Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008, №665

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва ташкили пардохти андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Аз якуми январи соли 2009 воҳидҳои кории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 воҳид зиёд карда шуда, хароҷоти нигаҳдории ин воҳидҳо дар доираи маблағҳои барои нигаҳдории Агентӣ пешбинигардида анҷом дода шаванд.
3. Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда аз 1 июли соли 2009 мавриди амал қарор дода шаванд.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 103 "Дар бораи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 қарор рақами "320" ба рақами "390" иваз карда шавад.
Дар Сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сархати нави дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
-"Раёсати таъин ва пардохти андўхти нафақавии инфиродӣ".

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 665
ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" декабри соли 2008 № 665
тасдиқ шудааст

Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда
1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиботи зеринро муқаррар менамояд:
- муроҷиати шахсони суғурташуда ва ворисони шахсони суғурташудаи фавтида барои гирифтани маблағҳои андўхти нафақавие, ки дар қисми махсуси ҳисобномаҳои инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) ба ҳисоб гирифта шудаанд;
- ҳисобӣ ва индексатсияи маблағҳои андўхти нафақавӣ, муқаррар намудани маблағҳои пардохт, мўҳлат ва давраҳои амалӣ намудани пардохт;
- интиқол, таъин ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ.
2.Меъёрҳоеро, ки Қоидаҳои мазкур нисбати кормандони кироя муқаррар намудааст, барои шахсони ба шуғли инфиродӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда дар як сатҳ истифода мешаванд.
3.Ҳуқуқи гирифтани маблағҳоро аз ҳисобномаҳои инфиродӣ шахсони суғурташудаи зерин доранд:
а) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) шаҳрвандони хориҷӣ;
в) шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони дар зербандҳои а, б, в-и ҳамин банд нишондодашуда, ки барои сукунати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада (кўчида) рафтаанд.
4.Ба шаҳрвандоне, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқи гирифтани маблағҳои андўхти нафақавиро доранд, барасмиятдарории интиқол ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар як вақт амалӣ мегарданд.
5.Гузаштани ҳуқуқи моликият ба маблағҳои андўхти нафакавӣ аз шахси суғурташуда ба як шахс ва ё шахсони дигарро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
6.Андоза, давра ва мўҳлатҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муқаррар мекунад.
7.Агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ба шахсони дар банди 3. Қоидаҳои мазкур қайдгардида пешбинӣ намуда бошанд, дар ин маврид муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор мешаванд.

2. Мафҳумҳои асосӣ

8. Дар ҳамин Қоидаҳо мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- шахси суғурташуда - шахси воқеӣ, ки ба фоидаи ў суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад;
- ворисони ҳуқуқӣ - ворисони ҳуқуқӣ аз рўи ариза ва ворисони ҳуқуқӣ аз рўи қонун;
- ворисони ҳуқуқӣ аз рўи ариза - шахсоне, ки дар ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ нишон дода шудаанд;
- ворисони ҳуқуқӣ аз рўи қонун - хешовандони шахси фавтидаи суғурташуда, ки пардохти маблағҳои андўхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташуда ба онҳо, новобаста ба синну сол ва вазъи қобилияти корӣ бо риояи навбати зайл амалӣ мегардад:
а) дар навбати аввал - ба фарзандон, аз он ҷумла ба фарзандӣ хондашудагон, ҳамсар ва волидайн (ба фарзандӣ гирифтагон) (ворисони ҳуқуқӣ дар навбати аввал аз рўи қонун);
б) дар навбати дуюм - ба бародарон, хоҳарон, бобоён, модаркалонҳо ва набераҳо (ворисони ҳуқуқӣ дар навбати дуюм аз рўи қонун);
- ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ - аризаи шахси суғурташуда дар бораи муайян намудани шахсоне, ки ба онҳо дар мавриди вафоти ў ба онҳо маблағҳои андўхти нафақавӣ пардохт мегардад, дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии ў баҳисобгирифташуда бояд амалӣ гардад;
- маблағҳои андўхти нафақавӣ - маблағҳои суғуртавии аз ҷониби шахсони суғурташуда дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ супоридашуда, инчунин даромадҳо аз ҳисоби маблағгузории онҳо, ки дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродӣ қайд гардидаанд;
- қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ - қарор дар мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомати шахси суғурташудаи фавтида дар бораи пардохти маблағҳо ба шахсони суғурташуда (ворисони ҳуқуқии шахси суғурташудаи фавтида) тибқи шакли муқарраргардида;
- қарор дар бораи рад кардани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ - қарори мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомат дар бораи рад кардани аризаи муроҷиаткунанда оид ба пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ;
- сармояи нафақавӣ - маблағи умумии саҳмҳои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ пардохташуда, инчунин даромадҳо аз ҳисоби истифодаи онҳо;
- иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ - иловапулии муқарраргардида ба нафақаи меҳнатии таъиншуда.


