Маросими пуршукуњи савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳодатномаи Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон, бо оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ба толор ворид намудани Парчами давлатї ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, њамзамон дасти ростро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта савганд ёд кардани Президенти Љумњурии Тољикистон ба кормандон ва тамоми мардуми кишвар, ки эътиќоду эњтироми беандоза нисбат ба Пешвои худ доранд, њиссиёти ватандустиву эътимодро ба ояндаи дурахшони кишвари азиз дањчанд зиёд намуд.
Кормандон баъди анҷоми суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳилаи нави ба роҳбарии давлат расман ворид шудани Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат Президенти Љумњурии Тољикистон муњарам Эмомалї Рањмонро ба якдигар муборакбод намуда, тасмим гирифтанд, ки њамроњи Пешвои миллат дар њифзи Ватан, ободї ва рушду тараќќиёти кишвари азиз содиќонаву устувор сањмгузор хоњанд буд.