ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 5. Ашхосе, ки бо суғуртаи давлатии иҷтимои фаро гирифта мешаванд

Суғуртаи давлатии иҷтимои бидуни истисно, тамоми ашхоси воқеиро, ки тибқи шартномаи (қарордод) меҳнати кор мекунанд, (минбаъд-кормандон) ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамаи намуди моликият ва фаъолияти хоҷагидори, шаҳрвандони алоҳида, инчунин ашхосе, ки аъзои ё иштирокчии корхонаҳо мебошанд, дар бар мегирад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро тибқи шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти мехнатӣ, хоҷагидорӣ ва соҳибкориро (бе ташкили шахси ҳуқуқӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд, мутобиқи Қонуни мазкур бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ қарор гиранд. Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоиро нисбати шахсони зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).

Моддаи 6. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои суғуртакунанда

Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
шахсан аз тариқи намояндаи худ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимои иштирок намояд;
аз муассисаи суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои маълумот ба даст орад;
ба ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои худ.
Суғуртакунанда вазифадор аст:
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун нафақа, ёрдампули ва дигар пардохтҳои дорои хусусияти мақсаднокро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои ба ашхоси суғурташуда пардозад;
дар мўҳлатҳои муайяншуда аз ҷониби тамоми ашхоси суғурташуда саҳмияҳои суғуртаро пардозад;
ҷиҳати рафъи омилҳои номатлубе, ки ба тандурустии кормандон таъсир мерасонад, барои беҳбуди шароити фаъолияти иқтисоди ва рафъи ҳодисаҳои травматизми истеҳсоли ва бемориҳои касби тадбирҳои зарури андешад;
ба муассисаи суғурта оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои, таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва иҷрои ўҳдадориҳои суғуртакунанда аснод ва маълумотҳоро пешниҳод кунад;
қарорҳои мақомоти суғуртаи иҷтимоиро оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти онҳо қарор доранд, иҷро кунад;
баҳисобгирии суғуртаи давлатии иҷтимоиро анҷом дода ба муассисаи суғурта оид ба хароҷот ҳисобот диҳад.

Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои муассисаи суғурта

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдоре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (минбаъд - мақомоти ваколатдор), амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).
Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад:
- дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тафтиши асноди пули, китобҳои муҳосибави (бухгалтери), журнали, сабт, ҳисобот, нақша, смета, декларатсияҳо ва дигар асноди вобаста ба ҳисоб ва пардохти ҳиссаҳои суғурта, таъмин ва пардохти нафақа ва кўмакпулиҳоро анҷом дода оид ба масъалаҳое, ки дар натиҷаи тафтиш ба миён меоянд, тавзеҳот, маълумотнома ва маълумотҳои зарури ба даст орад;
хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).
- баҳисобгирии инфиродии саҳмияҳои пардохташудаи суғуртаро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824);
- аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рўи пардохти саҳмҳои суғурта ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, кўмакпулӣ ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187);
- бо тартиби муқарраршуда бақияпулиҳоро аз рўи саҳми ҳисобкардашудаи муҷозотҳои молиявӣ, пеня ва гирифтани ҷарима аз шахсони мансабдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба суғуртаи иҷтимоӣ вайрон кардаанд, тибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рўёнад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187):
- фонди захиравӣ ва фонди рушд созмон диҳад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187);
- маблағи муваққатан озодро ба қоғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкҳо гузорад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187);
- захираҳои нафақавии шахсоии суғурташударо дар асоси шартномаҳои бо ширкатҳои идоракунанда басташуда тибқи шартҳои диверсификатсия нигоҳ дорад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187);
- даъво пешниҳод намояд ва ё дигар амалҳои ҳуқуқии барои ҳимояи манфиатҳои мақомоти ваколатдор заруриро пешбинӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187, аз 5.03.2007 № 244);

Дополнительная информация