18.01.2021 || 15:44

ДАСТОВАРДҲОИ АГЕНТӢ ДАР СОЛИ 2020

Рўзи 12 январи соли 2021 маљлиси Мушовараи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба љамъбасти фаъолияти Агентї дар соли 2020 ва вазифањо барои соли 2021 баргузор гардид.

Дар маљлис муовини сардори Раёсати рушди иљтимоии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Гулмањмадзода Зафар, муовини Вазири молияи Љумњурии Тољикистон Гулмуродзода К.Г., муовини Раиси Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон «Амонатбонк» Ризвонзода Ф.З., инчунин сардорони раёсатњои Вазорати мењнат муњољират ва шуѓли ањолї ва Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон иштирок намуданд.

Аъзои Мушовара дар њузури даъватшудагон фаъолияти Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар соли 2020 мавриди баррасї ќарор дода, аз љумла ќайд намуданд, ки дар давраи њисоботї, дар заминаи дастуру њидоятњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардид.

Ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої 2 млрд. 891,1 млн.сомонї ворид гардид, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 71,7 млн.сомонї ё 2,5 фоиз зиёд мебошад. Ќисми харољотии буљет бошад, 2 млрд. 935,0 млн.сомониро ташкил намуд, ки дар ќиёс ба њамин давраи соли гузашта 43,9 млн.сомонї ё 1,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра тамоми чорабинињои пешбининамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, аз љумла, пардохти нафаќаи 729385 нафар нафаќагирон ба андозаи 2862,0 млн.сомонї, харољоти кўмакпулињо ба 222172 нафар ба андозаи 188,5 млн.сомонї, татбиќи чорабинињои сиёсати шуѓл 14,6 млн.сомонї, инчунин љуброни харољоти БДА “Амонатбонк” барои хизматрасонї ба нафаќагирон ба андозаи 18,0 млн.сомонї сари ваќт ва бо пуррагї маблаѓгузорї карда шуданд.

Бо маќсади риояи ќатъии низоми таъмини моњ ба моњи нафаќа, бинобар таъмин нагардидани ќисми даромади буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, аз њисоби маблаѓњои мутамаркази Агентї ба вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї 709,0 млн.сомонї равона карда шуд.

Дар муддати сол низоми пардохти моњ ба моњи нафаќа ба таври ќатъї риоя гардида, ба ҳолатҳои қафомонии маблағгузории пардохти нафақаҳо роњ дода нашуд.

Бо дарназардошти вазъи душвори молиявї ва бо маќсади дастгирии Буљети давлатї, њама намудњои нафаќањои иљтимої, нафаќањо барои хизматњои махсус дар назди Љумњурии Тољикистон ва пардохтњо барои мукофотњои давлатї, ки талаботи он дар маљмўъ 380,0 млн.сомониро ташкил медод, пурра аз њисоби маблаѓњои Агентї маблаѓгузорї гардид.

Ќайд гардид, ки яке аз дастоварди бењтарини соли 2020, ин ба тасвиб расидани фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 4 августи соли 2020, №1580 «Дар бораи тадбирњои таќвият бахшидани сатњи њифзи иљтимоии ањолї ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатї, кормандони ташкилоту муассисањои буљетї, андозаи нафаќа ва стипендия» мебошад. Бо фармони мазкур нафаќаи маъюбони то синни 18 сола, инчунин дигар гуруњњои маъюбоне, ки кор намекунанд ва ба нигоњубин эњтиёљ доранд, 50% зиёд карда шуда, андозаи онњо аз 180 сомонї то ба 310,5 сомонї расонида шуд.

Маблаѓњои андўхти нафаќавии шањрвандон то 1 январи соли 2021 ба 250281 нафар дар њаљми 66,9 млн.сомонї пардохт карда шуд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 1,9 млн.сомонї ё 1,3 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади таќвияти ислоҳоти соҳа ва гузаштан ба низоми нави таъйин ва пардохти нафақа ва кўмакпулиҳои иҷтимоӣ, низомномаҳои воҳидҳои сохтории Агентї такмил дода шуда, тақсимоти вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти онҳо мушаххас гардонида шуданд. Раванди гузариш аз гардиши коғазӣ ба низоми электронӣ дар шаҳри Душанбе бо роҳи истифодаи шабакаи дохилиидоравӣ пурра ба роњ монда шудааст.

Дар мақомоти маҳаллии Агентӣ, дар асоси принсипи «Равзанаи ягона» марказҳои хизматрасонӣ барои нафақахӯрон таъсис дода шуда, тибқи тартиби нав, аризаи барои таъйини нафақа дар ноњияњо пешнињодшуда ба таври электронї ба Марказҳои минтаќавии баҳисогирии инфиродӣ, ки барои таъйни нафаќа бо барномаи компютерї вобаста шудаанд, ирсол карда мешавад.

Бо маќсади бартараф намудани омилњои пардохти нафаќа ба нафаќагирони фавтида, инчунин барои пешгирї намудани њолатњои истифодаи маблаѓњои нафаќа аз љониби дигар шахсон, бо Вазорати адлияи ЉТ ва БДА «Амонатбонк» дастурамали муштарак тањия гардид, ки дар асоси он, рўйхати нафаќагирони фавтида дар як моњ ду маротиба аз љониби Бахшњои сабти асноди њолати шањрвандї ба сохторњои Агентї пешнињод мегарданд. Дар натиљаи њамкорињо дар муддати сол маблаѓи нафаќагироне, ки фавтидаанд ва ё ба дигар кишварњо кўчидаанд, ба андозаи 25,3 млн.сомонї сари ваќт ба суратњисоби Агентї бозпас гардонида шуд.

Барои сањмгузорї дар ободу зебо гардонидани кишвари мањбубамон ва дар сатњи баланду хотирмон таљлил намудани 30-солагии Истиќлолияти давлатї, сохта ва ба истифода додани биноњои маъмурии раёсатњои Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон биноњои наву замонавї дар ноњияњои Њамадонї, Хуросон, Темурмалик ва Левакант сохта ба истифода дода шуда, то таљлили ин иди бузурги миллї биноњои маъмурии раёсатњои Агентї дар ноњияи Данѓара ва шањри Исфара мавриди истифода ќарор дода мешаванд.

31-1

Хонда шуд 1040 маротиб

Дополнительная информация