ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

 БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

Моддаи 4. Субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ инҳоянд:
- суғуртакунанда (корфармо);
- муассисаи суғурта;
- шахси суғурташуда.

Моддаи 5. Кормандоне, ки бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ қарор гиранд

1. Бо назардошти шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур шахсони зерин бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ қарор гиранд:
- кормандоне, ки рўзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ ва корҳои шароиташон махсусан зарарноку махсусан вазнин машғуланд;
- кормандоне, ки рўзи пурра дар шароити зарарноку вазнин кор мекунанд;
- кормандоне, ки рўзи пурра бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз ҷумла ҳайати шахсии қисмҳои наҷотдиҳии кормандони конҳо) ангишт, сланетс ва маъданҳои дигар истихроҷ мекунанд, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд, инчунин кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: поккорони конҳо, нақбканҳо, маъданканҳо, мошинкорони мошинҳои ҳамлу нақли маъдан;
- занҳои тракторчӣ, мошинкори истеҳсолоти кишоварзӣ, дигар соҳаҳои иқтисодиёт, мошинкори мошинҳои бинокорӣ, роҳсозӣ ва боркунандаю борфуроранда;
- занҳое, ки дар истеҳсолоти бофандагии меҳнаташ пуршиддат ва вазнин кор мекунанд;
- мардҳои тракторчӣ, мошинкори истеҳсолоти кишоварзӣ, ки маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд;
- занҳои говҷўш (операторони мошинҳои говҷўшии фермаҳои механиконидашуда);
- коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва гурўҳҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои бору мусофиркашонӣ бевосита машғул буда, бехатарии ҳаракатро дар наклиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд;
- ронандагони автомобилҳои боркаши шахтаҳо, конҳои маъдан, конҳои кўшода, ки ангишт, сланетс, маъдан ва сангу хок мекашанд;
- кормандони экспедитсияҳо, гурўҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳои корҳои саҳроии иктишофи гидрологӣ, ҷангалдорӣ ва корҳои таҳқиқотӣ;ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ;
- кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳои гражданиро бевосита идора менамоянд;
- муҳандису техникҳои хизматрасонии бевоситаи ҳавопаймоҳои гражданӣ;
- ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймоҳои гражданӣ;
- ходимони ҳавопаймоҳо;
- занҳое, ки тамоми мавсим пахтаю тамоку парваришу ҷамъоварӣ мекунанд;
- мардҳое, ки тамоми мавсим пахта парвариш ва ҷамъоварӣ мекунанд;
- гурўҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи маориф; - гурўҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи тандурустӣ;
- гурўҳҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо;
- варзишгарони касбӣ.
2. Рўйхат ва номгўйи корҳои шароиташон махсусан зарарнок ва махсусан вазнинро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 6. Ташкили шароит барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Шароит барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз ҷониби корфармое, ки ҷойҳои кори шароиташ махсус дорад, тариқи бастани шартнома бо муассисаи суғурта муҳайё карда мешавад. Шартномаи муҳайё кардани шароит барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба мўҳлате, ки корфармо ва муассисаи суғурта муайян менамоянд, баста мешавад. Дар ҳолати зарурӣ эътибори шартнома метавонад ба мўҳлати нав тамдид карда шавад.
2. Бо шартномаи коллективӣ байни корфармо ва кормандон метавонад ўҳдадории корфармо оид ба пардохти иловапулии ҷубронӣ ба музди меҳнати ин ё он гурўҳи кормандони шароити корашон махсус (ба истиснои шахсоне, ки дар конҳои зеризаминӣ, шароити махсусан зарарноку махсусан вазнин кор кардаанд), ки бо назардошти маблағи саҳмҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда муайян мегардад, пешбинӣ карда шавад. Агар шартномаи коллективӣ ўҳдадории корфарморо оид ба пардохти иловапулии ҷубронӣ ба музди меҳнати кормандони дар қисми мазкур қайдгардида пешбинӣ намояд, барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ин кормандон аз ҷониби корфармо шароит муҳайё карда намешавад.
3. Қарори пардохти иловапулии ҷубронӣ ба музди меҳнат дар асоси қисмати дахлдори шартномаи коллективӣ ба мўҳлати на камтар аз се сол қабул гардида, аз тарафи корфармо бо санади меъёрии дохилӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Барои шахсоне, ки дар муассисаи суғурта суғурта шудаанд ва дар конҳои зеризаминӣ, дар шароити махсусан зарарноку вазнин кор кардаанд, нафақаи касбӣ муқаррар мегардад ва ҳармоҳа аз рўзи муқаррар намудан то ба итмом расидани давраи нафақавии пеш аз мўҳлат пардохт карда мешавад.

Дополнительная информация