26.10.2020 || 15:11

Мачлиси Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Хайрия»

Рўзи 23 октябри соли 2020 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љаласаи Ташкилоти ибтидоии Њизби Халќии Демократии Тољикистон «Хайрия», ки дар Агентї амал мекунад, доир гардид.

Дар маљлис раиси Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансур Гулмањмадзода З.А. ва њайати Ташкилоти ибтидоии «Хайрия» - кормандони Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољкистон иштирок намуданд.

Раиси Ташкилоти ибтидоии «Хайрия», директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек љаласаро бо суханони табрикотї вобаста ба муваффаќона ва дар сатњи баланд доир гардидани чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба давраи нави президентї интихоб гардидани раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки тамоми мардуми кишвар ва љањониён ўро ба њайси Асосгузори сулњу вањдати миллї ва Пешвои миллати тољик эътироф кардаву эњтиром менамоянд, табрику муборакбод намуданд.

Дар рафти маљлис раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Шоњмансур Гулмањмадзода З.А. аз сањмгузорињои аъзои њизб дар рушди соњањои гуногуни кишвар, фазои орому осудаи ватани азиз ва муттањидсозии миллат, љонфидоињои раиси њизб барои ободию созандагии кишвар ёдовар гардидаанд. 

Раиси Ташкилоти ибтидоии «Хайрия» Давлатзода Д.А. ќайд намуданд, ки хушбахтона, кишваре, ки дар он ваҳдати халқ ҳаст, ниятҳо поку беолоишанд, ҷое, ки халқ ба сарвараш меҳр ва боварӣ дораду сиёсаташро пуштибонӣ мекунад, давлат осудаву мардумаш хушњоланд. Дар ин раванд, мо њизбиёнро зарур аст, ки атрофи қаҳрамони аслии миллат ба ҳам оему Ватанеро, ки бо хишти ҷон бунёд кардаанд, ҳифз намоем. Барномањои њизбиро, ки барномаи пешазинтихоботии роњбари њизб, Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон буда, саропо ба пешрафту тараќќиёти кишвари азизамон равона мебошад, ба роњбарї гирифта, бањри амалисозии он сањми худро гузорем. 

Дар доираи рўзномаи маљлис, њайати Раёсати Ташкилоти ибтидодии «Хайрия», бо тариќи овоздињї иборат аз панљ нафар интихоб гардида, аз байни онњо як нафар љавон ба њайси роњбари намояндагї дар Ташкилоти љамъиятии “Љавонон созандагони Ватан” интихоб гардид. Дар баробари ин, ба шаш нафар кормандоне, ки нав ба кор ќабул гардида, барои узвият дар Њизби Халќии Демократии Тољикистон ариза пешнињод намуданд, дафтарчањои узвият ва нишонањои њизбї таќдим карда шуд.

24-1 24-2

Хонда шуд 1425 маротиб

Дополнительная информация