Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008, №665

41. Пардохти яквақтаи маблағҳои андўхти нафақавӣ дар асоси қарор бо роҳи гузаронидани маблағҳо ба суратҳисобе (амонат) сурат мегирад, ки дар бораи он шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) маълумот додааст.
42. Баъди пардохти яквақтаи маблағи андўхти нафақавӣ, шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) ҳуқуқи ба нафақаи меҳнатӣ муқаррар намудани иловапулиҳоро гум мекунад, ҳамзамон ҳисобномаи шахси суғурташуда баста мешавад.
43. Дар ҳолате, ки сармояи нафақавӣ дар рўзи пайдо намудани ҳуқуқ ба гирифтани маблағҳо аз 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, ба шахси суғурташуда ҳар сол мутобиқи банди 35 ҳамин Қоидаҳо иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.
44. Ба шаҳрвандоне, ки дар банди 2 ҳамин Қоидаҳо нишон дода шудаанд, иловапулиҳо аз ҳисобномаи захиравӣ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешаванд.
45. Пардохти иловапулиҳо ба нафақаи меҳнатӣ бо тартиботи умумӣ, ки барои пардохти нафақаҳои меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, сурат мегирад.

7. Тартиби интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

46. Шаҳрвандоне, ки барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтаанд, тибқи ариза маблағҳои андўхти нафақавии онҳо ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.
47. Ариза дар бораи интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ ба хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли муқаррагардида ба мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад. Ба ариза ҳуҷҷатҳое, ки ҷойи истиқомати доимии шаҳрвандро дар хориҷи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, инчунин маълумотнома дар бораи санаи рафтан барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз як давлат ба давлати дигар кўчидан) ҳамроҳ карда мешавад. Ҳуҷҷате, ки ҷойи истиқомати доимии шаҳрвандро дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулгарӣ ё мақомоти салоҳиятдори (шахси мансабдори) давлати хориҷӣ, маълумотнома дар бораи санаи баромада рафтанро намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
48. Мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар асоси аризаи шаҳрванд ва ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 10 ҳамин Қоидаҳо нишон дода шудаанд, ҷиҳати ташкили интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ, аз шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумотро дар бораи парвандаи нафақаи шаҳрванд дархост менамояд.
49. Шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рўи дархости мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ маълумотномаро дар бораи парвандаи нафақавӣ дар ду нусха тартиб медиҳад, ки яке аз онҳо ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ирсол карда мешавад. Нусхаи дуюми маълумотнома ва дархост якҷоя бо парвандаи нафақавӣ дар бойгонии парвандаҳои амалкунандаҳои нафақавӣ маҳфуз дошта мешавад. Дар ҳолати нафақагир маҳсуб ёфтани шаҳрванд, парвандаи нафақавии ў маҳкам карда мешавад.
50. Баъди дастрас гардидани маълумот оид ба парвандаи нафақавии шаҳрванде, ки барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтааст (меравад), мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давоми бист рўз маблағҳои андўхти нафақавиро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ интиқол медиҳад.
51. Интиқоли маблағҳои андўхти нафақавии нафақахўр ба хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ пас, аз моҳе, ки шаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтааст, вале на пештар аз рўзе, ки пардохти нафақа бо асъори миллӣ амалӣ гардида бошад, бо риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби пардохти нафақаҳое, ки онҳоро нафақагир сари вақт нагирифтааст, оғоз меёбад.
52. Бозҳисобӣ, индексатсия, тасҳеҳи маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки бояд ба хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, мутобиқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қоидаҳо амалӣ мегарданд.
53. Мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ интиқоли маблағҳои андўхти нафақавии шаҳрвандро ба суратҳисоби бонкии ў ё дигар муассисаи молиявию қарзии давлати хориҷӣ, ки шаҳрванд дар он ҷо истиқомат мекунад, амалӣ менамояд, агар дар созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошанд.
54. Интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ ба хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ аз рўи қурби асъори миллӣ, ки онро Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзи анҷом додани амалиёт муқаррар кардааст, сурат мегирад.

8. Таъин ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз фонди захиравии суғуртаи нафақавӣ

55. Маблағҳои андўхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) баҳисобгирифташуда ва аз саҳмҳои суғуртавии пардохташуда ташаккулёфта, инчунин фоидаи саҳмҳои суғуртавии маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки ҳамчун дивиденд муваққатан гузошта шудаанд, дар ҳолатҳои зерин ба ҳисоби фонди захиравии суғуртаи нафақавӣ гузаронида мешаванд:
а) зимни бо ариза даст кашидани шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) аз гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ, инчунин мавҷуд набудани аризаи шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ то ба охир расидани мўҳлате, ки барои муроҷиат бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муқаррар карда шудааст.
б) қабул гардидани қарор дар бораи рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ нисбати тамоми шахсони муроҷиатнамуда;
в) бозгашти маблағҳои андўхти нафақавии ба шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) тавассути муассисаҳои бонкӣ ё хадамоти алоқа гузаронидашуда ва аз ҷониби ў дар мўҳлати муқарраргардида талаб карда нашудани онҳо.
56. Пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз фонди захиравии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии ҷойи истиқомати шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) дар ҳолате сурат мегирад, ки баъд аз бо тартиби судӣ барқарор гардидани мўҳлати муроҷиат бо ариза барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ), оиди андозаи (ҳиссаи) пардохт маблағҳои андўхти нафақавӣ қарор қабул карда шавад.
57. Барқарор намудани маблағҳои пардохташуда аз фонди захиравии нафақавӣ дар ҳолати қабул гардидани қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ нисбати шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ), ки мўҳлати муроҷиат бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ба дигар ворисони ҳуқуқӣ бо тартиби судӣ барқарор гардидааст, аз ҳисоби ворисони ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
58. Намунаҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба амал баровардани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда ва ворисони ҳуқуқӣ аз ҳисобномаҳои инфиродиро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

9. Назорат ба пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ

59. Назорати дурустии таъинот ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) аз ҷониби сохторҳои аудити дохилии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ мегардад.
10. Ҳаллу фасли баҳсҳо ва тартиби пешниҳоди эътироз
60. Нисбати қарори мақомоти минтақавӣ дар бораи пардохт ё рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ, инчунин дар сурати ба миён омадани масъалаҳои баҳснок роҷеъ ба тартиби пардохт ва муқаррар намудани андозаи он, боздошти пардохтҳо, напардохтан ё қатъ намудани пардохтҳо ба мақомоти болоии суғуртаи иҷтимоӣ метавонад эътироз баён гардад. Дар мавриди қаноатманд нагардидан аз ҷавоби эътирознома, он метавонад барои баррасӣ ба суд пешниҳод гардад.
61. Тамоми баҳсҳои шаҳрвандию ҳуқуқии байни муассисаи суғурта, суғуртакунанда ва шахсони суғурташуда ва ворисони ҳуқуқии онҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои вайроншуда ё дарёфти ҳуқуқи моликият ба гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ тибқи қарори суд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешаванд.

 

Дополнительная информация