Фармоиши Директори Агенти аз 10.03.2015, №22

Бо Фармоиши Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
«10» марти соли 2015, №22
тасдиқ шудааст

                

ДАСТУРАМАЛ
дар бораи тартиби бақайдгирии шахсони хуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ  дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз рўи барномаи Системаи иттилоотии андоз «Равзанаи ягона»

1.    Муқаррароти умумӣ

1.    Дастурамали мазкур бо мақсади иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», ки 19 майи соли 2009, №508 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», ки 3 июли соли 2012, №860 қабул шудааст, таҳия карда шуда, тартиби бақайдгирии дохилии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони хуқуқӣ, бақайдгирии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро аз рўи барномаи «Равзанаи ягона»-и дар мақомоти давлатии суғуртаи  иҷтимоии давлатӣ (минбаъд-Агентӣ)  муқаррар менамояд.
2.    Пешбурди сиёсати ягонаро дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ менамояд.
3.    Бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи принсипи «Равзани ягона» амалӣ гардонида мешавад.

2.    Мафҳумҳои асосӣ

4.    Барои мақсадҳои дастурамали мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
       - Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд-Феҳристи ягонаи давлатӣ ё ФЯД) - маҳзани ягонаи давлатии иттилоотӣ дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;
      - рақами   ягонаи мушаххас (РЯМ-ЕНН) – рамзи ягонаи андозсупоранда     буда,     такрорнашаванда     мебошад       ва      ҳангоми
бақайдгирии давлатӣ дода шуда, барои мушаххасгардонии онҳо хизмат мекунад;
       - рақами мушаххаси суғуртавӣ (РМС-СИН) – рақами ягонаи суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда, ки аз ҷониби мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ дода мешавад.
     - рақами мушаххаси андозсупоринда (РМА-ИНН) – рақами мушаххаси андозсупоранда буда, ҳангоми бақайдгирии давлатӣ дода шуда, бо мақсади ба низом даровардани андозсупорандагон хизмат мекунад;
    - ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ (Иқтибос, Шаҳодатнома, Патент) – ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ додашуда, ки аз далели таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ оғозёбӣ ё қатъ намудани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, таъсисёбӣ ё намояндагии фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ шаҳодат медиҳад.

3.    Тартиби бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ,
соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахсони
ҳуқуқии хориҷӣ дар Агентӣ

5.   Бақайдгирии давлатӣ аз рўи маҳали ҷойгиршавии суроғаи шахси ҳуқуқӣ, маҳалли фаъолияти соҳибкори инфиродӣ, маҳалли ҷойгиршавии филиал ё намояндагии шахси ҳуқукии хориҷӣ амалӣ гардонида мешавад.
6.    Ҳуҷҷатхои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқукии хориҷӣ дар маҳалли ҷойгиршавӣ (суроға) аз ҷониби Кумитаи андоз бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом дода мешавад.
7.    Мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд –Кумитаи андоз) маълумотро тариқи барномаи «Равзанаи ягона» дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қайди андоз, омор ва суғуртаи иҷтимоии давлатиро медиҳад, бақайдгирии яквақтаро дар Агентӣ ва омор ба назар дорад.
8.    Ҳангоми бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ рақами ягонаи мушаххас (минбаъд -РЯМ), рақами мушаххаси андозсупоранда (минбаъд –РМА), рақами мушаххаси суғуртавӣ  ва  рамзҳои омори дода мешавад.
9.    Кумитаи андоз пас аз ворид намудани маълумотҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, маълумотро дар шакли электронӣ барои гузаронидани қайди дохилии баҳисобгирии инфиродӣ ба Агентӣ  мефиристад.
10.    Агентӣ аз рўи маълумоти гирифташуда дар муддати як рўзи корӣ қайди дохилии баҳисобгирии инфиродии шахсони ҳуқуқӣ, хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродиро анҷом дода, маълумотро дар шакли электронӣ ба Кумитаи андоз бозпас мефиристад, ки аз рўи маълумотҳои Феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирифташуда, ба онҳо рақами мушаххаси суғуртавӣ (минбаъд – РМС-СИН) ном ба номи субъектҳои хоҷагидор  медиҳад.


