва аудити иҷрои буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).


Замимаи № 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумхурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2013, № 345
тасдиқ шудааст

Дастурамал оид ба ташкили бахисобгирии умумӣ ва инъикоси амалиётхо вобаста ба сахмхои нафақавӣ дар бахисобгирии мухосибӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709, аз 25.01.2017 № 46)

Боби 1. Ташкил намудани бахисобгирии умумии андози иҷтимоӣ

1. Дастурамали мазкур қоидахои ягонаи ташкили бахисобгирии умумии сахмхои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ, инъикоси амалиётхо аз рўи сахмхои суғуртавӣ дар бахисобгирии мухосибӣ, таркиб ва мундариҷаи хисоботхои молиявӣ, тартиб, мўхлат ва даврияти пешниходи он, инчунин андозаи сахмхои суғуртавиро бо намудхои суғуртаи иҷтимоӣ муқаррар менамояд.
2. Муқаррароти Дастурамали мазкур ба хамаи корфармоёне, ки дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоии Ҷумхурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли ташкилию хуқуқиашон, дахл дорад.
3. Барои мақсадхои Дастурамали мазкур мафхумхои зерин истифода мешаванд:
- бахисобгирии умумии андози иҷтимоӣ - маҷмўи усулхои пешбурди бахисобгирии мухосибӣ, ки аз ҷониби суғуртакунанда қабул гардидааст (назорати аввалия, ченаки арзишӣ, гурўхбандии ҷорӣ ва ҷамъбасти хотимавии далелхои хисобӣ намудани музди мехнат ва сахмхои суғуртавӣ);
- захира кардани маблағхои пулӣ - раванди тадриҷан пасандоз кардани маблағхои пулӣ аз ҷониби муассисаи суғурта, ки бо мақсади суғуртаи хатмии нафақавӣ ба суратхисобхои бонкии муассисаи суғурта ворид гардидаанд;
- аксепт - розигии суғуртакунанда барои ба таври ғайринақдӣ бо муассисаи суғурта хисобӣ намудан;
- давраи хисоботӣ - давраи тақвимӣ, ки барои он тавозуни мухосибии муассисаи суғурта тартиб дода мешавад;
- санаи хисоботӣ - санаи тақвимӣ, ки дар он хисоботи молиявии муассисаи суғурта тартиб дода мешавад;
- суғуртакунанда - шахси воқеӣ ё хуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон сахмхои суғуртавиро барои суғуртаи хатмии нафақавӣ пардохт менамояд;
- муассисаи суғурта - мақоми ваколатдори давлатӣ, ки суғуртаи хатмии нафақавиро амалӣ мекунад;
- ҷуброни суғуртавӣ - иҷрои хатмии ўхдадорихои муассисаи суғурта дар назди шахсони суғурташуда бо рохи пардохтхои иҷтимоӣ, дар мавриди фаро расидани холатхои суғуртавӣ;
- сахми суғурта - пардохти хатмӣ барои нафақаи суғуртавӣ, ки суғуртакунанда вазифадор аст, тибқи қонун ба муассисаи суғурта гузаронад;
- хисоби транзитӣ - суратхисоби муассисаи суғурта, ки дар муассисаи бонкӣ кушода шудааст ва барои бахисобгирии амалиётхо аз рўи андози иҷтимоии воридшаванда аз ҷониби суғуртакунанда пешбинӣ шудааст;
4. Ташкили бахисобгирии мухосибии сахмхои суғуртавӣ ва пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба мақсадхои зерин амалӣ карда мешавад:
- хуҷҷатнигории дурусту саривақтии амалиёт ҷихати қабули сахмхои суғуртавӣ ва пардохти ҷуброни суғуртавӣ;
- назорат ҷихати тақсимоти маблағи сахмхои суғуртавӣ мувофиқи сохтори андози иҷтимоӣ ва ҷихати дурустии пардохти ҷуброни суғуртавӣ.
5. Ба усулхои пешбурди бахисобгирии мухосибавӣ тарзхои гурўхбандӣ ва баходихии далелхои хисобӣ намудан, пардохти қарз, ташкили гардиши хуҷҷат, истифодаи суратхисобхои хисоботи мухосибӣ, ташкили фехристхои бахисобгирии мухосибавӣ, коркарди иттилоот дохил мешаванд.
6. Суғуртакунандагон бахисобгирии умумии андози иҷтимоиро дар асоси бахисобгирии мухосибавӣ ба рох монда, нақшаи бахисобгирии мухосибии фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектхои хоҷагидор ва Дастурамал оид ба истифодаи онро дар муассисахои буҷетӣ, ки бо фармоиши Вазири молияи Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, истифода мекунанд.
7. Шакли хисоботхои молиявӣ ва дигар хуҷҷатхое, ки дар Дастурамали мазкур нишон дода шудаанд, аз тарафи муассисаи суғурта муқаррар карда мешаванд.
8. Бахисобгирии аввалияи андози иҷтимоӣ аз ҷониби сохторхои зертобеи муассисаи суғурта, бо истифода аз усули хазинавӣ дар санаи воридоти маблағ ба суратхисобхои транзитии онхо, анҷом дода мешавад.
