ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 23. Сохтор ва ҳаҷми тарифҳои саҳмҳои суғурта
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187)

Суғуртакунандагон ўҳдадоранд андози иҷтимоиро тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт намоянд. Ба таркиби андози иҷтимоӣ дохил мешаванд:
- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ;
- саҳмҳои нафақавӣ;
- саҳмҳои суғурта барои бекорӣ.
Андозаи (таносуби) ҳар як навъи саҳм ва самти хароҷотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Маблағи андози иҷтимоӣ ва саҳмҳои нафақа аз ҳисоби маблағи андозбандишаванда бароварда мешаванд.

Моддаи 23 (1). Тартиби нигоҳдори, баҳисобгири ва истифодаи воситаҳои пули, ки ба ҳисобномаи захиравии инфироди ворид шудаанд

Ҳангоми ҷори намудани баҳисобгирии захиравии инфироди дар низоми давлатии суғуртаи иҷтимои ба ҳар як шахси суғурташуда ҳисобномаи захиравии инфироди кушода мешавад, ки дар намуди электрони маълумот оиди ҳуқуқҳои нафақави аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақави қайд карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Суратҳисоби захиравии инфироди қисми махсуси ҳисобнома мебошад, ки саҳмҳои суғуртавии воридгардида, маблағҳои ҳисобкардашудаи даромадҳо аз истифодаи захираҳои шахси суғурташуда, индексатсияи ин маблағҳо ва пардохтҳои анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Бо мақсади аз беқурбшави нигоҳ доштан ва таъмини индексатсияи минбаъдаи маблағҳое, ки дар суратҳисоби захиравии инфироди ҷамъ омадаанд, мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад, тибқи қонунҳои амалкунанда онҳоро ба ҳисоби депозити дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар коғазҳои қимматнок (саҳмҳо, векселҳо ва ғайра) гузорад (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).
Бо мақсади таъмини даромад маблағи андўхти нафақавиро муассисаи суғурта метавонад ба активҳои нафақаи фондхои ғайридавлатии нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).
Муассисаи суғурта ўҳдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблағи андўхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи ставкаи азнавмаблағгузории Бонки миллли Тоҷикистон таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).
Тартиби таъин ва пардохти қисми кафолатии нафақаи меҳнатиро аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақави қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 35).

Моддаи 24. Ўҳдадориҳои пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта

Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ба мақомоти ваколатдорсуғуртакунандагон ва ашхоси суғурташуда мебошанд (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).
Пардохти саҳмияҳои суғурта аз ҷониби суғуртакунанда, аз лаҳзаи аз тарафи муассисаи суғурта ба қайд гирифтани он, анҷом дода мешавад.
Саҳмияҳои суғурта, сарфи назар аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатми, супурда мешаванд.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Мақомоти ваколатдор ҳангоми нигаҳдошт ва истифодаи маълумотҳои зикршуда махфияти онҳоро таъмин менамояд. Ба дигар ашхос додани онҳо танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).

Моддаи 25. Ҳисоби саҳмҳои суғурта
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187)

Ҳисоби саҳмҳои суғуртаро андозсупоранда мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо ҳисобии музди меҳнат (пардохти музди меҳнат) ба кормандон ё муайян намудани даромади суғурташавандаи соҳибкорон ё шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғуланд, анҷом медиҳанд.
Суғуртакунанда ўҳдадор аст ҳисоб ва пардохти ҳармоҳаи саҳмҳои суғуртаро таъмин намояд, Ҳангоми риоя накардани мўҳлатҳои ҳисоби андози суғурта муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад нисбати суғуртакунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти молиявӣ истифода намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 187).

Моддаи 26. Тартиб ва мўҳлати пардохти саҳмияҳои суғурта

Суғуртакунандагон ҳар моҳ, дар мўҳлатҳои аз бонк гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнати моҳи гузашта, ки ба он саҳмҳои суғурта ба ҳисоб гирифта шудааст, маблағҳои суғуртаро мегузаронанд.
Суғуртакунандагоне, ки дар муассисаҳои бонки ҳисобномаҳо надоранд, инчунин онҳое, ки пардохти музди меҳнатро аз ҳисоби маблағ, фурўши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасони анҷом медиҳанд саҳмияҳои суғуртаро то таърихи 10 моҳе, ки пас аз моҳи ҳисоб кардан саҳмияи суғурта фаро мерасад, мепардозанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки ба онҳо вобаста ба шароити меҳнат мутобиқи қонунгузории ҷори барои меҳнат оид ба натиҷаҳои наҳоии кор подошпули муайян карда шудааст, вобаста ба маблағи ба ҳисоби музди меҳнат ё дар шакли ставкаҳои устувор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, саҳмияҳоро пардохта минбаъд оид ба натиҷаҳои сол, дар мўҳлатҳои барои мақсадҳои зикр шуда аз муассисаҳои бонки гирифтани маблағ ҳисобро баробар мекунанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки фаъолияти меҳнатиро тибқи шартҳои дигар анҷом медиҳанд, саҳмияҳои суғуртаро аз он даромад ва дар он мўҳлатҳое мепардозанд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 35).

Дополнительная информация