11.    Бақайдгириии дохилии баҳисобгирии инфиродии шахсони ҳуқуқӣ, хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродиро аз рўи маълумотҳои Феҳристи ягонаи давлатӣ  дар Агентӣ аз ҷониби Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ анҷом дода мешавад.
12.    Ҳангоми аз ҷониби шахси масъули Агентӣ оиди гузаронидани баҳисобгирии дохилии бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ,  филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (оиди додани РМС-СИН) ба хатогӣ роҳ диҳад, бо гузаронидани бақайдгирии такрори хатогӣ автоматӣ дар барномаи  «Равзанаи ягона» ислоҳ мегардад.
13.    Дар сурати пайдо шудани хатогӣ баъди додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқукии хориҷӣ оиди таъмини субъектҳои хоҷагидор бо рақамҳои мушаххаси  суғуртавӣ (РМС), Агентӣ  вазифадор аст, ки бо мактуб Кумитаи андозро огоҳ намояд ва мақомоти андоз бошад андозсупорандаро даъват намуда, барои ислоҳи хатогии ҷойдошта бо тарафҳо ба мувофиқа ояд.
14.    Кумитаи андоз ҳангоми додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ , филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (минбаъд – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ) бо қайди гузаштани баҳисобгирии андоз, омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, онҳоро дар бораи уҳдадории пешниҳод намудани ҳисоботи давлатии муқарраргардида ба мақомоти давлатии омор, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ бо роҳи қайд намудани ин уҳдадорӣ дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ хабардор мекунад.
15.    Шахсони хуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ уҳдадоранд, ки баъди гузаштани бақайдгирии давлатӣ ҳисобот ва маълумотҳои баҳисобгирии инфиродии шахсони суғурташударо ҳар семоҳа ба Агентӣ пешниҳод намоянд.
16.    Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (Иқтибос, Шаҳодатнома, Патент) барои кушодани суратҳисобҳо дар ташкилотҳои бонкӣ, инчунин барои тайёр намудани муҳр ва тамғаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, асос мебошад.
17.    Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ бо мақсади бақайдгирии давлатӣ дода шудани рақами ягонаи мушаххас (РЯМ), рақами мушаххаси суғуртавӣ (РМС) ва рамзҳои оморӣ манъ аст.
18.   Маълумот дар бораи маҳалли истиқомат ва маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари шахси ҳуқуқӣ ва муассиси шахси ҳуқуқӣ, инчунин маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳибкори инфиродӣ, ба истиснои маҳалли зисти ў махфӣ мебошад.

4.    Тартиби дастрас намудани маълумот
аз Феҳристи ягонаи давлатӣ

19.   Феҳристи ягонаи давлатӣ (минбаъд  - ФЯД) дорои маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташуда, азнавбақайдгирифташуда, барҳамдодашуда ва фаъолияткунанда ва дигар маълумотҳоро дар бар мегирад.
20.    Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ ба воситаи барномаи «Равзанаи ягона» дар Дастгоҳи марказии Агентӣ бо принсипҳои ягонаи ташкилӣ, якшаклӣ, эътиборнокӣ, ошкоро, методологӣ ва барномавию техникӣ, ки ҳамбастагии Феҳристи ягонаи давлатиро бо системаҳо ва шабакаҳои иттилоотии давлатӣ таъмин менамояд, анҷом дода мешавад.
21.    Агентӣ маълумотро аз ФЯД оиди шумораи субектҳои хоҷагидори бақайдгирифташуда, барҳамдодашуда ва фаъолияткунанда дастрас намуда, бо принсипи ягонаи ташкилӣ ва якшаклӣ баҳисобгириро дар худ анҷом медиҳад.
22.    Агентӣ маълумотро аз ФЯД оиди шумораи ном ба номи субектҳои хоҷагидор ба раёсату шуъбаҳо ва  марказҳои минтақавии бахисобгирии инфиродии Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳур (минбаъд – сохторҳои Агентӣ)  барои корбарӣ аз рўи принсипи ягонаи  ташкилӣ ва якшаклӣ дар шакли электронӣ ва хаттӣ равон менамояд.
23.    Ҳар моҳ аз ҷониби Агентӣ маълумот аз ФЯД оиди шумораи субектҳои хоҷагидорӣ бақайдгирифташуда, азнавбақайдгирифташуда, барҳамдодашуда ва фаъолияткунанда ба сохторҳои Агентӣ барои корбарӣ дар шакли электронӣ ва хаттӣ дастрас мегарданд.
24.    Сохторҳои Агентӣ хангоми дастрас намудани маълумот оиди шумораи субектҳои хоҷагидорӣ бақайдгирифташуда, азнавбақайдгирифташуда, барҳамдодашуда ва фаъолияткунандаро бо тартиби якшаклӣ ва ягонагӣ  чунин анҷом медиҳанд:
Дар папкаҳои алоҳида маълумот оид ба шахсони ҳуқуқӣ:
 - руйхати шахсони ҳуқуқии бақайдгирифташуда аз рўи Феҳристи ягонаи давлатӣ (минбаъд-ФЯД)  давраи 1.07.2009 то 1.04.2015 с ва солҳои минбаъда бо замми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии  соли 2015 ва солҳои минбаъда;
- руйхати шахсони ҳуқуқии барҳамдодашуда аз руи ФЯД давраи 1.07.2009 то 1.01.2015 с ва солҳои минбаъда бо замми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии барҳамдодашудаи  соли 2015 ва солҳои минбаъда;
Дар папкаҳои алоҳида маълумот оид ба соҳибкорони инфиродии дар асоси Шаҳодатнома фаъолияткунанда:
- руйхати соҳибкорони инфиродии бақайдгирифташуда, ки тибқи Шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз рўи ФЯД давраи 1.07.2009 то 1.04.2015 с. ва солҳои минбаъда бо замми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии барҳамдодашудаи  соли 2015 ва солҳои минбаъда;
- руйхати соҳибкорони инфиродии барҳамдодашуда, ки тибқи Шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз рўи ФЯД давраи 1.07.2009 то 1.01.2015 с. ва солҳои минбаъда бо замми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии барҳамдодашудаи  соли 2015 ва солҳои минбаъда;
Дар папкаҳои алоҳида маълумот оид ба соҳибкорони инфиродии дар асоси Патент фаъолияткунанда:
- руйхати соҳибкорони инфиродии бақайдгирифташуда, ки тибқи Патент фаъолият менамоянд аз рўи ФЯД   давраи 1.07.2009 то 1.04.2015 с. ва солҳои минбаъда;
- руйхати соҳибкорони инфиродии барҳамдодашуда, ки тибқи Патент фаъолият менамоянд аз рўи ФЯД  давраи 1.07.2009 то 1.01.2015 с. ва солҳои минбаъда бо замми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии барҳамдодашудаи  соли 2015 ва солҳои минбаъда;
Дар папкаҳои алоҳида маълумот оид ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки  дар асоси Шаҳодатнома фаъолияткунанда:
-руйхати хоҷагиҳои деҳқонии бақайдгирифташуда, ки тибқи Шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз рўи ФЯД давраи 1.07.2009 то 1.04.2015 с. ва солҳои минбаъда;
- руйхати хоҷагиҳои деҳқонии барҳамдодашуда, ки тибқи Шаҳодатнома фаъолият менамоянд аз рўи ФЯД  давраи 1.07.2009 то 1.01.2015 с. ва солҳои минбаъда бо замми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии барҳамдодашудаи  соли 2015 ва солҳои минбаъда;