9. Барои ин мақсадхо, сохторхои зертобеи муассисаи суғурта хар мох аз муассисаи бонкӣ, ки хисобхои муассисаи суғуртаро хизматрасонӣ мекунад, нусхаи варақахои пардохтиро мегиранд.
10. Нусха аз хисоби транзитии суғуртакунанда хуҷҷати бонкӣ мебошад, ки оид ба холати хисоби транзитӣ ва харакати маблағхо дар хисоби транзитии сохторхои зертобеи муассисаи суғурта маълумоти дақиқ медихад.
11. Нусха иқтибоси дуюм аз суратхисоби бонкии муассисаи суғурта мебошад, ки аз ҷониби муассисаи бонке, ки ба хисобхои муассисахои суғурта хизматрасонӣ мекунад, аз рўи хар як рўзи амалиёт, ки дар он амалиёти маблағхо ба хисоби транзитии сохторхои зертобеи муассисаи суғурта гузаронда мешуданд, тартиб дода мешавад.
12. Муассисаи бонкие, ки хизматрасонии хисобхои муассисаи суғуртаро амалӣ мекунад, харрўза мувофиқи воридоти маблағ ба муассисаи суғурта, оид ба воридоти сахмхои суғуртавӣ, бо нишондоди суғуртакунандагон ба муассисаи суғурта дар шакли электронӣ маълумот медихад.
13. Тахвили маълумот дар шакли электронӣ дар асоси Созишнома ва ё Таснифоти техникӣ, ки аз ҷониби муассисаи бонки хизматрасон ва муассисаи суғурта якҷоя тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад.
14. Санҷиш ва коркарди нусхахоро сохторхои зертобеи муассисаи суғурта бояд дар рўзи қабули онхо гузаронад. Коркард инхоро дар бар мегирад:
- интихоби хамаи хуҷҷатхои далелноки ба нусхаи бонкӣ замимагардида: аввалан аз рўи ворид намудан ба хисоб ва баъдан аз рўи баровардан аз хисоб;
- муқоисаи амиқи хамаи маълумотхои дар нусха қайдгардида бо хуҷҷатхои аввалияи замимагардида, ки мавҷудияти маблағи барзиёд хисобишуда ва ё хисобинашударо муқаррар мекунад. Зимни дарёфти ягон фарқият, фавран ба муассисаи бонкии хизматрасони хисоби муассисаи суғурта, хабар дода мешавад;
- дар хошияи нусхаи санҷидашуда мувофиқан аз тарафи рости маблағхои дахлдор рамзхои хисоби мухосибӣ монда мешавад.
15. Муасиссаи суғурта хар мох (то санаи 15-уми мохи дигар барои мохи хисоботӣ) оид ба воридоти андози иҷтимоӣ, хисоботи амалиётиро, ки ба мақомоти болоии муассисаи суғурта пешниход карда мешавад, тахия мекунад.
16. Ҳар як семоха хангоми қабули хисоботи молиявии суғуртакунандагон, сохторхои зертобеи муассисаи суғурта хамаи маълумоти аз рўи нусхахо бадастовардаро бо маълумоти пешниходнамудаи суғуртакунанда оид ба маблағхои гузаронидаи сахмхои нафақавӣ муқоиса менамояд.
17. Бахисобгирии андози иҷтимоиро аз ҷониби суғуртакунанда сармухосиб ё ки шахси дигар, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон пешбурди бахисобгирии мухосибавии суғуртакунандаро ба ўхда дорад, дар асоси Дастурамали мазкур ташкил медихад ва аз ҷониби рохбари суғуртакунанда тасдиқ карда мешавад.
18. Суғуртакунанда бахисобгирии сахмхои суғуртавиро бо усули гузаронидани маблағ дар санаи аксепт аз рўи музди мехнат (ё ин ки дигар пардохтхо) амалӣ менамояд.


19. Ҳангоми пешбурди бахисобгирии андози иҷтимоӣ аз ҷониби суғуртакунанда инхо тасдиқ мешаванд:
- нақшаи кори хисобхои бахисобгирии мухосибавӣ, ки аз хисобхои синтетикӣ ва тахлилӣ иборат буда, барои пешбурди бахисобгирии мухосибии андози иҷтимоӣ мутобиқ ба талаботи саривақтӣ, мукаммалии бахисобгирӣ ва хисоботдихӣ зарур мебошад;
- шаклхои аввалияи хуҷҷатхои бахисобгирӣ, фехристхои ба хисобгирии мухосибавӣ ва инчунин хуҷҷатхои дохилии хисоботхои мухосибӣ;
- тартиби гузаронидани инвентаризатсияи ўхдадорихои молиявии суғуртакунанда дар назди муассисаи суғурта; усулхои бахогузории ўхдадорихои молиявӣ;
- қоидахои хуҷҷатгузорӣ ва технологияи коркарди иттилооти бахисобгирӣ тартиби назорат аз болои амалиётхои хисобишуда ва пардохт;
- дигар қарорхои зарурӣ барои ташкили бахисобгирии мухосибии андози иҷтимоӣ.
