ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

70 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи ҳаштсола ва беш аз он доранд;
- ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;
- ба кормандони ятим, ки ба синни 23 нарасидаанд.
60 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии бефосилаи то ҳаштсола доранд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 893).
Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор ба хона рафтан, аз ҷумла рўзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кўмакпулӣ ҳақ дорад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).
Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққкатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ мефиристанд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187), аз 30.07.2007 № 332).
Кўмакпули барои корношоямии муваққати аз рўи ҳисоби якмоҳа назар ба андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, кам буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 440).
Барои таъини кўмакпули барои корношоями муваққати варақаи корношоями (варақаи бемори), ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад. Дар сурати гум кардани варақаи корношоями кўмакпули тибқи нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.
Муайян кардани ҳаҷми собиқаи бефосилаи кори мутобиқи қоидаҳои ҳисобу китоби собиқаи бефосилаи кории кормандон ҳангоми таъини кўмакпулиҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз рўзи фарорасии корношоями ҳисоб карда мешавад.
Тартиби таъин ва пардохти кўмакпулиҳо оид ба корношоямии муваққати дар корхонаҳо тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби умумӣ ба кўмаклулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд. Кўмакпулӣ ба шахсони мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суғуртаи иҷтимоӣ ба тариқи баҳисобгирии маблағи кўмакпулии ба онҳо тааллуқдошта ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшавандаи суғурта пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).

Моддаи 13. Кўмакпулии ҳомиладори ва таваллуд

Кўмакпулии ҳомиладори ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладори ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рўзи рухсати ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рўзи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад.

Моддаи 14. Кўмакпулии оилави

Ҳангоми таваллуди кўдак дар оила кўмакпулии оилавии зайл пардохта мешавад:
кўмакпулии яквақта бинобар таваллуди кўдак;
кўмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кўдак.
Кўмакпулии яквақта бинобар таваллуди кўдак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
ҳангоми таваллуди кўдаки якум - ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 440);
ҳангоми таваллуди кўдаки дуюм - ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 440);
ҳангоми таваллуди кўдаки сеюм ва зиёда - ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 440).
Кўмакпули дар ҷои кори (таҳсили) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё таҳсил накунанд - аз ҷониби шўъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат пардохта мешавад.
Кўмакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кўдак аз рўзи таваллуди кўдак таъин ва пардохта мешавад, агар муроҷиат барои гирифтани он на дертар аз шаш моҳи пас аз рўзи таваллуди кўдак сурат гирифта бошад.
Дар сурати додани рухсати ба зан барои нигоҳубини кўдак то ба синни якунимсолаги расидани он барои ин мўҳлат дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимои ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ў кўмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кўдак пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 440).

Моддаи 14(1). Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1059)

Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1059).

Моддаи 15. Кўмакпули ба сабаби бекори

Кўмакпули ба сабаби бекори мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин ва пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244, аз 30.07.2007 № 332).

Моддаи 16. Кўмакпули барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
(Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 893)

Кўмакпули барои дафн (кўмакпулии маросими) ба аъзои оилаи камбизоат дар ҳолати фавти корманди суғурташуда, ё худ дар ҳолати фавти аъзои оила, ки дар таъминоти ў мебошанд, дода мешавад. Андозаи кўмакпули барои дафн баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 440, аз 01.08.2012 № 893).
Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиро барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 893).

Дополнительная информация