3. Тартиби муроҷиати шахсони суғурташуда ва ворисони ҳуқуқӣ

9. Муроҷиати шахсони суғурташуда вобаста ба пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаи инфиродии захиравӣ метавонад бо роҳи додани ариза дар шакли тасдиқгардида аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ сурат гирад.
10. Ба ариза нусхаҳои асли ҳуҷҷатҳои зерин ё ҳуҷҷатхои шаҳодатдиҳанда, ки дар банди 13 ҳамин Қоидаҳо пешбинӣ шудаанд, замима мегардад;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, синну сол, ҷойи истиқомат (шиноснома);
- шаҳодномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- маълумот дар бораи ҳисобномаи инфиродии нафақагир, дар мавриде, ки муроҷиат барои дарёфти пардохти андўхти нафақавӣ баъди таъин карда шудани нафақаи давлатӣ (аз рўи синну сол ё аз рўи маъюбӣ) сурат гирифта бошад.
11. Ариза дар бораи пардохти андўхти нафақавӣ метавонад баъди пайдо шудани ҳуқуқ ба гирифтани маблағҳои андўхти нафақавй мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар муддати як сол пешниҳод гардад.
12. Мўҳлати муроҷиат метавонад, бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ бо тартиби судӣ аз рўи аризаи шахси суғурташудае, ки (вориси ҳуқуқии) мўҳлатро гузаронидааст, барқарор гардад.
13. Шахсони суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) метавонанд ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ба мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ шахсан ё бо тарзи дигар пешниҳод намоянд. Дар ҳолати охир нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо ирсол намегарданд ва шахсияти шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ), инчунин тасдиқи эътимодияти ҳуҷҷатҳо ва санҷиши ҳақиқӣ будани имзои шахси суғурташуда (вориси хуқуқӣ) дар аризаи барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ бо чунин воситаҳо муқаррар мегардад:
- нотариус ё шахси дигар бо тартибе, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
- шахсони мансабдори муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шахси суғурташуда дар хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад.
Ирсоли ариза ва ҳуҷҷатҳо бо почта бояд тарзе сурат гирад, ки он ба тасдиқи далел ва санаи ирсол имкон диҳад.
14. Шахсони суғурташуда ҳуқуқ доранд, ки доираи шахсонеро, ки дар мавриди фавти ў ба онҳо пардохти маблағҳои андўхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии ў ба қайд гирифташуда амалӣ мегардад, бо пешниҳоди ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ муайян кунад.
15. Муроҷиати ворисони хуқуқӣ барои гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ то гузаштани шаш моҳ баъди фавти шахси суғурташуда бо роҳи пешниҳоди ариза ба мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии дилхоҳ сурат мегирад.
16. Дар мавриди муроҷиати вориси ҳуқуқӣ барои дарёфти маблағҳои андўхти нафақавӣ, бояд нусхаҳои асл ё нусхаҳои тасдиқгардидаи ҳуҷҷатҳои зерин бо тартиби дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пешниҳод карда шаванд:
- хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, синну сол ва ҷойи истиқомати вориси ҳуқуқӣ;
- шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоии шахси суғурташудаи фавтида;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатҳои намояндаи қонунии (ба фарзандхонда, вориси васиятдошта, парастор) вориси ҳуқуқӣ - барои намояндагони қонунии вориси ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи алоқаҳои хешутаборӣ бо шахси суғурташудаи фавтида (шаҳодатнома дар бораи таваллуд, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатнома дар бораи фарзандхонӣ, дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи хешутаборӣ бо шахси суғурташудаи фавтида)барои ворисони ҳуқуқӣ аз рўи қонун;
- ҳуҷҷатҳое, ки ваколатҳои намояндаи вориси ҳуқуқиро барои пешниҳоди ариза ҷиҳати гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ ба таври нотариалӣ тасдиқ менамояд, инчунин ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз номи вориси ҳуқуқӣ барои намояндагони вориси ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷозати пешакии мақомоти васоят ва парасторӣ дар бораи дасткашӣ аз гирифтани ҳақи ба вориси ҳуқуқӣ дахлдоштаи маблағҳои андўхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташудаи фавтида бақайдгирифташуда, - барои намояндагони қонунии ворис дар вақти пешниҳоди ариза дар бораи даст кашидан аз гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ;
