20.03.2020 || 12:43

Тоҷикистон - Ватани Наврӯз аст!

“Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳуввияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад”. Эмомалӣ Раҳмон.

Рӯзи 20 марти соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапай бо шаҳомати хос таҷлил гардид.

Директори Агентӣ, муҳтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек тамоми кормандонро бахшида ба Иди бузурги миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуданд, ки “Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил намуда, гузаштагонамон онро ҳамчун оғози соли нав, ҷашни баҳор ва бедории табиат таъбир кардаанд. Тибқи андеша ва эътиқоди онҳо, Наврӯз рамзи пирӯзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, покизагию ободонӣ ва бунёдкорӣ мебошад. Мардуми мо Наврӯзро бо дилу дидаи пурмеҳр ва фараҳмандиву шукургузорӣ аз Истиқлолияти давлатии кишварамон ва Ваҳдати миллӣ истиқбол намуда, бо шодиву сурур ҷашн мегиранд. 

Боварии комил дорам, ки эҳёи табиат ва нури нави офтоб ба дилу дидаҳои мо гармиву рушноиро меафзояд, иродаи моро қавӣ мегардонад ва ҳавасмандиву дилгармии моро ба кору зиндагӣ дучанд месозад”.

Баъд аз табрикоту таманниёти неки директори Агентӣ, кормандони Агентӣ маҳфили шеъру адаб дар васфи Наврӯзи оламафрӯз ва озмунҳои гуногуни фарҳангиву ҳавасмандкунанда доир намуданд. 

Дар арафаи ин Иди бузурги миллӣ, кормандони фаъолу ташаббускор бо ифтихорномаву раҳматномаҳо ва ҷоизаҳои идона сарфароз гардонида шуданд.

12-1

12-2  12-3

Хонда шуд 2161 маротиб

Дополнительная информация