05.11.2020 || 19:00

Маҷлиси тантанавӣ оид ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рўзи 5 ноябри соли 2019 ба муносибати 26-умин солгарди Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар толори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон маљлиси тантанавї доир гардид.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.

Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт.

Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

Дар пайваст бо ин љашни таърихї, директори Агентї Давлатзода Дилмурод кормандон ва дар шахсияти онњо тамоми њамватононро табрику тањният гуфта, ба онњо тани сињат, рўзгори пурфайз ва сулњу оромиро таманно намуданд.

Сипас, аз љониби кормандони Агенти оид ба арзиши Конститутсия, сохтор ва низоми ќабули он, инчунин наќши Конститутсия дар пешрафту тараќќиёти кишвар рунамо (презентатсия) доир гардид.

27-1

27-2   27-3

Хонда шуд 1495 маротиб

Дополнительная информация