- қарори суд оид ба барқарор кардани мўҳлати пешниҳоди ариза барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ барои ворисони ҳуқуқӣ, ки бо тартиби судӣ мўҳлати пешниҳоди аризаро барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ барқарор кардаанд;
- қарори мақоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар бораи муайян намудани ҳиссаи вориси ҳуқуқӣ;
- шаҳодатнома дар бораи вафоти шахси суғурташуда.
17. Ворисони ҳуқуқӣ чунин ҳуқуқҳоро доранд:
- тамоми маблағҳои андўхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташуда барои давраи дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии ў қайдгардида, дар сурате, ки фавти шахси суғурташуда то таъини иловапулиҳо ба нафақаи меҳнатӣ ё кўмакпулии яквақта рост омада бошад;
- бақияи маблағҳои андўхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташударо ки ба сармояи нафақавӣ бо касри пардохтҳои амалигардидаи дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродӣ қайдшуда баробар мебошад, ба даст оранд дар сурате, ки фавти шахси суғурташуда баъди таъин ва пардохт ҳармоҳаи иловапулиҳо ба нафақаи меҳнатӣ рост омада бошад.
18. Ворисони ҳуқуқӣ дар сурати баъди пардохти якдафъаинаи маблағҳои андўхти нафақавӣ фавтидани шахси суғурташуда, ҳуқуқи гирифтани маблағҳои андўхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташударо аз даст медиҳанд.
19. Аризаро шўъбаи ноҳиявии (шаҳрии) суғуртаи иҷтимоӣ ба қайд мегирад. Дар вақти қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои замимагардида, пуррагӣ ва саҳеҳии маълумоти дар ариза дарҷёфта санҷида мешавад.
20. Санаи бақайдгирии ариза рўзи ба шўъбаи ноҳиявии (шаҳрии) суғуртаи иҷтимоӣ пешниҳод гардидани тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи шахсони суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) барои гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ маҳсуб меёбад.
21. Мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ дар давоми панҷ рўзи корӣ баъд аз қабул кардани ариза дар бораи пардохти маблағи андўхти нафақавӣ ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- дурустии таҳияи ариза ва мутобиқати маълумоти дар он дарҷгардидаро бо ҳуҷҷатҳои манзургардида месанҷад;
- аризаро дар ҳолати пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои дар моддаҳои 10 ва 16 зикргардидаи ҳамин Қоидаҳо ё ошкор шудани номутобиқатӣ дар байни маълумоти дар ариза дарҷёфта бо маълумоти ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, инчунин дар ҳолати вайрон намудани талаботи Қоидаҳои номбурда бармегардонад;
- ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаро нусхабардорӣ карда, нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳоро ба шахси суғурташудаи муроҷиатнамуда бармегардонад;
- аризаро ба қайд мегирад ва дар хусуси ба қайд гирифта шудани аризаи шахси суғурташуда дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ забонхат-огоҳнома медиҳад (ирсол менамояд).
22. Шўъбаи ноҳиявии (шаҳрии) суғуртаи иҷтимоӣ дар муддати бист рўзи кории баъди қабули ариза, нусхаи қарорро дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ медиҳад.
23. Дар ҳолати рад карда шудани пардохти маблағҳо, шўъбаи ноҳиявии (шаҳрии) суғуртаи иҷтимоӣ дар давоми се рўзи баъди қабул ва бақайдгирии ариза ба муроҷиаткунанда қарорро дар хусуси рад карда шудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ бо дарҷи сабаби радшавӣ ва имконоти баён намудани эътироз ирсол менамояд (медиҳад).
24. Баргардонидани ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он иловагардида тарзе сурат мегирад, ки далел ва санаи баргардонидан тасдиқ гарданд. Дар вақти баргардонидани ариза ва ҳуҷҷатҳо сабабҳои баргардонидан нишон дода мешаванд ва тавзеҳоти зарурӣ дода мешавад.
25. Мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ нусхаи қарори тасдиқшударо тибқи тартиби муқарраргардида дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба муассисае, ки хизматрасонӣ ва пардохти воқеиро дар ҷойи истиқомати шахси суғурташуда ба амал мебарорад, ирсол менамояд.


