Ифтихору саодатмандии мардуми кишвар дар он эњсос мегардад, ки Асосгузори ин иќдоми неки миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бисту се сол муќаддам, яъне рўзи 27 июни соли 1997 туфайли талошу љонфидоињо, Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистонро ба расмият дароварданд ва дар таърихи навини давлату давлатдории тољикон сањифаи тозаеро кушоданд.
Омили асосии расидан ба сулњу салоњ ва ризоияти миллї пеш аз њама ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазири миллати мо вобаста аст.
Имрўз вазифаи њар яки мо-шањрванди Тољикистон дар баробари ифтихор аз ин сулње, ки дастоварди бузурги таърихист, њамчун сарвати муќаддаси миллї њифз кардани он мебошад.
Чунонки Асосгузори сулњу Вањдати миллї- Пешвои миллат,Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид кардаанд,«Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї аз љињати ањамияти бузурги худ бо эъломияи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар як радиф меистад. Агар эъломия ба љумњурии мо ба таври расмї истиќлолият ва соњибихтиёриро дода бошад, пас Созишнома дар ватани мо сулњу салоњро таъмин намуд.
Агар дар ватани мо ба шарофати Созишнома сулњу салоњ пайдо намегардид, хатари аз даст додани истиќлолият ба мо тањдид менамуд».
Баъди имзои Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї обрўи кишвари мо дар назди љомеаи љањонї баланд гардид. Дигар кишварњо ва ташкилотњои бонуфўзи љањон ба Тољикистон њамчун давлати демокративу ягона ва њуќуќбунёду дунявї назар карда, робитањои иќтисодї, сиёсї ва фарњангї барќарор менамоянд ва онро вусъат мебахшанд.
Њамаи ин моро водор месозад, фаромўш накунем, ки сулњу салоњ ва ризоияти миллї неъматњои бебањоянд ва њифзу пойдории онњо вазифаи њаётан муњим ва ќарзи муќаддаси њар як шањрванди ватандўсти Тољикистон мебошад.
Дар ин раванд, аз истиќлолияти давлатї ва сулњу вањдати миллї шукрона карда, онро эњтиёт ва њифз намоем ва барои таъмини пешрафту тараќќиёти ватани азизамон љидду љањд намоем.
Бори дигар њамаи Шумо њамкорони муњтарам ва њамватонони азизро бо ин љашни фархунда, табрику муборакбод намуда, бароятон саломатї, рўзгори обод ва барори кор, дар хонадонатон сулњу оромиро орзумандам.
Иди Вањдат муборак дўстон!
Сухани табрикотии Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ба муносибати рўзи Вањдати миллї
Њамкорони гиромї ва њамватанони муњтарам!
Њамаи Шумо ва дар симои Шумо њар як фарди Тољикистони азизро ба муносибати иди Вањдати миллї, ки барои њамаи мо њамчун рамзи пойдории давлату миллати тољикон азизу муќаддас аст, самимона табрик мегўям.