ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

- дар ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ширкат варзад, таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар соҳаи таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоии аҳолӣ омўзад ва истифода намонд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187);
- коршиносон, мутахассисон ва машваратчиён, аз ҷумла хориҷиёнро ба кор ҷалб намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187);
- дар таъсис додани муассисаҳои махсуси молиявие, ки ба аҳолӣ хизмати иҷтимоии суғуртавӣ мерасонанд, иштирок кунад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187);
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳо дар бораи ҷуброни зиёни (дар шакли пулӣ ва ғайрипулӣ) буҷети мақомоти ваколатдор ба тарзи маҷбураи ситонидани маблағи пардохтнашудаи саҳмҳои суғурта ва муҷозотҳои молиявӣ даъвои амволӣ пешниҳод кунад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187, аз 5.03.2007 № 244);
- аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо (васоят ва парасторӣ, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) ҳуҷҷат ва маълумоти дахлдорро (маълумотнома, нусха ва дигар маълумот) талаб намояд, ки дар асоси онҳо таъин ё пардохти ин ё он намуди нафақа ё кўмакпулӣ тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода шудааст (анҷом дода мешавад) (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).
хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).
хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).
Муассисаи суғурта вазифадор аст:
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи ашхоси суғурташударо дар қисми таъминот бо нафақа, кумакпули ва ҷубронпули оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои ҳифз менамояд, иҷро кунад;
Тадбирҳои таъминкунандаи пойдории молиявии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоиро амали намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824);
назорати баҳисобгирии дуруст, пардохти саривақти ва гузаронидани саҳмияҳои суғуртаро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом диҳад;
саҳеҳии ҳисоб ва сари вақт баҳисобгири ва пардохти нафақа ва кўмакпулиҳоро ба ашхоси суғурташуда таъмин намояд;
ба мақомоти болои ҷиҳати тасдиқи ҳисобу китоб ва воридоти пардохтҳои оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои сари вақт ҳисобот пешниҳод кунад.

Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ашхоси суғурташуда

Ашхоси суғурташуда ҳуқуқ доранд:
аз суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба ташаккули маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои маълумот ба даст оварда, хароҷоти онро назорат кунанд;
аз суғуртакунанда пардохти нафақа ва кўмакпулиҳоро тибқи ҳаҷм ва мўҳлатҳои муайяншуда талаб намоянд;
сари вақт ва дар ҳаҷми муайяншуда оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои кўмакпулиҳо гиранд;
ҳуқуқи худро шахсан ё аз тариқи намояндагии худ, аз ҷумла тибқи тартиби суди ҳимоя кунанд;
шахси бовариноки худро ҷиҳати иштирок дар тафтиши ҳодисаҳои суғурта сафарбар намоянд;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба сифати суғуртакунанда баромад кунад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).
Ашхоси суғурташуда ўҳдадоранд:
Саҳмияҳои суғуртаи муқаррарнамудаи қонунҳоро ба суғуртаи давлатии иҷтимои пардозанд;
сари вақт ба суғуртакунанда асноди саҳеҳро, ки барои таъин намудани пардохтҳои нафақа, кўмакпули ва ҷубронпулиҳо заруранд, пешниҳод намоянд;
шартҳои муайяншударо барои пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо риоя кунанд.

ФАСЛИ 2. НАВЪ ВА АНДОЗАИ ТАЪМИНОТ МУТОБИҚИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОИ

Моддаи 9. Навъҳои таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зайли таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои муқаррар карда мешаванд:
таъминоти нафақа;
кўмакпули барои корношоямии муваққати;
кўмакпулии ҳомиладори ва таваллуд;
кўмакпулиҳои оилави;
кўмакпули ба сабаби бекори;
кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1059);
хароҷоти маблағҳо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин барои татбиқи дигар тадбирҳо, ки ба вазифа ва функсияҳои оид ба ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо мувофиқ аст;
- иловапулиҳо ба нафақа аз ҳисоби маблағи андўхти нафақаи ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187);
дигар навъи пардохтҳо, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд, инчунин таъминотҳои таъминкунандаи иҷрои вазифаҳои муассисаи суғуртакунанда.

Дополнительная информация