25.    Ҳар моҳ аз ҷониби сохторҳои Агентӣ баъди дастрас намудани маълумот аз рўи ФЯД, маълумотҳо ба руйхати умумии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ҳисоботи ягонаи ҷамбастии Агентӣ  барои қабули ҳисобот ва корбарӣ, ворид карда мешавад.
26.    Қабули ҳисоботҳои баҳисобгирии инфиродии шахсони суғурташуда ва суғуртакунандагон дар сохторҳои Агентӣ аз рўи маълумотҳои ФЯД, бо принсипи якшаклӣ анҷом дода мешавад.
27.    Ҳисоботҳои ҷамбастии семоҳа аз ҷониби сохторҳои Агентӣ ба Дастгоҳи марказии Агентӣ пешниҳодшаванда бо принсипи якшаклӣ пешниҳод карда мешаванд. Шакли ҳисоботи ягонаи ҷамбастиро Агентӣ тасдиқ мекунад.
28.    Қабули ҳисоботҳои баҳисобгирии инфиродии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо нишон додани рақами ягонаи мушахас (РЯМ-рамзи андоз), рақами мушаххаси суғуртавӣ (РМС-СИН-рамзи Агентӣ) ва номи пурраи андозсупоранда ва андозсупорандагон ҳатмист.
29.    Дар сохторҳои Агентӣ, низоми бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, ва соҳибкорони инфиродиро корманди масъул (минбаъд -шахси масъул), ки аз ҷониби Агентӣ муайян карда мешавад,  амалӣ менамояд. Руйхати  шахсони масъул дар сохторҳои Агентӣ ном ба ном аз ҷониби Агентӣ тасдиқ карда мешавад.
30.    Ҷамъбасти ҳисоботҳои баҳисобгирии инфиродии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар сохторҳои Агентӣ аз ҷониби шахсони масъул аз рўи принсипи  якшаклӣ  дар муҳлатҳои муқарраргардида  анҷом дода мешавад. Ҷадвали супоридани ҳисоботҳои ҷамъбасти аз ҷониби Агентӣ  тасдиқ карда мешавад.
31.    Қабул ва ҷамъбасти ҳисоботҳои баҳисобгирии инфиродии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз сохторҳои Агентӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ тибқи  тартиби муқарраргардида аз ҷониби Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ ва шахсони масъули қабулкунандаи ҳисобот анҷом дода мешавад.
32.   Маълумот ва ҳисоботҳои  ҷамъбастии семоҳаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ  аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар шакли электронӣ ва шакли хаттӣ пешниҳод мегарданд.