20. Ҳангоми ташкили бахисобгирии андози иҷтимоӣ, суғуртакунанда бояд талаботхои зеринро амалӣ намояд:
- ўхдадорихо бояд бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд;
- бахисобгирии андози иҷтимоӣ бояд паи хам аз як давра ба давраи дигари хисоботӣ гузаронда шавад;
- далели хисобӣ ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ ба хамон давраи хисоботие тааллуқ дорад, ки новобаста аз вақти хақиқии воридот ё ин, ки пардохти маблағхои пулии бо ин далелхо алоқаманд, ҷой доштанд.
21. Бахисобгирии андози иҷтимоӣ аз ҷониби суғуртакунандагон бояд инхоро таъмин намояд:
- инъикоси пурраи хамаи далелхои хисобихо, пардохт ва ташаккули қарзхо аз музди мехнат (даромад) ва сахмхои суғуртавӣ дар бахисобгирии мухосибавӣ;
- инъикоси саривақтии далелхои хисобихо, пардохт ва ташаккули қарзхо аз музди мехнат (даромад) ва андози иҷтимоӣ дар бахисобгирии мухосибавӣ ва хисоботи молиявӣ;
- рох надодан ба пинхонкунии андозаи объекти андозбандии пардохтхои суғуртавӣ;
- якхелагии маълумотхои хисоби тахлилии гардиш ва бақия бо хисоби синтетикӣ дар рўзи охирини тақвимӣ барои хар як мох.
22. Бахисобгирии андози иҷтимоии аз ҷониби суғуртакунанда қабулгардида, бояд чун хуҷҷатхои ташкилию маъмурии (фармоишхо, амрхо ва ғайра) суғуртакунанда ба расмият дароварда шаванд.
23. Усулхои пешбурди бахисобгирии мухосибии интихобнамудаи суғуртакунанда хангоми бахисобгирии андози иҷтимоӣ, аз якуми январи соли ояндаи баъд аз соли тасдиқи хуҷҷатхои ташкилию маъмурии дахлдор татбиқ мешаванд.
24. Усули пешбурди бахисобгирии мухосибавии андози иҷтимоӣ аз ҷониби суғуртакунанда тасдиқгардида аз ҷониби хама филиалхо, намояндагихо ва дигар сохторхои зертобеъ (аз он ҷумла ба тавозуни алохида ҷудошуда) новобаста аз махалли ҷойгиршавӣ татбиқ мешаванд.
25. Суғуртакунандаи нав бақайдгирифташуда, бахисобгирии андози иҷтимоиро тибқи Дастурамали мазкур на дертар аз 30 рўз, аз рўзи бақайдгирии давлатии шахсони хуқуқӣ ба расмият медарорад. Дар баробари ин, бахисобгирии сахмхои нафақавӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии шахси хуқуқӣ қобили қабул хисобида мешавад.
26. Ҳангоми ташкили бахисобгирии андози иҷтимоӣ суғуртакунанда бояд бахисобгирии зеринро пеш барад:
- музди мехнати хисобкардашуда ва дигар пардохтхо, даромади бадастовардашуда, ки аз онхо андози иҷтимоӣ гирифта мешавад;
- музди мехнати пардохтгардида ва дигар пардохтхо, даромади бадастовардашуда, ки аз онхо андози иҷтимоӣ гирифта мешавад;
- сахмхои суғуртавии хисобигардида, товон ва ҷаримахо;
- сахмхои суғуртавии пардохтгардида, товон ва ҷаримахо;
- хароҷоти баҷоовардашуда барои пардохти нафақа;
- хисоббарихо аз рўи маблагхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (инъикос кардани он маблағхое, ки барои пардохт намудани сахмхои суғуртавӣ хароҷот карда шудаанд ва маблағхои аз муассисаи суғурта гирифташуда).
27. Бахисобгирии сахмхои суғуртавӣ барои хар як корманд, барои хар як мохи мушаххас ва бо натиҷахои афзоянда аз ибтидои давра пеш бурда мешавад.
28. Бахисобгирии сахмхои суғуртавӣ бо асъори миллӣ ба рох монда мешавад.
29. Бахисобгирии хароҷот оид ба маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бояд бо сомонӣ ва дирам ба рох монда шавад.
30. Ҳисоби тарофаи сахмхои суғуртавӣ аз рўи хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ бо рохи зарб намудани тарофаи андози иҷтимоӣ ба андозаи суғуртаи иҷтимоӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ тибқи замимаи 4 гузаронида мешаванд.
31. Сахмхои суғуртавии аз рўи намудхои ҷудогонаи суғурта бахисобгирифташуда, бо мутобиқатии қатъӣ бо сохтори андози иҷтимоӣ ба инобат гирифта мешавад.
32. Барои сохибкорони инфиродӣ, ки тарофаи андози иҷтимоӣ дар шакли меъёри муайяншуда муқаррар карда шудааст, хисобии сахмхои суғуртавӣ ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ бо рохи зарб намудани меъёри муайяншудаи андози иҷтимоӣ ба андозаи суғуртаи иҷтимоӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ, тибқи замимаи 4 гузаронида мешаванд.