4. Тартиби дида баромадани аризаҳои шахсони суғурташуда

26. Мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомати шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) дар мўҳлати на дертар аз рўзи охирини кории моҳи баъди моҳе, ки дар он мўҳлати барои бо ариза ҷиҳати пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муроҷиат намудани шахсони суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) ба охир расидааст:
- тафтиши мутобиқати шахсонеро, ки ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ пешниҳод намудаанд, таъмин мекунад;
- ҳиссаи ворисони ҳуқуқӣ аз рўи аризаро дар мувофиқа бо ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ муайян мекунад ё ҳиссаи баробарро муқаррар менамояд, агар дар ариза ворисони ҳуқуқӣ қайд гардида бошанду ҳиссаи онҳо номуайян бошад;
- ҳиссаи баробарро барои ворисон аз рўи қонун муқаррар мекунад, ва дар ҳолати аз ҷониби ворис аз рўи қонун ворид гардидани пешниҳод дар хусуси даст кашидан аз гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ ҳиссаи ба ў тааллуқдоштаро дар байни ворисони ҳуқуқӣ баробар тақсим менамояд;
- маҷмўи маблағҳои андўхти нафақавии шахси суғурташударо, (шахси суғурташудаи фавтида), ки дар байни ворисон тақсим мешаванд, бо назардошти ҷамъи маблағҳои андўхти нафақавӣ муайян мекунад;
- ҳисобу китоби ҷамъи маблағҳои андўхти нафақавиро, ки тибқи бандҳои 33 ва 34 ҳамин Қоидаҳо ба шахси суғурташуда пардохт мегарданд, ба амал мебарорад;
- маҷмўи маблағҳои андўхти нафақавиро, ки дар мавриди ҷой доштани асоси воқеӣ ба фонди эҳтиётии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ гузаронида мешаванд, муқаррар мекунад;
- қарорро дар бораи пардохт кардан ё рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар мавриди ҷой доштани асоси воқеии дар банди 28 нишондодашуда қабул менамояд.
27. Ариза барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он ҳамроҳгардида, ки мўҳлати он ба тартиби судӣ барқарор гардидааст, аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳалли истиқомати шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) бо тартиби дар ин Қоидаҳо пешбинишуда дар давоми даҳ рўзи баъди ворид гардидани он баррасӣ карда мешавад. Аз рўи натиҷаҳои баррасӣ қарор дар бораи пардохт ё радкунии пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ қабул карда мешавад.
28. Мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ қарорро дар бораи рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар ҳолатҳои зерин қабул мекунад:
а) ҳисобнома барои шахси суғурташуда кушода нашудааст;
б) шахси суғурташуда саҳмҳои суғуртавиро пардохт накардааст;
в) маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахси суғурташуда пардохт карда шудаанд;
г) маблағҳо аз сабаби даст кашидани шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) ба фонди захиравӣ гузаронида шудаанд;
д) андўхти нафақавӣ тибқи аризаи шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст;
е) шахсони бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муроҷиатнамуда ворисони ҳуқуқии шахси суғурташуда намебошанд;
ж) ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ворисони навбати дуюм дар сурати мавҷуд будани ворисони ҳуқуқии якум пешниҳод кардаанд;
з) ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ баъди ба охир расидани мўҳлати муқарраргардида бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муроҷиат намудан муқарраргардида (бо истиснои ҳолатҳое, ки мўҳлати номбурда бо тартиби судӣ барқарор гардидааст) пешниҳод карда шудааст;
и) ба ворисони ҳуқуқӣ бо қарори суд маблағ дар ҳаҷми баробар ё бештар аз маҷмўи маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки тибқи ҳамин Қоидаҳо ба онҳо муқаррар гардида буданд, пардохт гардидааст.
29. Нусхаи қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудааст, дар мўҳлати на дертар аз 5 рўзи кории баъди қабули қарор аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомати шахси суғурташуда тарзе ба шахси суғуртагардида ирсол мегардад, ки имкони тасдиқи далел ва санаи фиристонида шудани он мавҷуд бошад.
30. Пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда дар ҳаҷми тибқи қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муқарраргардида аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомати шахси суғурташуда на дертар аз рўзи 10-уми моҳи баъди моҳе, ки дар он қарори дахлдор қабул шудааст, амалӣ мегардад.
31. Маълумот дар бораи шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) ва ба ў пардохт гардидани қисми маблағҳои андўхти нафақавӣ дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) инъикос карда мешавад.
32. Нигоҳдории аризаҳо, ҳуҷҷатҳо ва қарорҳое, ки ин Қоидаҳо пешбинӣ менамоянд, мутобиқи тартибе, ки барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва парвандаҳои нафақавӣ муқаррар гардидааст, сурат мегирад.

