ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

Моддаи 21. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои суғуртакунанда

1. Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад аз муассисаи суғурта дар бораи саҳмҳои воридшудаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва собиқаи касбии шахси суғурташуда маълумот талаб намояд.
2. Суғуртакунанда ўҳдадор аст:
- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити меҳнатро дар ҷойҳои корӣ арзёбӣ намояд;
- бо тартиби муқарраршуда номгўйи ҷойҳои кории шароиташ махсусро тасдиқ намояд;
- саҳмпулиҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро сари вақт ва тибқи муқаррароти Қонуни мазкур пардохт намояд;
- дар бораи шахсони суғурташуда ба муассисаи суғурта барои баҳисобгирии қиёми касбии суратҳисоби инфиродӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд;
- ба шахси суғурташуда дар бораи саҳмпулиҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ҳисобкарда ва пардохтшуда, инчунин дар бораи собиқаи касбӣ маълумот пешниҳод намояд;
- дар сурати пеш омадани ҳолатҳое, ки ба ҳуқуқи шахси суғурташуда барои гирифтани нафақаи касбии пеш аз мўҳлат (пардохти он) таъсир мерасонанд, дар мўҳлати на дертар аз як моҳи пас аз вуқўъ омадани чунин ҳолатҳо ба муассисаи суғурта хабар диҳад.

Моддаи 22. Вазифаҳои муассисаи суғурта

Муассисаи суғурта вазифадор аст:
- саҳмпулии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро ба ҳисоб гирад;
- маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро дар бонки ваколатдор нигоҳ дорад;
- ба шахсони суғурташуда дар бораи вазъи кунунии қисми касбии суратҳисоби инфиродии онҳо ва ба суғуртакунанда оид ба саҳмпулиҳои воридшудаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, инчунин собиқаи касбии шахсони суғурташуда маълумот пешниҳод намояд;
- маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ истифода барад; - маблағи нафақаҳои касбиро ҳисоб, таъин ва пардохт намояд;
- дигар талаботҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардидаро риоя намояд.

Моддаи 23. Қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда

1. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии пурраву саривақтӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои шахсони суғурташуда пешбурди қисми касбии таркиби суратҳисоби инфиродӣ аз ҷониби муассисаи суғурта амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби пешбурди суратҳисоби инфиродӣ дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии нафақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
3. Даромади сармоягузорӣ дар суратҳисоби инфиродӣ на камтар аз як маротиба дар як сол ва на дертар аз 30 марти соли ояндаи пас аз соли ҳисоботӣ инъикос карда мешавад, ба шарте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
4. Дар сурати қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар сурати мавҷудияти дигар асосҳои қонунӣ барои қатъ ё манъ кардани вазифаҳои корфармо оид ба пардохти саҳмпулии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда то иҷрои ўҳдадориҳои ба зимма гузоштаи шахси суғурташуда ё гузаштани мўҳлати пешбининамудаи муроҷиат тибқи Қонуни мазкур кушода нигоҳ дошта мешавад.
5. Дар сурати аз ҷониби ворисони (вориси) шахси суғурташудаи фавтида пешниҳод намудани васиятнома ё шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ муассисаи суғурта вазифадор аст, ки дар давоми 10 рўз маблағи нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда андўхтаро ба суратҳисобҳои бонкии ворисон (ворис) гузаронад ва суратҳисоби ўро бандад.

Моддаи 24. Ҳисоб намудани даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳар сол аз ҷониби муассисаи суғурта ҳисоб карда мешавад.
2. Маблағи андўхтҳои нафақавие, ки аз ҷониби шахсони суғурташуда ё шахсони ваколатдори онҳо талаб карда нашудаанд, ба қисми даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии муассисаи суғурта ворид карда мешавад.

Моддаи 25. Ҳифзи маълумоти фардии шахсони суғурташуда

1. Маълумоти фардии шахсони суғурташуда, ки ташкилотҳои корфармо ва муассисаи суғурта медиҳанд, инчунин дигар маълумоти дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ мавҷуда иттилооти пинҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Мазмун ва ҳаҷми маълумоти фардии додашаванда, нигоҳдошташаванда ва коркардшаванда набояд аз доираи талаботи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи нафақавӣ берун барояд. Маълумоти фардӣ ба иттилои шахси сеюм, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонида намешавад.
2. Ба маълумоти фардии ташкилоти корфармо ва муассисаи суғурта танҳо шахсони махсуси ваколатдор дастрасӣ доранд. Дар ин маврид шахсони мазкур танҳо ба маълумоте дастрасӣ доранд, ки барои иҷрои вазифаҳои мушаххаси онҳо зарур аст.
3. Роҳбарон, шахсони мансабдор ва кормандони ташкилотҳои корфармо ва муассисаи суғурта, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ирсол ва истифодаи маълумоти дорои хусусияти махфӣ, ки ба ҷараёни ташаккул ва сармоягузории андўхтҳои нафақавӣ, инчунин маълумоти қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда иштирок менамоянд, вазифадоранд иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иттилооти дастрасиаш маҳдуд таъмин намоянд.

Дополнительная информация