05.02.2020 || 17:51

НИШАСТИ МАТБУОТЇ

доир ба љамъбасти фаъолияти Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соли 2019

«Ба ѓайр аз журналист, њељ кас он чиро, ки ба њама дахл дорад, дарк карда наметавонад» Джозеф Пулитсер.

04 феврали соли 2020 вохўрии кормандони Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Нишасти матбуотиро директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Д.А. њусни ифтитоњ бахшида, ќайд намуданд, ки боварї дорам, вохўрии мо чун њамешагї дар фазои озоду якдигарфањмї сурат мегирад.

Сипас ба таври мушаххас, доир ба самтњои асосии фаъолияти Агентї дар соли 2019 ва вазифањо љињати рушди соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар соли 2020 аз љониби директор маълумот дода шуда, ќайд гардид, ки рушди соња асосан аз дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон замина мегиранд. Дар ин раванд, Агентї бо маќсади таъмини иљрои уњдадорї, вазифањо, инчунин сари ваќт ислоњ намудани камбудињо дар соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, њамзамон татбиќи самараноки њадафњои пешбининамудаи стратегияву барномањои давлатї ва амалї намудани ислоњоти соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, тадбирњои њамаљониба меандешад.

Суњбату саволу љавобњо ба таври озоду шаффоф гузаронида шуданд ва тамоми рўзноманигорон ба саволњои худ љавобњои мушаххасу муфассал гирифтанд.

Дар фарљоми суњбат директори Агентї, муњтарам Давлатзода Д.А. иброз доштанд, ки: “тавре худи Шумо огоњ њастед, бо мутахассисони мо дар шабакањои гуногуни телевизион ва радио пайваста мусоњибањо ва намоишњо доир мегарданд. Дар баробари ин, навоварињое, ки дар соња ба вуќўъ мепайванданд, дар сомонаи Агентї, ки бо суроѓаи www.nafaka.tj фаъол мебошад, љойгир карда мешаванд. Агентї њамаваќт омодааст, бо шањрвандон, њама табаќањои љомеа, хусусан намояндагони васоити ахбори омма суњбату машваратњо доир намояд”.

Хонда шуд 1978 маротиб

Дополнительная информация