17.10.2020 || 13:13

Ҷамъбасти фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020

Санаи 14 октябри соли 2020 љаласаи Мушовараи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон доир гардид.

Рўзномаи маљлис аз се масъала, “Натиљаи фаъолияти Агентї дар нуњ моњи соли 2020 ва вазифањо барои рушди соња”, “Баррасї ва љамъбасти натиљањои иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 августи соли 2020, №469 «Дар бораи тадбирњои амалї намудани фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 4 августи соли 2020, №1580 «Дар бораи тадбирњои таќвият бахшидани сатњи њифзи иљтимоии ањолї ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатї, кормандони ташкилоту муассисањои буљетї, андозаи нафаќа ва стипендия» ва “Таносуб ва воќеияти харољоти маблаѓњои суѓуртаи иљтимої дар корхонаву муассисањо барои пардохти кўмакпулињои иљтимої” иборат буд.

Дар маљлиси Мушовара намояндагони Вазорати мењнат муњољират ва њифзи иљтимоии ањолї, Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон «Амонатбонк» ва сардорони раёсатњои вилоятї, шањри Душанбе ва Марказњои минтаќавии бавњисобгирии инфиродї иштирок намуданд.

Вобаста ба хусусияти љамъбастию њисоботї доштани љаласа, ќайд гардид, ки мувофиќи натиљањои љамъбасти пешакї, дар нуњ моњи соли 2020 ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої 1991,6 млн.сомонї ворид гардид, ки нисбати наќшаи пешбинишуда, ки 2138,6 млн.сомониро ташкил медод, 147,0 млн.сомонї кам мебошад.

Қисми харољотии буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давраи ҳисоботӣ ба 2116,6 млн.сомонї расида, бо маќсади риояи ќатъии низоми таъмини моњ ба моњи нафаќа ва кўмакпулињои иљтимої, 586,5 млн.сомонї аз њисоби маблаѓњои мутамаркази Агентї ба вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї људо карда шудааст.

Љиҳати татбиқи чорабиниҳои сиёсати шуғл, аз ҷумла пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, пардохти идрорпулии шаҳрвандони бекоре, ки тавассути роххатҳои мақомоти мазкур ба тайёрии касбӣ сафарбар карда шуданд, барои тайёрии касбӣ, бозомузӣ ва такмили ихтисоси бекорон ва ташкили корҳои ҷамъиятии музднок барои бекорон маќомоти ваколатдори соњаи шуғли аҳолї 8,1 млн.сомонӣ гузаронида шудааст.

Ба Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон «Амонатбонк» барои хизматрасонї ба нафаќагирон 7,9 млн.сомонї дода шудааст.

Дар мавриди бозњисобии асноди нафаќавии нафаќагирон, директори Агентї Давлатзода Д.А. аз якуми сентябри соли љорї зиёд гардидани нафаќа ва индексатсияи нафаќањои суѓуртавиро, ки дар асоси дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон роњандозї гардидааст, кўмак ва ѓамхории навбатии Пешвои муаззами миллат нисбат ба маъюбон ва табаќањои ниёзманди ањолї арзёбї намуда, ќайд намуданд, ки супориши мазкур барномаи асосии фаъолият ва яке аз дастовардњои соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа ба њисоб меравад.

Њамзамон ќайд гардид, ки бо маќсади иљрои сариваќтии фармони Президенти Љумњурии Тољикистон доир ба зиёд намудани андозаи нафаќа ва ќарори дахлдори Њукумати Љумњурии Тољикистон фармоиши директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз 8 сентябри соли 2020, №26 ва дар ин замина, Дастурамали дахлдор љињати дар амал татбиќ намудан бо мисолњои намунавї барои њолатњои алоњидаи дахлдор тасдиќ карда шуд. Њамзамон, бо маќсади тавзењ ва дуруст ба роњ мондани марњилаи бозњисобии нафаќањо, семинар машварат бо иштироки кормандони воњидњои сохтории Агентї дар вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї гузаронида шуд.

Бозњисобии асноди нафаќавї бо маќсади зиёдшавии нафаќањо ва индексатсияи ќисми суѓуртавии нафаќањои суѓуртавї дар сатњи љумњурї пурра ва сари ваќт анљом дода шуда, шумораи нафаќагироне, ки ба зиёдшавї ва индексатсия фаро гирифта шуданд, 513047 нафарро ташкил дод.

Дар самти назорати харољоти маблаѓњои суѓуртаи давлатии иљтимої, ки дар корхонаву муассисањо барои пардохти кўмакпулињои иљтимої истифода мегарданд, љињати вусъат бахшидан ба назорати харољоти маќсадноки кўмакпулињо ба воњидњои сохтории Агентї супоришњои мушаххас дода шуд.

Дар интињои љаласа раиси Мушовара, директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Дилмурод Давлатзода љињати иљрои вазифа ва уњдадорињо, аз љумла дар самти истифодаи самаранок ва маќсадноку суроѓавии маблаѓњои буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, таъмини пурраи иљроиши ќисми даромади буљети суѓуртаи иљтимої, нафаќаи андўхтї, таъмини нафаќаи касбї, маблаѓгузории сариваќтї ва риояи низоми маблаѓѓузории моњ ба моњи нафаќа, сари ваќт ва дар муњлатњои муќарраргардида баррасии мурољиатњои шањрвандон ба кормандон супоришњо дода, аз рўи масъалањои баррасишуда ќарорњои дахлдори Мушовар ќабул карда шуд.

 23-1

Агентии суѓуртаи иљтимої ва
нафаќаи назди Њукумати
Љумњурии Тољикистон

Хонда шуд 1576 маротиб

Дополнительная информация