Фармоиш аз 26.07.2014, №61 ва №84

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва                                                         Вазорати адлияи
     нафақаи назди Ҳукумати                                                         Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   
   аз «21» июли соли 2014, №61                                             аз «26» июли соли 2014, №84


Фармоиши Муштарак
оид ба тасдиқи Дастурамал дар бораи тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазо ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд


Бо мақсади иҷрои моддаи 104 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 103, 104 ва 111 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазо ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд, ф а р м о и ш  м е д и ҳ е м:
1. Дастурамал дар бораи тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазо ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти нафақаи маҳкумшудагон ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагонеро, ки дар давраи адои ҷазо ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд, аз рўи тартиби пешбининамудаи Дастурамали мазкур ба роҳ монанд.
3. Назорати иҷрои Фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Одинаева ва муовини Вазир – Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Шарифзода гузошта шавад.  

   Директори Агентии суғуртаи                                                       Вазири адлияи
     иҷтимоӣ ва нафақаи назди                                                    Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     
            С. Наҷмудинов                                                                       Р. Шоҳмурод

 

Бо Фармоиши муштараки Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «21» июли соли 2014, №61
ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «26» июли соли 2014, №84
тасдиқ шудааст


ДАСТУРАМАЛ
дар бораи тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони
маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагоне, ки дар
давраи адои ҷазои ҷиноӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд

1. Муқаррароти умумӣ

1. Дастурамали мазкур мутобиқи моддаи 104 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 103, 104 ва 111 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагонеро, ки дар давраи адои муҳлати ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд, муайян менамояд.
2. Муқаррароти Дастурамали мазкур нисбати шаҳрвандоне татбиқ мегардад, ки дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамоянд.

2. Тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда

3. Баъди аз озодӣ маҳрум шудани нафақагир ва ба муассисаи ислоҳӣ ворид гардидани он маъмурияти муассиса дар мўҳлати на зиёда аз 15 рўз расман раёсати (шуъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – раёсати (шуъбаи) Агентӣ) дар ҷои истиқомати нафақагирро, ки асноди нафақавиаш дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, дар ин хусус огоҳ менамояд.
4. Раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои истиқомати нафақагири маҳкумшуда пас аз гирифтани мактуби дахлдори муассисаи ислоҳӣ дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз пардохти нафақаи маҳкумшударо қатъ намуда, асноди нафақавиро расман ба раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ноҳияи (шаҳри) ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳие, ки нафақагир дар он ҷо адои ҷазо менамояд, барои пардохти минбаъдаи маблағи нафақа ирсол менамояд.
Дар сурате, ки пардохти нафақаи нафақагири маҳкумшуда тавассути корти бонкӣ ба роҳ монда шуда бошад, раёсати (шуъбаи) Агентӣ ба филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои бастани суратҳисоби пардохтӣ ва бекор кардани корти нафақагири маҳкумшуда мактуб мефиристонад.
Маблағи нафақае, ки то маҳкум шудани нафақагир дар суратҳисоби пардохтӣ, яъне корти бонкиаш мавҷуд буд, бояд бо боваринома ба шахси ваколатдодашудааш пурра пардохт карда шавад, агар ҳалномаи суд ҳукми дигареро дар ин хусус муқаррар накарда бошад.


5. Раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ пас аз гирифтани асноди нафақавӣ онро расман ба қайд мегирад ва дар мўҳлати на дертар аз 5 рўз аз муассисаи ислоҳӣ рақами ҳисобномаи шахсии нафақагири маҳкумшударо дархост менамояд.
6. Муассисаи ислоҳӣ дар мўҳлати на дертар аз 5 рўзи пас аз гирифтани дархост маълумотро дар ин хусус ба раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии муассиса пешниҳод мекунад.
7. Раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ пас аз гирифтани маълумот дар бораи ҳисобномаи шахсии нафақагири маҳкумшуда ҳар моҳ маблағи нафақаи ўро бо тартиби муқарраршуда тавассути филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳия (шаҳр) ба ҳисобномааш интиқол медиҳад.
Барои пардохти маблағи нафақаи ҳамаи нафақагирони маҳкумшуда, ки дар муассисаи ислоҳии ҳудуди ноҳия (шаҳр) адои ҷазо менамоянд, ба филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» рўйхати алоҳида пешниҳод карда мешавад.
8. Маблағи нафақаи нафақагирони маҳкумшуда мувофиқи муқаррароти моддаи 104 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба андозаи пурра ба ҳисобномаашон интиқол меёбад, агар ҳалномаи суд ҳукми дигареро дар ин хусус муқаррар накарда бошад.
Агар бо ҳалномаи суд аз маблағи нафақаи нафақагири маҳкумшуда барои иҷрои дигар ўҳдадориҳо боздошт муқаррар гардида бошад (аз ҷумла алимент, пардохти қарзи бонкӣ, ҷарима, нодуруст таъин шудани нафақа ва ғайра), дар ин маврид маблағи муайяншуда ҳатман аз ҷониби раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ ба суратҳисобҳои пешниҳодгардидаи шахсони дахлдор   (ё шахсони ҳуқуқӣ) интиқол дода мешавад.
9. Истифодабарии маблағи нафақаи нафақагири маҳкумшуда дар давраи адои ҷазо аз ҳисобномаи шахсии ў бо риояи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 103, 104 ва 111 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ вазифадор аст, ки ҳамагуна боздошти маблағро аз нафақаи маҳкумшуда, ки Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додаст, бо риояи интизоми молиявӣ анҷом диҳад ва нафақагири маҳкумшударо расман бо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар ин хусус шинос намояд.     
11. Муассисаи ислоҳӣ вазифадор аст, ки дар ҳолати тағйирёбии шумораи нафақагирони маҳкумшуда, аз ҷумла бо сабабҳои  фавтидан, ба охир расидани мўҳлати адои ҷазо, авф шудан (бахшиши ҷазо) ё ба дигар муассисаи ислоҳӣ гузаронидан, дар мўҳлати на дертар аз 5 рўз раёсати (шуъбаи) Агентиро дар ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ расман огоҳ кунад.  
12. Аснодии нафақавии нафақагири маҳкумшуда то ба охир расидани мўҳлати адои ҷазо, авф шудан (бахшиши ҷазо), ба дигар муассисаи ислоҳӣ гузаронидан ё фавтидан, дар раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ нигоҳ дошта мешавад.
13. Баъди ба охир расидани мўҳлати адои ҷазо, авф шудан (бахшиши ҷазо) ё фавтидани нафақагири маҳкумшуда, раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ вазифадор аст, ки асноди нафақавии нафақагирро ба ҷои истиқоматаш (дар сурати фавт ба ҷои истиқомати оилааш) расман ирсол намояд.
14. Дар сурати ба дигар муассисаи ислоҳӣ гузаронидани нафақагири маҳкумшуда асноди нафақавии ў аз ҷониби раёсати (шуъбаи) Агентӣ ба раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳие, ки нафақагири маҳкумшуда гузаронида шуд, расман ирсол карда мешавад.    
15. Дар сурати фавти нафақагири маҳкумшуда маблағи нафақае, ки дар ҳисобномаи шахсии ў мавҷуд аст ва хароҷот нашудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворисонаш пардохт карда мешавад.

3. Тартиби таъминоти нафақаи маҳкумшудагоне, ки дар
давраи адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ ба нафақа
 ҳуқуқ пайдо менамоянд

16. Шаҳрвандоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд ва дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд, мувофиқи муқаррароти моддаи 103  Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти нафақа ҳуқуқ доранд.
17. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳангоми ба синну соли нафақавӣ расидани маҳкумшудае, ки адои ҷазо менамояд, ҳуҷҷатҳои зарурии (аз ҷумла аризаи маҳкумшударо барои таъини нафақа) ўро ҷамъ оварда, бо дархост барои таъини нафақа ба раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ пешниҳод менамояд.
Дархост ҷиҳати таъини нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рўи маъюбӣ ба маҳкумшудагони ноболиғе, ки дар давраи адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ ба ин намуди нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд (ё ҳуқуқ доштанд), аз номи маъмурияти муассиса ба раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии он пешниҳод карда мешавад. Асноди нафақавии ин гурўҳи шаҳрвандон аз ҷониби раёсати (шуъбаи) Агентӣ ба номи худашон ба расмият дароварда шуда, пардохти нафақаашон бо тартиби дар бандҳои 3-14 Дастурамали мазкур пешбинигардида амалӣ карда мешавад.
18. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ҳамчунин вазифадор аст, ки барои муқаррар намудани гурўҳи маъюбӣ ба маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазо бемор мешаванд ё бо дигар сабабҳо қобилияти меҳнатиашонро аз даст медиҳанд ё қисман ғайри қобили меҳнат мегарданд, якҷоя бо маркази саломатӣ ва сохтори дахлдори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ чораҷўӣ намояд.
Пас аз муқаррар гардидани гурўҳи маъюбӣ ҳуҷҷатҳои маҳкумшуда барои таъини нафақа аз ҷониби маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо тартиби дар банди 17 Дастурамали мазкур пешбинигардида ба раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳӣ пешниҳод карда мешаванд.


4. Назорат аз рўи дурустии пардохти нафақа ба
нафақагирони маҳкумшуда

19. Назорат аз рўи дурустии пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда, ба ғайр аз дигар мақомоте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санҷиши чунин масъалаҳо ваколат доранд, дар ду сол як маротиба аз ҷониби раёсатҳои дахлдори дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
20. Дар сурати ба миён омадани зарурат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ, аз ҷумла Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъминоти нафақаи маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ бе баинобатгирии мўҳлати дар банди 19 Дастурамали мазкур муқарраршуда аз ҷониби раёсатҳои дахлдори дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо огоҳкунии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода мешавад. 

 

Дополнительная информация