5. Муайян намудани андозаи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ

33. Андозаи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, бо назардошти маблағи умумии андўхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда қайдгардида муайян карда мешавад ва он аз собиқаи суғуртавӣ, пардохти воқеии саҳми суғуртавӣ ва даромадҳои аз маблағгузории он бадастомада вобаста мебошад.
34. Сармояи нафақавӣ ҳар сол аз рўи натиҷаҳои соли андозӣ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
S = (1 + k)(So + w) - Р(12 + 6,5k) 0<K< ин дар>
S - маблағи умумии андўхти нафақавӣ (сармояи нафақавӣ) ба ҳолати охири соли андозӣ;
So - маблағи умумии андўхти нафақавӣ (сармояи нафақавӣ) ба ҳолати ибтидои соли андозӣ;
w - саҳмҳои пардохтшудаи суғуртавӣ барои соли ҷории андозӣ;
k - коэффитсиенти даромаднокӣ аз ҷобаҷогузории андухти нафақавӣ дар соли дахлдор;
Р - андозаи иловапулиҳои ҳармоҳа ба нафақаи меҳнатии дар соли андозӣ пардохташаванда;
35. Иловапулии ҳармоҳа ба нафақаи меҳнатии барои ҳар як сол муқарраршаванда бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
SР= ------- T-12m    дар ин ҷо:
Р - иловапулии ҳармоҳа ба нафақаи меҳнатӣ;
Т - давраи инфиродии пардохти пешбинишаванда дар моҳҳо; m-теъдоди солҳое, ки тайи онҳо иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ пардохт карда шудааст.
36. Давраи инфиродии пардохти пешбинишаванда (давраи бақияи умр) дар асоси нишондиҳандаҳои расмии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
37. Коэффитсиенти индексатсияи андўхти нафақавӣ ҳар сол аз ҷониби мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ аз рўи натиҷаҳои маблағгузориҳои сармояи нафақавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.
38. Муқаррар кардани андозаҳои ҳадди ақал ва ниҳоӣ аз маблағҳои андўхти нафақавӣ пешбинӣ намегардад.