5. Тартиби бақайдгирии шахси ҳуқуқие, ки бо рохи
азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст

33.    Азнавташкилдихии шахси ҳуқуқӣ дар шакли мутаҳидшавӣ, дар шакли ҷудо шудан, дар шакли ҳамрокунӣ ва тақсимшавӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»  амалӣ гардонида мешавад.
34.    Маълумот оиди азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳама шаклҳо ба  Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид карда шуда, ҳар моҳ аз ФЯД ба сохторҳои Агентӣ дар шакли электронӣ аз рўи принсипи якшаклӣ, дастрас карда мешаванд.

6. Тартиби бақайдгирии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ё намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ

35.   Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва  соҳибкорони инфиродӣ дар маҳали ҷойгиршавӣ (суроға) аз ҷониби Кумитаи андоз бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом дода мешавад.
36.    Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ  дар асоси қарори муассис (муассисон) ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё дар асоси қарори суд, ки тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, анҷом дода мешавад.
37.    Муассис (муассисон) ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқи ё суд, ки қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқиро қабул намудааст, уҳдадоранд, ки дар муддати се рўзи корӣ аз рузи қабули қарор, мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгириро дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ огоҳ намояд.    
38.    Кумитаи андоз дар асоси огоҳинома оид ба қабули қарор  дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба ФЯД маълумотро оиди дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доштани  шахси ҳуқуқӣ ворид менамояд.
39.    Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои анҷом додани расмиёти  барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар маҳали ҷойгиршавии (суроға) аз ҷониби Кумитаи андоз бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом дода мешавад.
40.    Дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ ҳамаи расмиёти муқаррарнамудаи қонунро оид ба барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ риоя намуда, иҷрои уҳдадории пешниҳоди ҳисоботҳоро ва пардохтҳои саҳмҳои суғуртавии иҷтимоиро ба мақомоти  Агентӣ бояд ба итмом расонанд.
41.    Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ё шахси ҳуқуқии фаъолияти худро қатънамуда пас аз иҷрои уҳдадории пешниҳоди ҳисобот ва пардохтҳои саҳмҳои суғуртавии иҷтимоӣ ба Агентӣ эътироф гардида, бо додани гувоҳнома оиди пешниҳоди ҳисобот ва надоштани қарздорӣ тасдиқ карда мешавад. Шакли гувоҳномаро  Агентӣ тасдиқ менамояд.
42.    Маълумот оиди барҳамдиҳии шахси ҳуқуқи ё шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро қатънамуда баъд аз ворид намудан ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ва бо додани хуҷҷати тасдиқкунандаи барҳамдиҳӣ (Иқтибос) аз ФЯД тасдиқ карда мешавад.
43.   Маълумот оиди барҳамдиҳии шахси ҳуқуқи ё шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро қатънамуда, ҳар моҳ аз ФЯД ба сохторҳои Агентӣ дар шакли электронӣ, дастрас карда мешаванд.


7. Тартиби бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ
ва қатъ гаштани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ

44.    Бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ  мувофиқи «Равзанаи ягона», аз рўи маълумотҳои ба Феҳристи ягонаи давлатӣ воридгардида,  сурат мегирад.
45.    Кумитаи андоз пас аз ворид намудани маълумотҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ, маълумотро дар шакли электронӣ барои гузаронидани қайди дохилии баҳисобгирии инфиродӣ ба Агентӣ  мефиристад.
46.     Агентӣ аз рўи маълумоти гирифташуда дар муддати як рўзи корӣ қайди дохилии баҳисобгирии инфиродии соҳибкори инфиродиро анҷом дода, маълумотро дар шакли электронӣ ба Кумитаи андоз бозпас мефиристад.
47.    Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (Иқтибос) барои кушодани суратҳисобҳо дар ташкилотҳои бонкӣ, инчунин барои тайёр намудани муҳр ва тамғаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ асос мебошад.
48.    Тартиби бақайдгирии давлатӣ оиди қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ  дар маҳали бақайдгирии давлатии ў дар муддати се рўз аз ҷониби Кумитаи андоз бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом дода мешавад.
49.    Бақайдгирии давлатӣ оиди қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ пас аз ворид намудани сабт дар бораи он ба Феҳристи ягонаи давлатӣ қувваи худро гум мекунад ва бо иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
50.    Маълумот оиди бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ ва бақайдгирии давлатӣ оиди қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродиро, ҳар моҳ аз ФЯД ба сохторҳои Агентӣ дар шакли электронӣ, дастрас карда мешаванд.
51.    Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ бо мақсади бақайдгирии давлатӣ дода шудани рақами ягонаи мушаххас (РЯМ), рақами мушаххаси суғуртавӣ (РМС) ва рамзҳои оморӣ манъ аст.

8. Назорат аз рўи татбиқи дурусти  бақайдгирии шахсони  
ҳуқуқӣ ва соҳибкорони  инфиродӣ тибқи муқаррароти
Дастурамали мазкур

52.    Назорати бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

 

Дополнительная информация