33. Ҳисоббаробаркунӣ бо муассисаи суғурта оид ба ҷуброни маблағхои суғуртакунанда аз рўи тартиби махсуси муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба рох монда мешавад.
34. Аз рўи воқеият суғуртакунандагон ўхдадоранд, хамаи маблағхои хисобишудаи андози иҷтимоиро гузаронанд.
35. Шарти асосӣ барои аз ҷониби муассисаи суғурта эътироф гардидани ҷуброни суғурта мавҷудияти хуҷҷатхои аввалияи бахисобгирии ба расмият даровардашуда мебошад.
36. Дар холати пардохти нафақа ва кўмакпулихо ба шахсони суғурташуда, ки қонунгузорӣ дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоии Ҷумхурии Тоҷикистон иҷозат додааст, андози иҷтимоии бахисобгирифташударо ба андозаи хаҷми нафақа ва кўмакпулихои пардохтшуда, танхо баъди ба муассисаи суғурта пешниход намудани хуҷҷатхои аввалияи тасдиқшуда кам кардан мумкин аст.
37. Муайян намудани андозаи ҷуброни суғуртавӣ, хисобӣ намудани маблағхои ҷуброни суғуртавиро ба шахсони суғурташуда аз ҷониби суғуртакунанда, дар асоси пешниход намудани хисоботи молиявӣ ва дигар хуҷҷатхои аввалия оид ба пардохтхои гузаронидашуда дар бар мегирад.
38. Дар мавриди бахисобгирии маблағхое, ки андозаи афзоиши маблағхои ба муассисаи суғурта гузаронидашуда дар онхо метавонад кам шавад, ба намудхои пардохтхои зерин дохил мешаванд:
- кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ;
- кўмакпулӣ барои хомиладорӣ ва таваллуд;
- кўмакпулии оилавӣ;
- кўмакпулӣ барои дафн;
- хароҷоти маблағхо барои солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онхо.
39. Бахисобгирии ҷуброни суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунанда дар семохаи оянда пас аз семохаи хисоботӣ аз хисоби маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар асоси банди 35 Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.
40. Бо мақсади таъмини дурустии хисоботи молиявии суғуртакунанда, ки қарзхои дебиторию кредиториро дар бар мегирад, тасдиқи пурагии инъикоси амалиёт оид ба андози иҷтимоӣ, дар бахисобгирӣ ва саривақтии қабули чорахо доир ба бартараф намудани қарзхои мўхлаташон гузашта, аз ҷониби суғуртакунанда хар семоха инвентаризатсия гузаронда мешавад.
41. Ҷамъбасти маълумотхои инвентаризатсия бояд маблағи дебиторию кредитории мўхлаташон гузашта ва мўхлати пардохти онхоро муайян кунад. Риояи тартиб ва пардохти саривақтии қарзи мўхлаташ гузашта, ба муассисаи суғурта имконият медихад ҷихати маблағгузории саривақтии пардохтхои суғуртавӣ чорахои амалӣ андешад.


Боби 2. Бахисобгирии мухосибавӣ аз рўи маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ

42. Барои инъикоси амалиёт оид ба маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар нақшаи хисобхои бо фармоиши Вазири молияи Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқшуда, барои суғуртакунандагон бо шаклхои гуногуни моликият хисобхои дахлдор пешбинӣ шудаанд.
43. Суғуртакунандагон, новобаста аз шакли моликият, ўхдадоранд бахисобгирии тахлилиро оид ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ пеш баранд.
44. Ба хисобхо аз рўи бахисобгирӣ ва хисобӣ намудани андози иҷтимоӣ, бояд зерхисобхои зерин дар асоси замимаи №1 кушода шаванд:
"Ҳисоббарӣ аз рўи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ";
"Ҳисоббарӣ аз рўи суғуртаи хатмии нафақавӣ";
"Ҳисоббарӣ аз рўи суғурта вобаста ба бекорӣ".
45. Дар зерхисоби "Ҳисоббарӣ аз рўи суғуртаи хатмии нафакавӣ" маблағхои хисобигардида ва пардохти сахмхои нафақавӣ ба хисоб гирифта мешавад. Барои бахисобгирии сахмхои суғуртавии суғуртаи хатмии нафақавӣ иловатан зерхисобхои махсус кушода мешавад, ки дар он инъикоси махсуси сахмхои суғуртавӣ барои ташаккули қисмхои суғуртавӣ ва андўхти суғуртавии нафақавӣ, хамчунин нафақахои касбӣ, нишон дода мешавад. Ҳамзамон бояд инхо ба хисоб гирифта шаванд:
- маблағи хисобишуда ва пардохти сахмхои нафақавии ба қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ равонагардида;
- маблағи хисобшуда ва пардохти сахмхои суғуртавии ба қисми андухтии нафақахои суғуртавӣ равонагардида;
- маблағи хисобшуда ва пардохти сахмхои суғуртавии ба нафақахои касбӣ равонагардида.
