ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

 БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 26. Таъин ва пардохти нафақаҳои меҳнатӣ ба шахсони суғурташудае, ки то ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар корхонаҳои шароити меҳнаташон махсус кор кардаанд

1. Ба шахсони суғурташудае, ки то ҷорӣ намудани пардохти нафақа аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни мазкур дар корхонаҳои шароити меҳнаташон махсус кор кардаанд ва ба нафақаи касбии пеш аз мўҳлат ҳуқуқ надоранд, нафақаи меҳнатии имтиёзнок аз рўи синну сол барои иҷрои корҳои шароиташон махсус ё нафақаи меҳнатӣ барои хизмати дарозмуддат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохт карда мешавад.
2. Мавриди муайян намудани ҳуқуқи шахси суғурташуда ба чунин намуди нафақаи меҳнатӣ ба сифати илова ба собиқаи махсусе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, собиқаи касбии дахлдори мувофиқ ба инобат гирифта мешавад. Дар ин маврид нафақаи меҳнатӣ бо розигии шахси суғурташуда барои гузаронидани маблағи нафақавии андўхтаи қисми касбии суратҳисоби инфиродии ў бо мақсади ҷуброни хароҷоти вобаста ба маблағгузории нафақаи меҳнатӣ дар давраи то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ таъин ва пардохт карда мешавад.
3. Тартиби гузаронидани маблағи андўхтҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур ба истиснои моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шаванд.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе, 26 декабри соли 2011 № 790

 

Дополнительная информация