ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Моддаи 10. ўҳдадориҳои муассисаи суғурта

Муассисаи суғурта ўҳдадор аст:
- асосноккунии андозаи тарофаи саҳмҳои нафақавиро тайёр намояд;
- дар асоси маълумоти баҳисобгирии инфиродӣ нафақаи суғуртавиро сари вақт таъин, бозҳисобӣ ва пардохт намояд, кўмакпулиро барои дафни нафақагири фавтида, ки дар рўзи фавташ кор намекард, пардохт кунад;
- назорати асосноккунии пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои таъин, бозҳисобии маблағҳои нафақаи суғуртавӣ, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок бинобар шароити махсуси меҳнат амалӣ намояд;
- лоиҳаи буҷети муассисаи суғуртаро таҳия намуда, иҷрои онро таъмин намояд;
- ба суғуртакунандагон, шахсони суғурташуда, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз вазъи молиявии худ мунтазам бо тартиби муқарраргардида иттилоъ диҳад ва барои таъмини устувории молиявиаш тадбирҳо андешад;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро таъмин ва назорат намояд;
- маблағҳои аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ воридгардидаро ба ҳисоб гирад;
- махзани маълумоти давлатии тамоми гурўҳҳои суғуртакунандагон, аз ҷумла, шахсони воқеиро, ки ихтиёран ба муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ шомил гардидаанд, баҳисобгирии инфиродии маълумотро дар бораи тамоми гурўҳҳои шахсони суғурташуда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" таъсис диҳанд;
- реҷаи пешбурди қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташударо мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
- дар фаслҳои дахлдори қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ба қисми маблағҳои андўхти нафақаи суғуртавӣ ворид шудани маблағҳои саҳмҳои нафақавӣ, андозаи нафақаи суғуртавии таъиншуда ва маблағҳои пардохтро аз ҳисоби маблағҳои андўхти нафақавӣ сари вақт ба ҳисоб гирад;
- ташкили баҳисобгирии саривақтии даромад аз сармоягузории маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар фаслҳои дахлдори қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда таъмин намояд;
- ба суғуртакунандагон вобаста ба масъалаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ройгон маслиҳат диҳад ва дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ маълумот диҳад;
- тавассути сохтори ҳудудии худ барои шахсони суғурташуда доир ба масъалаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ машваратҳои ройгон ташкил намояд.

БОБИ 3. НИЗОМИ МОЛИЯВИИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Моддаи 11. Буҷети муассисаи суғурта

1. Маблағҳои буҷети муассисаи суғурта моликияти давлатӣ маҳсуб ёфта, ба муассисаи суғурта бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста карда шудаанд, вале ба таркиби буҷетҳои дигар дохил намешаванд ва мавриди мусодира, андозбандӣ ва ситонидани дигар пардохтҳои ҳатмӣ қарор намегиранд.
2. Буҷети муассисаи суғурта барои соли молиявӣ бо назардошти тавозуни ҳатмии даромаду хароҷоти буҷети мазкур таҳия карда мешавад. Буҷети муассисаи суғурта ва ҳисоботи иҷрои он ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Дар таркиби буҷети муассисаи суғурта маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки ба сармоягузорӣ равона гардидаанд, пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андўхти нафақавӣ, инчунин хароҷоти буҷети муассисаи суғурта, ки бо ташаккулёбӣ ва сармоягузории маблағҳои андўхти нафақавӣ, пешбурди қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ва пардохти қисми андўхтии нафақаи суғуртавӣ алоқаманд мебошанд, ба таври алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд.
4. Маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар суратҳисоби муассисаи суғурта дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 12. Ташаккулёбии буҷети муассисаи суғурта

Буҷети муассисаи суғурта аз ин ҳисоб ташаккул меёбад:
- саҳмҳои суғуртавӣ;
- маблағҳои буҷети давлатӣ;
- маблағҳои товон ва дигар муҷозоти молиявӣ;
- даромад аз ҷобаҷогузорӣ ва сармоягузории маблағҳои озоди муваққатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- саҳмҳои ихтиёрӣ ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба сифати суғуртакунандагон ё шахсони суғурташуда онҳоро пардохт накардаанд;
- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 13. Харҷи маблағҳои буҷети муассисаи суғурта

1. Маблағҳои буҷети муассисаи суғурта таъиноти мақсаднок дошта, ба мақсадҳои зерин равона мегарданд:
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба пардохт ва индексатсияи нафақаи суғуртавӣ ва кўмакпулӣ барои дафни нафақагире, ки дар рўзи фавташ кор намекард, барои ба суратҳисоби инфиродии шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурташуда гузаронидани маблағҳои арзишаш баробари маблағҳои андўхти нафақавии дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси мазкур баҳисобгирифташуда;
- дастрасгардонии нафақае, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети муассисаи суғурта пардохт карда мешавад;
- таъминоти молиявӣ ва моддию техникии фаъолияти ҷории муассисаи суғурта, аз ҷумла таъминоти сохтори ҳудудии он.
2. Хароҷоте, ки дар буҷети муассисаи суғурта барои соли дахлдор пешбинӣ карда нашудааст, танҳо баъди ворид намудани тағйирот ба буҷети мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии фаъолияти ҷории муассисаи суғурта бо назардошти таъминоти сохтори ҳудудии он набояд аз ду фоизи буҷети муассисаи суғурта зиёд бошад.

Дополнительная информация