ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 16 (1). Таъин ва пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи шахсони суғурташуда
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187)

Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ ба кўмакпулие, ки мутобиқи моддаҳои 12, 13, 14, 15 ва 16 Қонуни мазкур дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад, ҳуқуқ доранд. Кўмакпулии таъингардидаро мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Шахсоне, ки фаъолияти меҳнатиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ба гирифтани кўмакпулӣ ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки саҳмҳои суғуртаро корфармоён (суғуртакунандагони онҳо) мутобиқи Қонуни мазкур ва ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатии басташуда дар бораи тартиби суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳрвандони кишварҳое, ки ин созишномаҳоро имзо кардаанд, пардохта бошанд ва ё дар сурати аз тарафи ҳамин шахсон тибқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андози иҷтимоӣ мустақилона пардохт шуда бошад.".

Моддаи 17. Маблағгузории пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои

Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои пардохтҳои вобаста ба тандурустии ашхоси суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо, ки таҳти сарпарастиашон қарор доранд (муолиҷаи санаторию курорти, ташкили фаросати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хўроки парҳези ва дигар тадбирҳои тундурустию пешгирикунанда), анҷом дода мешавад. Хароҷоти ин маблағҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби мақоми дахлдори намояндаги ба андоза ва тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 332).
Маблағҳои мақомоти ваколатдор, инчунин ба маблағгузории тадбирҳои зайл равона карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244):
барои ҳимояи ҳуқуқии аҳоли, таъминоти саҳми санаторию профилакторияҳо, лагерҳои тандурусти, қисман таъмин намудани штатҳои мактабҳои варзиши атфол ва ҷавонон, татбиқи дигар тадбирҳое, ки ба вазифаҳои ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо марбутанд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187, аз 30.07.2007 № 332);
маблағгузории хароҷот оид ба омодагии касби, такмили ихтисос ва бозомўзии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъияти, таъсиси ҷойҳои кори барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳифзи иҷтимои эҳтиёҷ доранд;
таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии кори, барои фаъолияти илмию маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, барои таъминоти хадамоти давлатии шуғл ва рушди байналхалқи оид ба масъалаҳои шуғл ва бекори (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187);
татбиқи барномаҳои ҷумҳурияви ва минтақави оид ба дастгирии иҷтимоии нафақахўрон, маъюбон, атфол ва дигар гурўҳҳои аҳоли;
таъмини нигаҳдошти мақомоти идораи хадамоти мақомоти ваколатдор, тарбия ва бозомўзии кадрҳо, рушди заминаи моддию техникии низоми фонд (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244, аз 16.04.2012 № 824);
пардохти ҷубронпули ба ивази роҳҳатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курорти ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;
пардохти қисми захиравии нафақаи меҳнати (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 35).

ФАСЛИ 3. ШАРТҲОИ УМУМИИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ СУҒУРТА ВА ПАРДОХТҲОИ МАҚСАДНОК

Моддаи 18. Таъин, маблағҳои суғурта, ҳаҷм ва мўҳлати пардохти он

Таъин ва пардохти ҷамъи маблағҳои суғурта оид ба ҳар як навъи суғуртаи давлатии иҷтимои дар ҳаҷм ва мўҳлатҳои пешбининамудаи қонун анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси суғурташуда, ки таҳти муносибатҳои меҳнати қарор доранд, кўмакпулиҳо ва пардохтҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои дар ҷои кор ё маҳалли истиқомати суғуртакунанда таъин ва пардохта мешаванд. Дар сурати барҳам хўрдани корхона ё иваз шудани суғуртакунанда, кўмакпулиҳо аз ҷониби вориси ҳуқуқи таъин ва пардохта мешаванд ва ҳангоми мавҷуд набудани вориси ҳуқуқи - аз ҷониби мақоми ваколатдори суғуртакунандаи иҷтимои (муассисаи суғурта), ки суғуртакунандаро ба қайд гирифтааст, анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси бақайдгирифташудаи бекор (нафақахурон ва бекорон) пардохтҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори маҳалли зист пардохта мешавад.
Кўмакпулиҳо ҳангоме таъин ва пардохта мешаванд, ки агар дар мавриди пардохти он на дертар аз 6 моҳ, то рўзи ҳатми ҳолати суғурта муроҷиат карда бошанд.
Кўмакпулие, ки то рўзи фавти шахси суғурташуда талаб карда нашудааст, ба аъзои оилаи ў ё ашхоси таҳти сарпарастии шахси фавтида қарордошта, пардохта мешавад.
Кўмакпулиҳои пурра гирифтанашудаи боқимонда ба амволи мероси дохил карда намешаванд.
Мутобиқи ҳамин Қонун пардохтҳо ба ашхоси суғурташудаи ноҳияҳо ва маҳалҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда барояшон коэффитсиентҳои ноҳияви ба музди меҳнат истифода мегарданд, зиндаги ва меҳнат мекунанд, бо дарназардошти ин коэффисиентҳо пардохта мешаванд.

Дополнительная информация