13.04.2020 || 17:08

Семинари навбатї оид ба масъалањои суѓуртаи нафаќавї љамъбаст гардид Избранное

10 апрели соли 2020, дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон семинари навбатї оид ба масъалањои суѓуртаи нафаќавї бо иштироки кормандони Раёсатњои Агентї дар шањри Душанбе, сохторњои тобеи он ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї љамъбаст гардид. 

Ба бештари иштирокчиёни фаъоли семинар аз љониби директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек «Маълумотнома» таќдим гардид. 

Давлатзода Д. дар баромади худ оид ба муњимияти донишњои аз љониби кормандон гирифташуда, ки барои таъмини гузаронидани ислоњот ва такмили заминаи меъёрии њуќуќї, пешгирии њолатњои коррупсионї ва таъмини сифати баланди хизматрасонии нафаќагирон ва дар маљмуъ кори самараноки Агентї иброз намуд. 

Мувофиќи Наќшаи баргузории семинарњо, ки бо фармоиши аз 5 марти соли 2020, №57 тасдиќ шудааст, дигар семинарњои омўзишии гузаронида мешаванд дар: 

- минтаќаи Бохтари вилояти Хатлон аз 14 то 18 апрели соли 2020;

- минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон аз 20 то 24 апрели соли 2020;

- ш. Хуљанди вилояти Суѓд аз 14 то 16 апрели соли 2020;

- ш. Истаравшани вилояти Суѓд аз 17 то 19 апрели соли 2020;

- ВМКБ аз 30 апрел то 7 майи соли 2020. 

Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон минбаъд низ чунин семинарњои омўзиширо мегузаронад.

15-1 15-2

15-3 15-4

Хонда шуд 1853 маротиб

Дополнительная информация