ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 27. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти суғуртаи иҷтимои ва пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта бо бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредити
(Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244)

Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредити ҳисобномаҳои (ҷори) пардохткунандагони саҳмияҳои суғуртаро ҳангоми пешниҳод намудани асноде, ки ба сифати пардохткунандаи саҳмияи суғурта ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ мекунад ва оид ба дигар ҳисобномаҳо, аз ҷумла буҷети, асъори, қарзи, депозити, аккредитиви ва дигарҳо бошад-ҳангоми пешниҳод намудани аснод дар бораи огоҳонии мақомоти мақомоти ваколатдор дар бораи нияти пардохткунандаи саҳмҳои суғурта дар мавриди дар бонк кушодани ҳисобномаи дахлдор, мекушоянд (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ҳамзамон бо талаб карда гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнат барои моҳи гузашта ба бонк супоришномаҳои пулиро оид ба саҳмияҳои суғуртаи ба мақомоти ваколатдор гузаронидашуда, ки бидуни он маблағҳо барои пардохти музди меҳнат дода намешаванд, пешниҳод мекунанд. Супоришномаҳои пардохти зикршуда, инчунин супоришномаҳои пардохти пеня, ҷарима ва дигар пардохтхо дар навбати аввал иҷро карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).
Дар ҳолатҳое, ки муассисаҳои бонки бо мақсади истифодаи маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи воридшуда дар гардиши бонк ва аз он ба даст овардани фоида мўҳлати баҳисобгирии маблағҳоро мегузаронанд, аз ҷониби онҳо барои ҳар як рўзи гузаронидани мўҳлат дар ҳаҷми дукарата дар муқоиса бо ставкаи фоизии ҷории азнавмаблағгузории (рефинансирования) бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизҳо пардохта мешаванд.
Маблағҳое, ки ба буҷети мақомоти ваколатдор дар натиҷаи иҷрои муҷозотҳои молияви (пения, ҷарима) ворид гардидаанд, барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимои масраф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).
Амалиётҳо оид ба маблағҳои мақомоти ваколатдор аз ҷониби муассисаҳои бонки ё дигар муассисаҳои кредити бидуни талаби подоши комиссиони барои ин амалиёт анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).
Моддаи 28. Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимои
Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимои бо қарори мақоми идораи суғуртаи давлатии иҷтимои аз ҷониби намояндаи мақомоти суғуртаи иҷтимои ё ташкилоти мустақили аудитори анҷом дода мешавад.
Суғуртакунандагон, бонкҳо, дигар мақомоте, ки оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои амалиётро анҷом медиҳанд, вазифадоранд ба мақомоти назораткунандаи суғуртаи иҷтимои аснод ва маълумотҳои зарурии марбут ба соҳаи фаъолияташонро пешниҳод намоянд.
Назорати ҷамъияти ҷиҳати таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда, хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби мақомоти намояндагии кормандон анҷом дода мешавад.

Моддаи 29. Масъулият барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузаронидани саҳмияҳои суғурта

Барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузарондани саҳмияҳои суғурта ба мақомоти ваколатдор, сари вақт ҳамчун пардохткунандаи саҳмияҳо ба қайд нагирифтани суғуртакунандагон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба ҷавобгари кашида мешаванд ва инчунин ҳангоми иҷрои амале, ки аз он ба буҷети Фонд зиёни моддӣ расидааст, суғуртакунанда ўҳдадор аст зиёнро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд. Ҷуброни зиён метавомад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон с бо қарори суд ситонида шавад (Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 35, аз 29.04.2006 № 187, аз 5.03.2007 № 244).

Моддаи 30. Мўҳлатҳои дида баромадани муроҷиатҳо дар бораи вайрон шудани қонунгузори дар хусуси суғуртаи давлатии иҷтимои

Муроҷиати суғуртакунандагон ва суғурташудагон аз рўи масъалаҳои вайрон шудани қонунгузори оиди суғуртаи давлатии иҷтимои аз тарафи суғуртакунанда дар мўҳлати 30  рўз баррасӣ карда мешавад. Аз натиҷаи он суғуртакунанда ба аризадиҳанда баъди қабули қарор дар муддати 10 рўз ба таври хатти хабар медиҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Дар ҳолати рози нашудан бо қарори қабулшуда, баҳс дар тартиби суди ҳал карда мешавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                           Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе, 13 декабри соли 1997 № 517

 

Дополнительная информация