ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

 БОБИ 3. ТАРИФ, ЗАМИНАИ САҲМБАНДӢ ВА ПАРДОХТҲО АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

Моддаи 7. Ташаккул ва хароҷоти маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва даромади нигоҳдории онҳо ҷамъоварӣ мешавад.
2. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.
3. Нигоҳдорӣ ва бозпасгардонии маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро муассисаи суғурта кафолат медиҳад.
4. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ моликияти инфиродӣ ба ҳисоб рафта, наметавонад ба дигар мақсадҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ харҷ карда шавад, инчунин маблағи мазкур наметавонад барои ситонидани қарзи муассисаи суғурта, бонки ваколатдор, суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда харҷ карда шавад.
Моддаи 8. Саҳмҳо барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба кормандоне пардохт мегардад, ки ба корҳои мансуб ба номгўйи корҳои шароиташон махсус машғул мебошанд.
2. Объекти ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳама гуна пардохтҳои пулие мебошанд, ки ба корманд бо сабаби машғул будан ба корҳои мансуб ба номгўйи корҳои шароиташон махсус ҳисоб шудаанд.
3. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба муассисаи суғурта ҳармоҳа пардохт карда мешавад.
4. Агар маблағи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ба муассисаи суғурта пардохтгардида аз маблағи тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни мазкур пардохтшаванда кам бошад ва корфармо пардохткунандаи саҳмҳо маблағи фарқиятро дар давоми понздаҳ рўзи баъди пешниҳод намудани эъломия оид ба саҳмҳои суғуртавӣ муқарраргардида нагузаронад, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҷамъоварии саҳмҳои суғуртавӣ аз ҳолати воқеӣ ба таври хаттӣ корфармо - пардохткунанда ва муассисаи суғуртаро огоҳ намуда, ҷиҳати ситонидани маблағи саҳми суғуртавии кампардохтгардида чора меандешад.
5. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандоне, ки ба синни ниҳоии нафақавӣ расидаанд, пардохт карда намешавад.

Моддаи 9. Пардохткунандаҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Пардохткунандаҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ корфармоёне мебошанд, ки ҷойҳои кории шароиташон махсус доранд ва саҳмҳои суғуртавиро барои кормандоне, ки дар ин ҷойҳо кор мекунанд, пардохт менамоянд.

Моддаи 10. Заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳамчун маблағи пардохти бо моддаи 8 Қонуни мазкур пешбининамудае, ки пардохткунандаи саҳмҳо дар давраи ҳисоботӣ барои кормандон ҳисоб намудааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 11. Маблағҳое, ки барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ саҳмбандӣ намешаванд

Маблағҳои зерини суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ саҳмбандӣ намешаванд:
1) кўмакпулиҳои давлатие, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд;
2) ҳама намудҳои ҷубронпулии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи вобаста ба:
- товони зарари маъюбӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ;
- ҷуброни маблағи пардохтшуда барои манзили зист, хизматрасонии коммуналӣ ва сўзишворӣ;
- пардохти маблағи арзиши таъминоти озуқа ва молҳо;
- ҷубронпулии аз кор озод намудан ё рухсатии меҳнатии истифоданашуда;
- пардохти маблағи арзиши либоси махсус ва пойафзоли корӣ;
- маблағи ёрии моддӣ ва дигар пардохтҳои яквақтаина;
- хароҷоти сафари хизматӣ;
- хароҷоти дигаре, ки ба иҷрои вазифаи асосии корманд вобаста намебошад.

Моддаи 12. Тарифҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Ба пардохткунандагони саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии дар моддаи 9 Қонуни мазкур зикршуда тарифҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- дар сурате, ки заминаи саҳмбандӣ барои ҳар як корманд дар алоҳидагӣ то ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд, саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандони дар сархатҳои якум, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дарҷгардида 10 фоиз ва барои кормандони дигаре, ки шароити корашон махсус мебошад, 5 фоизи даромади воқеиро ташкил медиҳад;
- дар сурате, ки заминаи саҳмбандӣ барои ҳар як корманд дар алоҳидагӣ аз андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандони дар сархатҳои якум, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дарҷгардида 10 фоиз ва барои кормандони дигаре, ки шароити корашон махсус мебошад, 5 фоизи андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.
2. Маблағи ҳисобгардидаи саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои ҳар як корманди дар қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур нишондодашуда наметавонад аз 1 фоизи андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам бошад.

Дополнительная информация