28.04.2025 || 08:38

КОРРУПСИЯ. МУБОРИЗА БО ИН ЗУҲУРОТ КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ Избранное

28-уми апрели соли 2025 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон ва иттилоотонии онҳо аз оқибатҳои зарраровари коррупсия бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ вохӯрии Фаромарз Раҳмонзода, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба амалҳои фасодкорона, пешгирии омилҳои марбут ба он ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ оид ба оқибатҳои манфии коррупсия ҳадафҳои асосии вохӯрӣ буданд.
Дар ибтидо Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ, иброз дошт, ки пайваста дар ҷаласаҳои назоратӣ масъалаҳои мубориза бар зидди зуҳуроти коррупсиониро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.


Сипас, Фаромарз Раҳмонзода оид ба роҳу василаҳои пешгирии коррупсия, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб, бетараф набудан ҳангоми бархӯрдан бо омилҳои коррупсионӣ сухан гуфта, аҳли нишастро даъват кард, ки дар самти бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд.
Чуноне таъкид гардид, коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвари мо мебошад. Дар баробари хатарҳои мавҷуда ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, коррупсия низ ҳамчун яке аз зуҳуроти хавфнок ва харобиовар барои ҷомеа маҳсуб мешавад.
Мавҷудият ва рушди омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа оқибат ба авҷи нобаробарии иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Аз замони соҳибистиқлолии кишвар масъалаи муқовимат ба коррупсия дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми январи соли 2021) таъкид карданд, ки барои пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд.

Хонда шуд 105 маротиб

Дополнительная информация