46. Ҳангоми инъикос кардани амалиётхо аз рўи хисобӣ намудани маблағи андози иҷтимоӣ ва сахмхои суғуртавӣ дар бахисобгирии мухосибӣ бояд ба хисоб гирифта шаванд, ки:
- андози иҷтимоӣ ва сахмхои суғуртавӣ дар як вақт бо хисобӣ кардани музди мехнати (ва дигар пардохтхои) шахси суғурташуда хисобӣ карда мешавад;
- маблағи хисобишудаи андози иҷтимоӣ ва сахмхои суғуртавӣ ба хамон хисобхои мухосибӣ дохил мешавад, кӣ музди мехнат (дигар пардохтхо) ба шахси суғурташуда ба хамон хисобхо хисобӣ шудааст.
47. Маблағи андози пардохтшаванда, ки ба таркиби андози иҷтимоӣ дохил мешавад, ба андозаи маблағи хароҷоти мустақилона намудаи суғуртакунанда бо мақсадхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон мутаносибан кам карда мешавад.
48. Зимни инъикоси амалиётхои бахисобгирии мухосибавӣ дар хисобӣ намудани (пардохти) андози иҷтимоӣ, дар қисми андоз, ки гузаронидани сахмхои суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохт ба муассисаи суғуртаро дар бар мегиранд, амалиётхоеро инъикос намудан зарур аст, ки бо пардохтхои ба ҷо овардашуда аз хисоби маблағхои давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ба шахсони суғурташуда алоқамандӣ доранд.
49. Бахисобгирии хароҷотхо аз усулхои зерини бахисобгирии даромад ва хароҷот, ки суғуртакунанда истифода менамояд, вобастагӣ доранд:
- усули хазинавӣ - дар дохили хароҷот, маблағхои сахмхои суғуртавии пардохтшуда бояд танхо баъд аз гузаронидани онхо ба буҷети суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ворид гарданд;
- усули хисобкунӣ - хароҷот барои пардохти сахмхои суғуртавӣ ба мохе дахл дорад, ки дар он музди мехнати (дигар пардохти) шахси суғурташуда хисоб карда шудааст.
50. Дар ин маврид, дохил намудани сахмхои суғуртавӣ ба объекти андозбандӣ, аз он вобастагӣ дорад, ки музди мехнат (дигар пардохтхо) ба хароҷоти бевосита ва ё бавоситае дахл дорад, ки аз он сахмхо пардохта шудаанд.
51. Сахмхои суғурта, ки ба хароҷоти бевосита тааллуқ доранд, хангоми хисоби андоз аз даромад, бо фурўши махсулот (молхо) бо арзише, ки онхо ба хисоб гирифта шудаанд, бояд ба хисоб гирифта шаванд.
52. Ҳисобхои асосии инъикоскунандаи амалиётхо доир ба андози иҷтимоии хисобишуда барои суғуртакунанда дар замимахои №2 ва №3 оварда шудааст.
53. Баъди аксепти музди мехнат (дигар пардохтхо) хисобии сахмхои суғуртавиро ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ фавран дар хисоббаробаркунихое, ки дар замимахои №2 ва №3 нишон додашудааст, инъикос намудан зарур аст.
54. Сахмхои суғуртавӣ ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ бояд якҷоя дар муросилот хамон хисобе, ки дар он музди мехнат (дигар пардохтхо) инъикос гардидааст, аз маблағе, ки сахмхо пардохт шудаанд, хисоб карда шавад.
55. Дар қисми инъикоси амалиётхо аз рўи бахисобгирии муомилоти сахмхои суғуртавӣ ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ хисоби "Суратхисоб" истифода бурда мешавад.
56. Маблағи гузаронидашудаи сахмхои суғуртавӣ ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ бояд дар дебети хамон хисобхое нишон дода шавад, ки маблағи хисобидашудаи музди мехнат ё дигар даромадхои коргарон инъикос гардидаанд.
57. Аз рўи кредити зерхисобхои "Ҳисобихо аз рўи андози иҷтимоӣ" маблағхои хисобишудаи сахмхои суғурта ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ ва маблағхои воридшуда барои бартараф намудани қарздорӣ ва дигар хароҷоти мансуб ба хисоби дебетӣ навишта мешаванд.
58. Аз рўи зерхисобхои дебетии "Ҳисобихо аз рўи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" маблағи хисобишудаи кўмакпулихои коргарон вобаста ба корношоямии муваққатӣ, кўмакпулӣ барои нигохубини кўдак то синни якунимсолагӣ, хизматрасонии санаторию курортии коргарон ва аъзои оилаи онхо ва дигар пардохтхо аз хисоби маблағхои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ нишон дода мешаванд.
59. Ҳисобкунии сахмхои суғуртавӣ ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ аз рўи бандхои 30 ё 32 Қоидаи мазкур, тарофаи муқарраргардида бо маблағи ба манфиати коргарон дар заминаи асосхои воқеӣ гузаронидашуда, новобасга аз асоси сарчашмаи маблағгузорӣ амалӣ мегардад. Ҳисобкунии сахмхои суғуртавӣ ба хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ дар як мох як бор дар асоси хисобварақахои пардохти ё маҷмўи варақахои хисобии музди мехнат гузаронида мешавад.
