16.11.2020 || 17:52

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тантанавӣ ҷашн гирифтанд

Имрўз, 16 ноябри соли равон дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентї бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон муҳтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек чорабинии мазкурро оѓоз намуда, кулли кормандон ва ҳозиринро ба љашни Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки санаи 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадаф аз рӯзи ид қабул гардидани санаи 16 ноябр низ дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави сиёсӣ, яъне тибқи Конститутсия сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Сарвари давлат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарории сохти конститутсионӣ, ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар маҷмуъ барои рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихию фарҳангии Тоҷикистон хизматҳои бузург анҷом доданд. 

Чунин иқдомҳои ватандӯстона боис гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шуда, соли 2015 расман Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат унвон гирифт.

Дар омодагї ва баргузории чорабинии мазкур кормандони Агентї, аз љумла аъзои Иттињодияи љамъиятии чавонони Агентї сањми арзандаи худро гузоштанд.

28-1 28-2

28-3 28-4

28-5 28-6

Хонда шуд 1159 маротиб

Дополнительная информация