ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

Моддаи 13. Давраи ҳисоббаробаркунӣ

Давраи ҳисоббаробаркунӣ оид ба саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ соли тақвимӣ ба ҳисоб меравад.

Моддаи 14. Тартиби ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва мўҳлати пардохти онҳо

1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз рўи ҷамбасти давраи ҳисоббаробаркунӣ на дертар аз 30 марти соли баъди давраи ҳисоббаробаркунии сипаришуда, бо назардошти заминаи саҳмбандии суғуртавӣ аз аввали соли тақвимӣ ва тарифҳои бо моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишуда пардохт карда мешавад.
2. Пардохткунандагони саҳмҳо ўҳдадоранд баҳисобгириро оид ба ҳар як корманде, ки барояшон саҳмҳо пардохт мегардад, дар алоҳидагӣ, аз рўи маблағҳои ҳисобшудаи даромад ва саҳмҳои суғуртавии мансуб ба ин даромадҳояшон ба роҳ монанд.
3. Пардохткунандагони саҳмҳо ба муассисаи суғурта на дертар аз 30 марти соли баъди давраи ҳисоббаробаркунии сипаришуда эъломияи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро пешниҳод менамоянд.

Моддаи 15. Назорат аз рўи саҳмбандӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Назорати саҳмбандӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ буда, онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 16. Пардохтҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақа вии касбӣ

1. Нафақаи шахсоне, ки корхонаҳои шароити корашон махсус ва корфармо, ки мувофиқи Қонуни мазкур ба муассисаи суғурта саҳмҳоро барояшон пардохт намудааст, аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохта мешавад.
2. Агар шахси суғурташуда барои таъини пардохтҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ муроҷиат накунад ё маблағи нафақавии андўхта дар мўҳлати бо моддаи 20 Қонуни мазкур муқарраршуда ба шахсони дар моддаи 17 Қонуни мазкур зикргардида дода нашавад, маблағи дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифташуда ба захираи буҷети муассисаи суғурта гузаронида шуда, суратҳисоб бо тартиби муқарраргардида пўшида мешавад.
3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба гирифтани пардохтпулиҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар асосҳои умумии барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

Моддаи 17. Додани маблағи андўхтҳои нафақавӣ мавриди фавти шахси суғурташуда

1. Мавриди фавти шахси суғурташуда маблағи андўхти нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродии ў ба ҳисоб гирифташуда дар мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 23 Қонуни мазкур ба ворисони ў дода мешавад.
2. Дар сурати набудани ворисон маблағи андўхти нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифташуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Моддаи 18. Ҷуброни хароҷоти фаъолияти муассисаи суғурта

1. Хароҷоти фаъолияти муассисаи суғурта аз ҳисоби даромади сармоягузории маблағи нафақавӣ ҷуброн карда мешавад.
2. Ҳадди ниҳоии андозаи хароҷоти зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, вале он наметавонад аз 15 фоизи даромади сармоягузории маблағи андўхти нафақавӣ зиёд бошад.

Моддаи 19. Истифодаи маблағи андўхти нафақавӣ

Маблағи андўхти нафақавӣ танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи моддаҳои 16-18 ва 26 Қонуни мазкур харҷ карда мешавад.

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФ АҚАВИИ КАСБӢ

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахси суғурташуда

1. Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад:
- аз суғуртакунанда дар бораи саҳмҳои пардохтшуда барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва дигар маълумоти ба муассисаи суғурта пешниҳодшударо талаб намояд;
- дар бораи дастрасии маълумот оид ба вазъи ҷории қисми касбии суратҳисоби инфиродиаш ба муассисаи суғурта муроҷиат намояд;
- барои таъини нафақа аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар шакли нафақаи касбӣ дар давоми на дертар аз панҷ сол баъди расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ муроҷиат намояд;
- дар сурати риоя нагардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бо шикоят аз рўи фаъолияти суғуртакунанда ба муассисаи суғурта муроҷиат намояд. Дар сурати ба чораҳои андешидаи ин мақомот розӣ набудани шахси суғурташуда ў метавонад ба суд муроҷиат намояд.
2. Шахси суғурташудае, ки ба ў нафақаи касбӣ таъин карда шудааст, ўҳдадор аст дар бораи ҳолатҳое, ки ба пардохти маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ таъсир мерасонанд, дар мўҳлати на дертар аз як моҳи пас аз воқеъ шудани чунин ҳолат ба муассисаи суғурта хабар диҳад.

Дополнительная информация