60. Ҳисоббаробаркунихои мухосибӣ дар рўзи охири мох аз рўи ҷамъбасти хамаи пардохтхои хисобишудаи хамин давра гузаронида мешавад.
61. Инчунин дар хисоббаробаркунихо амалиётхои зерин инъикос мегарданд:
- вақте, ки суғуртакунанда барои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ хароҷот мекунад, ин маблағро аз хаҷми сахмхои суғуртавие, ки бояд ба муассисаи суғурта гузаронида шавад, кам мекунад.
- пардохти хама сахмхои суғуртавӣ бо хар як намуди суғуртаи иҷтимоӣ.
62. Бо мақсади инъикоси дурусти хамаи маълумотхо дар хисобхои бахисобгирии мухосибавӣ ва қонунияти дохил намудани онхо дар хисоботхои молиявӣ, инчунин ошкор намудани номувофиқатихо зимни хисоббаробаркунихо бо муассисаи суғурта, суғуртакунанда вазифадор аст, ки хамасола қарзи дебиториро вобаста ба хисоби андози иҷтимоӣ санҷад.
63. Қарзи дебиторӣ ба хамаи суғуртакунандагон хос буда, дар холати напардохтан ва кам пардохтани маблағи андози иҷтимоӣ ба амал меояд.
64. Суғуртакунанда қарзи дебиториро бо тариқи инвентаризатсияи аз рўи хисобхои 17 "Ҳисобихо ба дебитор ва кредиторхои хархела", 18 "Ҳисобхои пардохти мехнат" тахлил менамояд.
65. Инвентаризатсияи хамаи хисобхои ба андози иҷтимоӣ вобастабуда, ба таври хатмӣ пеш аз тахияи хисоботи молиявии семоха гузаронида мешавад.
66. Барои он ки маълумотхо аз руӣ хисобхои зикргардида пурра сахех бошанд ва истисно намудани имконияти рох додан ба хатогихо дар хисобхо, ки қарздории дебиториро ба миён меоранд, суғуртакунанда бояд соле як маротиба бо сохторхои зертобеи муассисаи суғурта ба санади тафтишӣ дар шакли муқарраршуда имзо гузорад.
67. Натиҷаи инвентаризатсияро суғуртакунанда бояд дар санад бо намунаи муқарраршуда нишон дихад. Ин хуҷҷат дар ду нусха тартиб дода мешавад, хар яки онро аъзои комиссияи инвентаризатсия бо имзои худ тасдиқ мекунад. Нусхаи якум ба мухосибот дода шуда, нусхаи дуюм дар комиссия мемонад.


68. Дар асоси маълумотхои санади инвентаризатсияи қарздории дебиторӣ, ба Фехристи бахисобгирии мухосибӣ, бо мақсади инъикоси сахехияти вазъияти хисоббаробаркунихо бо муассисаи суғурта ислохот ворид карда мешавад. Даровардани тағйирот танхо дар он давраи хисоботие мумкин аст, ки он дар хамон давра ошкор гардидааст. Ворид кардани ислохот ба маълумотхои даврахои пештар мумкин нест.
69. Қарздории дебиторӣ аз рўи маблағхои андози иҷтимоии давлатӣ бояд инчунин дар хисобхои бетавозунии суғуртакунанда ифода ёбад.
Боби 3. Ҳисоботи молиявӣ аз рўи маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
70. Ҳисоботи молиявии суғуртакунанда бояд оид ба хисоббаробаркунихои мутақобил ва ўхдадорӣ оид ба андози иҷтимоӣ ба муассисаи суғурта маълумоти дақиқ ва пурра дихад. Танхо хисоботе дақиқ ва пурра шуморида мешавад, ки дар асоси қоидахои бо санадхои меъёрии хисобдории мухосибии муқарраргардида ташаккул ёфтааст. Агар хангоми аз ҷониби суғуртакунанда тахия гардидани хисоботи молиявӣ дар асоси қоидахои Дастурамали мазкур, норасоии маълумот оиди пурра инъикос гардидани хисоббаробаркунихо муайян гардад, пас дар хисоботи молиявӣ суғуртакунанда нишондиханда ва тавзехоти мувофиқро илова мекунад.
71. Дар хисоботи молиявии суғуртакунанда бояд нишондихандахои фаъолияти тамоми филиалхо, намояндагихо ва дигар қисмхо (ба истиснои дар дигар тавозунхо ҷудогардида) дохил бошанд.
72. Суғуртакунанда зимни тахияи хисоботи молиявӣ ва тавзехоти он мундариҷа ва шакли гузариши қабулнамудаи онро аз як давраи хисоботӣ ба дигар давра бояд нигох дорад.
73. Моддахои хисоботи молиявӣ, ки дар асоси Дастурамали мазкур бояд кушода карда нишон дихад ва дар онхо мазмуни рақамии ўхдадорихо, даромадхо, хароҷот ва дигар нишондихандахо мавҷуд нестанд, хат зада мешаванд ва ё дар тавзехот навишта намешаванд.
74. Санаи хисоботии тартиб додани хисоботи молияви рўзи охирини тақвимии давраи хисоботӣ ба хисоб меравад.
