ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 10. Тартиби пардохтҳо аз маблағи ҳисобномаҳои андўхти инфиродии шаҳрвандон
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187)

Муассисаи суғурта пардохтҳоро аз маблағи андўхти нафака ба шахсони суғурташудае, ки ба синни муқарраргардидаи нафақа расидаанд ва тавассути корфармо ё мустақилона бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун саҳмҳои нафақа (суғурта)-ро ба ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ саривақт пардохт кардаанд, таъин ва таъмин менамояд.
Пардохт дар шаклҳои зайл анҷом дода мешавад:
- муқаррар намудани иловапулии мунтазам (ҳармоҳа) ба нафақаи меҳнатӣ;
- пардохти яквақтаи маблағи андўхташуда;
- гузаронидани маблағи андўхташуда ба фонди ғайридавлатии нафақаи интихобкардаи нафақахўр.
Аз маблағи андўхти нафақа, ки дар ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда мавҷуд аст, ҳангоми расидан ба синни нафақа иловапулӣ ба нафақа таъин карда мешавад.
Тартиби пардохт ва андозаи иловапулии нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Пардохти яквақтаи маблағи андўхти инфиродӣ аз ҷониби муассисаи суғурта ҳангоме амалӣ карда мешавад, ки маблағи умумии андўхташуда аз меъёре, ки барои таъини иловапулии ҳармоҳаи нафақа баробар ба ҳаҷми 36 - каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз лаҳзаи бавуҷудоии ҳуқуқ ба иловапулӣ (аз лаҳзаи муроҷиат ба таъини иловапулӣ) муқаррар гардидааст, камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 440).
Пардохти яквақта аз ҷониби муассисаи суғурта дар асоси аризаи хаттии шахси суғурташуда ҳангоми расидан ба синни муқарраргардидаи нафақа ва пайдо гардидани ҳуқуқ ба гирифтани иловапулӣ дода мешавад. Пардохт бо роҳи гузаронидани маблағ ба ҳисобномае (пасандозе), ки шахси суғурташуда пешниҳод менамояд, анҷом дода мешавад.
Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағе, ки дар ҳисобномаи захиравии инфиродии шахси суғурташуда мавҷуд аст, дар асоси аризаи хаттии ў метавонад ба фонди ғайридавлатии нафақа, ки реквизитҳои онҳоро аризадиҳанда зикр менамояд, гузаронида шавад.
Фонди ғайридавлатии нафақаро (ба истиснои фондхои ғайридавлатии нафакае. ки ба шахсони барои зисти доимӣ ба хориҷа сафаркунанда хизмат мерасонанд ва ҳуқуқ доранд фондн ғайридавлатии нафақаро вобаста ба маҳалли (кишвари) нави зист зикр намоянд) шахси суғурташуда аз ҳисоби фондҳое метавонад интихоб намояд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Тартиб ва шарти гузаронидани маблағи андўхти нафақаро ба фондҳои ғайридавлатии нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар сурати пардохти маблағи андўхти нафақавӣ мутобики қисмҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи мазкур шахси суғурташуда ҳуқуқи худро барои муқаррар намудани иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ аз маблағе, ки дар ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ мавчуданд, аз даст медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).

Моддаи 10 (1). Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824)

Моддаи 10 (2). Рақами инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187)

Дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ барои ҳар як шахси суғурташуда рақами инфиродии суғурта гузошта мешавад, ки он ҳамзамон рақами ҳисобномаи андўхти инфиродӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Зикри рақамҳои инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии суғуртакунанда, муассисаи суғурта ва шахси суғурташуда ҳатмӣ мебошад.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).

Моддаи 11. Таъминоти нафақа

Тартиби муқаррар намудан, таъин, ҳисобу китоб ва пардохти ҳамаи намудҳои нафақа бо қонун "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).

Моддаи 12. Кўмакпули ҳангоми корношоямии муваққати

Ҳангоми бемори (ҷароҳат бардоштан), ки бо гум кардани қобилияти кори вобаста аст, дар вақти зарурати нигоҳубини узви бемори оила, карантин, протезгузори кўмакпули барои корношоямии муваққати пардохта мешавад.
Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи зайл пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 893):
100 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ғадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кўчонида шудаанд.

Дополнительная информация