ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 19. Нигоҳ доштани маблағи кўмакпулиҳои изофатан пардохташуда

Маблағҳои изофагии ба гиранда пардохташудаи суғуртапули, агар додани изофапули бо гуноҳи ў сурат гирифта бошад, тибқи тартиби муайяннамудаи қонун нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 20. Ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъминот бо кўмакпули

Баҳсҳо байни ашхоси суғурташуда ва суғуртакунандагон дар мавриди масъалаҳои таъминот бо кўмакпули оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои бо тартиби суди мавриди барраси қарор мегирад.

Моддаи 21. Мақомоти идораи суғуртаи давлатии иҷтимои

Идоракунии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти ваколатдор, бо иштироки намояндагони кормандон ва ассотсиатсияи корфармоён, ки таҳияи сиёсати мувофиқашудаи давлатиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин аудити молиявӣ ва ҳуқуқии иштирокчиёни суғуртаи иҷтимоиро амалӣ менамоянд, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244, аз 16.04.2012 № 824).
Идораи оперативии маблағ ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимои аз ҷониби фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Мақомоти ваколатдор фаъолияти худро мувофиқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).
Бо мақсади назорат аз болои дурустии пардохти кўмакпули ҷиҳати суғуртаи давлатии иҷтимои аз тарафи суғуртакунанда дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо аз ҳисоби намояндагони бакортаъминкунанда, кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар мақоми намояндагии кормандон комиссия таъсис меёбад ва ё вакили масъули суғуртаи иҷтимои интихоб мешавад. Хароҷоти маблағи суғурта барои табобати санаторию курорти, истироҳати кормандон аз аъзои оилаи онҳо, хурокхўрии парҳези ва дигар тадбирҳои солимгардонию профилактики бевосита дар корхонаҳо аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон анҷом мегардад.

ФАСЛИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОИ

Моддаи 22. Маблағҳо барои таъмини пардохтҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои

Маблағгузории пардохти нафақа, кўмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои аз ҷониби муассисаи суғурта анҷом дода мешавад.
хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).
Маблағҳои мақомоти ваколатдор аз ҳисоби зайл ташаккул меёбанд (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244):
саҳмҳои суғуртаи ҳатмии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамагуна шакли моликият, дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, сарфи назар аз тобеияти онҳо, саҳмҳои шаҳрвандон, ки ба фаъолияти соҳибкори машғуланд (шахсони ҳуқуқи намебошанд) ва дигар шаҳрвандон, ки мутобиқи ҳамин Қонун бояд ба суғуртаи давлатии иҷтимои фаро гирифта шавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 35);
маблағҳое, ки вобаста ба таъин намудани нафақаи пеш аз мўхлат ва ба мақсадҳои таъминоти имтиёзноки нафақа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ситонида мешавад;
маблағҳои саҳмҳои ҳатмии суғурта, ки бидуни тартиби баҳс аз шахсони ҳуқуқи ва воқеи ситонида мешаванд;
саҳмҳои ихтиёри ва пардохтҳои хайрияи шахсони ҳуқуқи ва воқеи (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 35);
дивидент ва даромадҳои бадастовардашуда аз фаъолияте, ки қонунгузори манъ нанамудааст;
даромадҳое, ки ҳангоми расонидани ёрии молияви аз ҳисоби маблағҳои муваққатан озод ва оид ба депозитҳои мақомоти ваколатдор ба даст оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244);
маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо ба хизматчиёни ҳарби ва аъзои оилаи онҳо пешбинишуда, нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талофии хароҷоти баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва кўмакпулиҳо вобаста ба тағйирёфтани индекси рўзгузарони ва афзоиши музди меҳнат;
маблағи буҷети маҳалли, ки барои пардохти нафақа барои хизматҳои шоёни дорои аҳамияти маҳалли, инчунин нафақаҳои иҷтимои пешбини шудаанд.
маблағе, ки ба қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфироди, ҷиҳати пардохтҳои минбаъда ба нафақахўрон ҳангоми пешбурди баҳисобгирии инфироди дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимои ворид карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 35, аз 16.04.2012 № 824);
дигар воридоте, ки ба қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқи мухолиф намебошанд.
Маблағҳои пулии мақомоти ваколатдор мусодира ва андозбанди намегарданд аз онҳо боҷу хироҷи комиссиони ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).
Маблағи дар буҷети мақомоти ваколатдор ҷамъгардида ба ду гурўҳ тақсим мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187, аз 5.03.2007 № 244):
- саҳмҳои суғуртавӣ, маблағи муҷозоти молиявии воридшуда, субвенсияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, даромад ва фоизҳо аз ҷойгиркунии маблағи муваққатан озод ба таркиби буҷети давлатӣ дохилгардида дар буҷети тасдиқгардидаи соли навбатӣ тақсим ва харҷ карда мешаванд;
- маблағе, ки ҳамчун саҳмҳои нафақавӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади шаҳрвандон ворид мегардад ва ба қисми захиравии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дохил мегардад, инчунин фоизҳо ва даромадҳо аз қойгиркунии мувақкатии онҳо дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ намешаванд ва дар шакли захираи нафақавии давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар буҷети Фонд барои соли навбатии молиявӣ маблағи дар ҳамин сол ворид ва харҷшаванда, инчунин маблағе, ки барои пардохти иловапулиҳо ба нафақа аз андўхти (аз захираи нафақавии давлатӣ) нафақа дар ҳамин сол равона мегарданд, пешбинӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).

Дополнительная информация