6. Тартиби пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ

39. Пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар асоси қарори мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ, тавассути маблағҳои ғайринақдӣ сурат мегирад.
40. Дар ҳолате, ки сармояи нафақавии мутобиқи банди 5.3 Қоидаҳои мазкур ҳисобишуда аз 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар рўзи пайдо намудани ҳуқуқ ба гирифтани маблағҳо кам бошад, пас тамоми маблағҳои андўхти нафақавии захирашуда дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) пардохт карда мешаванд.


41. Пардохти яквақтаи маблағҳои андўхти нафақавӣ дар асоси қарор бо роҳи гузаронидани маблағҳо ба суратҳисобе (амонат) сурат мегирад, ки дар бораи он шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) маълумот додааст.
42. Баъди пардохти яквақтаи маблағи андўхти нафақавӣ, шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) ҳуқуқи ба нафақаи меҳнатӣ муқаррар намудани иловапулиҳоро гум мекунад, ҳамзамон ҳисобномаи шахси суғурташуда баста мешавад.
43. Дар ҳолате, ки сармояи нафақавӣ дар рўзи пайдо намудани ҳуқуқ ба гирифтани маблағҳо аз 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, ба шахси суғурташуда ҳар сол мутобиқи банди 35 ҳамин Қоидаҳо иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.
44. Ба шаҳрвандоне, ки дар банди 2 ҳамин Қоидаҳо нишон дода шудаанд, иловапулиҳо аз ҳисобномаи захиравӣ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешаванд.
45. Пардохти иловапулиҳо ба нафақаи меҳнатӣ бо тартиботи умумӣ, ки барои пардохти нафақаҳои меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, сурат мегирад.

7. Тартиби интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

46. Шаҳрвандоне, ки барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтаанд, тибқи ариза маблағҳои андўхти нафақавии онҳо ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.
47. Ариза дар бораи интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ ба хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли муқаррагардида ба мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад. Ба ариза ҳуҷҷатҳое, ки ҷойи истиқомати доимии шаҳрвандро дар хориҷи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, инчунин маълумотнома дар бораи санаи рафтан барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз як давлат ба давлати дигар кўчидан) ҳамроҳ карда мешавад. Ҳуҷҷате, ки ҷойи истиқомати доимии шаҳрвандро дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулгарӣ ё мақомоти салоҳиятдори (шахси мансабдори) давлати хориҷӣ, маълумотнома дар бораи санаи баромада рафтанро намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
48. Мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар асоси аризаи шаҳрванд ва ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 10 ҳамин Қоидаҳо нишон дода шудаанд, ҷиҳати ташкили интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ, аз шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумотро дар бораи парвандаи нафақаи шаҳрванд дархост менамояд.
49. Шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рўи дархости мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ маълумотномаро дар бораи парвандаи нафақавӣ дар ду нусха тартиб медиҳад, ки яке аз онҳо ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ирсол карда мешавад. Нусхаи дуюми маълумотнома ва дархост якҷоя бо парвандаи нафақавӣ дар бойгонии парвандаҳои амалкунандаҳои нафақавӣ маҳфуз дошта мешавад. Дар ҳолати нафақагир маҳсуб ёфтани шаҳрванд, парвандаи нафақавии ў маҳкам карда мешавад.
50. Баъди дастрас гардидани маълумот оид ба парвандаи нафақавии шаҳрванде, ки барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтааст (меравад), мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давоми бист рўз маблағҳои андўхти нафақавиро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ интиқол медиҳад.
51. Интиқоли маблағҳои андўхти нафақавии нафақахўр ба хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ пас, аз моҳе, ки шаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтааст, вале на пештар аз рўзе, ки пардохти нафақа бо асъори миллӣ амалӣ гардида бошад, бо риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби пардохти нафақаҳое, ки онҳоро нафақагир сари вақт нагирифтааст, оғоз меёбад.
52. Бозҳисобӣ, индексатсия, тасҳеҳи маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки бояд ба хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, мутобиқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қоидаҳо амалӣ мегарданд.
53. Мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ интиқоли маблағҳои андўхти нафақавии шаҳрвандро ба суратҳисоби бонкии ў ё дигар муассисаи молиявию қарзии давлати хориҷӣ, ки шаҳрванд дар он ҷо истиқомат мекунад, амалӣ менамояд, агар дар созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошанд.
54. Интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ ба хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ аз рўи қурби асъори миллӣ, ки онро Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзи анҷом додани амалиёт муқаррар кардааст, сурат мегирад.