75. Ҳангоми тартиб додани хисоботи молиявӣ барои соли хисоботӣ, соли хисоботӣ соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр хисобида мешавад. Соли хисоботии якум барои корхонахои навтаъсисдодашуда, давраи аз санаи бақайдгирии давлатии онхо то 31 декабри хамон сол хисобида мешавад.
76. Ҳар як қисми хисоботи молиявии тахиягардида бояд маълумотхои зеринро дар бар гирад: номи қисми таркибӣ; нишон додани санаи хисоботӣ ё даврае, ки хисоботи молиявӣ тартиб дода шудааст; номи суғуртакунанда бо нишон додани шакли ташкилию хуқуқии он; андозаи пешниходи нишондихандахои миқдории хисоботхои молиявӣ.
77. Ҳисоботи молиявӣ бояд бо забони давлатӣ тартиб дода шавад.
78. Ҳисоботи молиявӣ бояд бо асъори миллии Ҷумхурии Тоҷикистон тартиб дода шавад.
79. Дар хисоботи молиявӣ рохбар ва сармухосиби (мухосиби) суғуртакунанда имзо мегузоранд.
80. Ҳисобот оид ба маблағхои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз хисоботи молиявии суғуртакунанда иборат мебошад, ки ба он тавзехнома замима мегардад.
81. Ҳисоботи молиявӣ бояд тавсифоти вазъи молиявии суғуртакунандаро аз рўи хисоббаробаркунӣ бо муассисаи суғурта, ба холати санаи хисоботӣ, нишон диханд.
82. Ҳисоботи молиявӣ бояд нишондихандахои рақамии зеринро дар бар гирад:
фонди музди мехнат; шумораи миёнаи кормандон; қарздорӣ аз рўи музди мехнат; қарздорӣ аз андози иҷтимоӣ; сахмхом суғуртавии хисобишуда ва пардохтгардида; ҷарима; пеня ва фоизхо; пардохтхои амалинагардида ва пардохтхои суғуртавӣ.
83. Тавзехот ба хисоботи молиявӣ, бояд маълумотхои ба бахисобгирии андози иҷтимоӣ дахлдори суғуртакунандаро кушода нишон дихад ва муассисаи суғуртаро бо маълумотхои иловагӣ, ки ворид кардани онхо ба хисоботи молиявӣ номатлуб аст вале барои муассисаи суғурта ҷихати баходихии воқеии вазъи молиявии суғуртакунанда, натиҷахои молиявии фаъолияти он ва барои ворид намудани тағйирот дар вазъи молиявии он зарур аст, таъмин намояд.
84. Тавзехот ба тавозуни молиявӣ бояд маълумотхои иловагии зеринро нишон дихад;
- оид ба вуҷуд доштани қарздорӣ дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ ва қарздорӣ аз музди мехнат ва сахмхои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ дар давраи хисоботӣ;
- оид ба мавҷуд будан дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ ва гардиши пардохтхои сахмхои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ дар давраи хисоботӣ;
- оиди ба мавҷудият дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ ва гардиши нафақа ва кўмакпулихои пардохтгардида дар давраи хисоботӣ;
- оид ба дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ мавҷуд будани қарзхои дебиторӣ аз рўи суғуртахо;
- оид ба таркиби захирахои хароҷоту пардохтхои дарпешистода, захирахои арзишдошта, мавҷудияти онхо дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ, гардиши маблағхои хар як захирахо дар давраи хисоботӣ;
- оид ба мавҷудияти қарздории кредиторӣ аз рўи намудхои суғурта дар ибтидо ва охири давраи хисоботӣ;
- оид ба таркиби даромад ва хароҷотхои дигар;
- оид ба далелхои фавқуллода дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва оқибатхои он.
85. Тавзехот ба хисоботи молиявӣ маълумотро дар шакли навъхои хисоботи алохида (хисобот оиди пардохтхо, оид ба рафтуомади кадрхо, оид ба пардохти нафақа ва кўмакпулихо ва ғ.) ва дар намуди гузориши тавзехотӣ мекушояд.
Моддаи хисоботи молиявӣ, ки ба он тавзех дода мешавад, бояд барои чӣ гуна кушодани он дастур дошта бошад.
86. Дар хисоботи молиявӣ бояд маълумотхо оид ба гардиши маблағхои пулӣ дар давраи хисоботӣ кушода бошанд, ки суғуртакунанда мавҷудият, даромад ва хароҷоти маблағхои пулиро аз пардохти музди мехнат (ва дигар пардохтхо) тавсиф медихад. Дар радифи фаъолияти молиявӣ хисобот оид ба гардиши маблағхои пулӣ бояд тағйиротро дар вазъи молиявии суғуртакунанда тавсиф дихад.
87. Суғуртакунанда бояд хисоботи байнифосилавии мухосибавиро барои як мох, семоха бо натиҷаи анҷомида аз аввали соли хисоботӣ тартиб дихад, агар қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон талаботи дигареро муқаррар накарда бошад.
88. Ҳисоботи мухосибии фосилавӣ аз маълумотхои амалӣ (оперативӣ) оид ба хисобӣ намудан ва гузаронидани маблағи андози иҷтимоӣ иборат аст.
89. Талаботи умумӣ ба хисоботи байнифосилавии мухосибавӣ, мундариҷаи таркибии он ва қоидахои баходихии моддахо аз ҷониби муассисаи суғурта муайян карда мешавад.
90. Суғуртакунанда бояд хисоботи байнифосилавиро на дертар аз 10-рўзи ба итмом расидани давраи хисоботӣ ташаккул дихад.
91. Нусхаи хатмии хисоботи молиявӣ бевосита аз ҷониби суғуртакунанда бояд ба мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар махалли бақайдгирӣ хатман дар шакли чопӣ пешниход гардад.
92. Нусхаи хатмии хисоботи молиявӣ на кам аз санаи 10 минбаъдаи мохи хисоботӣ пешниход карда мешавад.
93. Дар холатхое, ки мўхлати рўзи охирини пешниходи нусхаи хатмии хисоботи молиявӣ дар рўзи истирохат мувофиқ ояд, рўзи охири мўхлати пешниходи хисобот рўзи минбаъдаи корӣ хисоб карда мешавад.
94. Рўзи пешниходи нусхаи хатмии хисоботи молиявӣ ба мақомоти муассисаи суғурта, санаи дар қайди мақомоти иҷроияи муассисаи суғурта оид ба қабули он нишондода хисобида мешавад.
95. Ҳисоботи молиявӣ ва дигар хуҷҷатхои аввалияе, ки хисобӣ ва пардохти андози иҷтимоиро тасдиқ мекунанд, бояд аз ҷониби суғуртакунанда дар мўхлатхои муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Точикистон оид ба хуҷҷатхои мухосибӣ, нигохдорӣ шавад:
- хисоботи молиявии семоха бо тавзехнома, инчунин хуҷҷатхои аввалия бо далелхои муайяншудаи иҷроии амалиётхои гузаронидашуда - 5 сол;
- хисоботи молиявии солона бо тавзехнома -10 сол.
96. Муассисаи суғурта хуқуқ дорад, ки хисоботи молиявии пешниходнамудаи суғуртакунандагонро мавриди санҷиши камералӣ қарор дихад.


97. Ба санҷиш хисоботхои молиявӣ ва хуҷҷатхои пешниходнамудаи суғуртакунанда, ки барои хисобӣ ва пардохти андози иҷтимоӣ асос мебошанд, фаро гирифта мешаванд.
98. Давраи гузаронидани санҷиши камералӣ аз рўи давраи пешниходнамудани хисоботи молиявии Дастурамали мазкур муайян карда мешавад.
99. Санҷишро шахсони мансабдори ваколатдори сохторхои зертобеи муассисаи суғурта мегузаронанд. Доир ба гузаронидани санҷиш, аз рохбарият гирифтани қарори махсус зарурат надорад. Аз оғози санҷиш суғуртакунанда огох карда намешавад.
100. Дар вақти гузаронидани санҷиши камералӣ, намояндагони сохторхои зертобеи муассисаи суғурта дурустии хисобкунии сахмхои суғуртавиро дар сохтори андози иҷтимоӣ месанҷанд, барои ошкор кардани эхтимолияти камбудихо, нишондихандахои дар хисоботи молиявӣ инъикосшударо муқоиса мекунанд.
101. Агар дар вақти санҷиши камералӣ, дар хисоботи молиявӣ ягон хатогӣ ошкор гардад, ё ин ки хисоботи пешниходнамудаи суғуртакунанда бо маълумотхои хуҷҷатхои мавҷудбудаи муассисаи суғурта мутобиқат накунад, пас ба суғуртакунанда хабар дода, аз ў талаб карда мешавад, дар мўхлати то 5 рўз тавзехоти зарурӣ ё дар мўхлати муқарраргардида ислохоти дахлдорро дарорад.
102. Муассисаи суғурта баъди гузаронидани санҷиши камералӣ маълумотхоро барои хисобӣ намудани ҷаримахо ва фоизхо ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниход менамояд.
103. Шахсони масъули суғуртакунанда барои вайрон намудани талаботи Дастурамали мазкур дар асоси қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
104. Барои ташкили хисоби умумии андози иҷтимоӣ ва риояи қонунгузорӣ дар вақти иҷрои амалиётхои сахмхои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ, масъулият ба зиммаи рохбарияти суғуртакунандагон гузошта мешавад.


Эзох: Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии фаъолияти ҷории муассисаи суғурта бо дарназардошти таъминоти сохтори худудии он набояд аз 2 фоизи сахмхои суғуртавӣ дар сохтори андози иҷтимоӣ зиёд бошад.
Барои пардохт намудани нафақахои иҷтимоӣ то соли 2017 аз қисми маблағхои суғуртаи хатмии нафақавӣ ва субвенсияи ҷумхуриявӣ маблағгузорӣ мархила ба мархила пешбинӣ карда мешавад ва аз соли 2020 он пурра аз хисоби буҷет пардохт мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 25.01.2017 № 46).

Дополнительная информация