8. Таъин ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз фонди захиравии суғуртаи нафақавӣ

55. Маблағҳои андўхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) баҳисобгирифташуда ва аз саҳмҳои суғуртавии пардохташуда ташаккулёфта, инчунин фоидаи саҳмҳои суғуртавии маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки ҳамчун дивиденд муваққатан гузошта шудаанд, дар ҳолатҳои зерин ба ҳисоби фонди захиравии суғуртаи нафақавӣ гузаронида мешаванд:
а) зимни бо ариза даст кашидани шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) аз гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ, инчунин мавҷуд набудани аризаи шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ то ба охир расидани мўҳлате, ки барои муроҷиат бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муқаррар карда шудааст.
б) қабул гардидани қарор дар бораи рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ нисбати тамоми шахсони муроҷиатнамуда;
в) бозгашти маблағҳои андўхти нафақавии ба шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) тавассути муассисаҳои бонкӣ ё хадамоти алоқа гузаронидашуда ва аз ҷониби ў дар мўҳлати муқарраргардида талаб карда нашудани онҳо.
56. Пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз фонди захиравии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии ҷойи истиқомати шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) дар ҳолате сурат мегирад, ки баъд аз бо тартиби судӣ барқарор гардидани мўҳлати муроҷиат бо ариза барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ), оиди андозаи (ҳиссаи) пардохт маблағҳои андўхти нафақавӣ қарор қабул карда шавад.
57. Барқарор намудани маблағҳои пардохташуда аз фонди захиравии нафақавӣ дар ҳолати қабул гардидани қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ нисбати шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ), ки мўҳлати муроҷиат бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ба дигар ворисони ҳуқуқӣ бо тартиби судӣ барқарор гардидааст, аз ҳисоби ворисони ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
58. Намунаҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба амал баровардани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда ва ворисони ҳуқуқӣ аз ҳисобномаҳои инфиродиро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

9. Назорат ба пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ

59. Назорати дурустии таъинот ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) аз ҷониби сохторҳои аудити дохилии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ мегардад.
10. Ҳаллу фасли баҳсҳо ва тартиби пешниҳоди эътироз
60. Нисбати қарори мақомоти минтақавӣ дар бораи пардохт ё рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ, инчунин дар сурати ба миён омадани масъалаҳои баҳснок роҷеъ ба тартиби пардохт ва муқаррар намудани андозаи он, боздошти пардохтҳо, напардохтан ё қатъ намудани пардохтҳо ба мақомоти болоии суғуртаи иҷтимоӣ метавонад эътироз баён гардад. Дар мавриди қаноатманд нагардидан аз ҷавоби эътирознома, он метавонад барои баррасӣ ба суд пешниҳод гардад.
61. Тамоми баҳсҳои шаҳрвандию ҳуқуқии байни муассисаи суғурта, суғуртакунанда ва шахсони суғурташуда ва ворисони ҳуқуқии онҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои вайроншуда ё дарёфти ҳуқуқи моликият ба гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ тибқи қарори суд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешаванд.

 

Дополнительная информация